Тахти Сангин, таърихи омўзиш ва алоқамандии Хазинаи Амударё ба он

Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар долони Амударё ҷой гирифтааст.  Таҳқиқоти бостоншиносону олимон нишон доданд, ки ин ёдгори асосан марбут ба замони элинизм буда, аз охири асрҳои IV то мелод то асрҳои IV мелодӣ арзи ҳастӣ намудааст. Мавқеи асосиро дар ин ёдгорӣ маъбади Окс ишғол намудааст. Ин маъбад ба хотири Худои Охшо (Худои об) сохта шуда буд. Масоҳати умумии ёдгорӣ зиёда аз 75 га буда, аз ду қисмати асосӣ: арк ва шаҳристон иборат мебошад.

Тахти Сангин диққати атиқадўстдорон ва олимону бостоншиносони ҷаҳониро ҳанўз дар охири асри XIX ба худ ҷалб намуда буд. Яке аз омилҳои асосиии таваҷҷуҳи олимону бостоншиносони ҷаҳонӣ ба Тахти Сангин ва мавриди омўзиш қарор додани он, ин бозёфти Хазинаи Амударё буд.

Хазинаи Амударё маҷмуи ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагине мебошанд, ки аз санъати заргарии мардуми Бохтар дар асрҳои IV- II то мелод дарак медиҳад ва дар онҳо фарҳанги аҷдодони тоҷик инъикос ёфтааст. Ин хазинаро соли 1877 тоҷирони бухороӣ аз сокинони Қубодиён харидорӣ намуда, барои фурўш ба Ҳиндустон мебаранд. Дар ин ҷо Канингем бо ашёҳои хазина дучор омада, онҳоро харидорӣ ва ҷамъоварӣ менамояд. Сипас, ашёҳои ҷамънамудаашро ба Осорхонаи Британияи Кабир эҳдо менамояд ва айни ҳол зиёда аз 170 адад ашёҳои тиллоии Хазинаи Амударё дар ин осорхона нигаҳдорӣ мешаванд.

Аввалин мақоларо низ, дар бораи Хазинаи Амударё маҳз Канингем дар соли 1879 менависад.

Дар мақолаи худ Канингем аз забони тоҷири бухороӣ Ваизуддин менависад, ки онҳо хазинаро аз вайронаҳои қалъаи қадима, ки дар мавзеи якҷошавии дарёҳои Панҷу Вахш ҷойгир аст ва бо номи Кандиан ёд мешавад, дарёфт намудаанд. Аз Кобул то ин ҷо дурўза роҳ аст. Баъди ин олимону бостоншиносон дар ҷустуҷўи вайронаҳои ин қалъаи қадима мешаванд. Дар натиҷа, баъзе олимон ба хулосае меоянд, ки хазина аз Тахти Қубод дарёфт гардидааст. Аммо ёдгории Тахти Қубод аз мавзеи якҷошавии дарёҳои Панҷу Вахш ва Тахти Сангин тахминан 5-6 км поинтар воқеъ гардидааст. Аз ин рў қисмати дигари бостоншиносон ба хулоса омаданд, ки хазина аз Тахти Сангин ёфт шудааст. Баъд аз он ки маъбади Окс дар Тахти Сангин кашф гардид, олимон ба хулосае омаданд, ки Хазинаи Амударё аз ҳамин маъбад пайдо шудааст ва ашёҳои таркиби хазинаро мардум дар қадим ҳамчун туҳфа ба худои дарёи Аму (Окс) овардаанд. Аз ин хотир, номи онро Хазинаи Амударё гузоштаанд.

Бояд гуфт, ки маҳз дар натиҷаи омўзишҳои бостоншиносӣ ёдгории Тахти Сангин номгузорӣ мешавад, ки номи он рамзӣ аст. Ин ном дар айравӣ бо ёдгории Тахти Қубод ва Тахти Ҷамшед гузошта шудааст. Ҳангоми ковишҳо бостоншиносон деворҳои санги ва зерсутуну сарсутунҳои аз санг бо як маҳорати хоса коркардшуда дарёфт мекунанд ва ба ҳамин хотир ба ёдгорӣ номи «сангин»-ро низ, илова мекунанд. Вале то ин дам ёдгорӣ якчанд маротиба номи худро иваз намудааст. Масалан, дар харитае, ки соли 1885 барои нишон додани ҷойи Хазинаи Амударё тартиб дода шуда буд, ин ёдгорӣ бо номи Утерқалъа зикр мешавад. Лагафет онро Мела ном мебарад, ки яке аз гузаргоҳҳои асосии Амударё барои тоҷирон ба ҳисоб мерафт.

Дар соли 1950 ҳангоме, ки профессор Дяконов ин ёдгориро аз назар мегузаронад, онро “Шаҳри сангин” ном мениҳод. Ҳамзамон қайд мекунад, ки он тарҳи росткунҷа дорад ва шояд ҳамон қалъае аст, ки қаблан Утер қалъа ва Мела ҳисобида мешуд. Ў менависад, ки шояд Тахти Қубод ба хотири муҳофизати ҳамин гузаргоҳ бино шуда буд ва дар қадим ин ёдгориҳо як комплекси ягонаро ташкил мекарданд.

Билохира, аз солҳои 1979-1980 ёдгори номи Тахти Сангинро ба худ касб мекунад.

Баъзе ақидаҳо вуҷуд доранд, ки гўё Тахти Сангинро Искандари Мақдунӣ бино намудааст ва онро Александрия дар Окс ном ниҳодааст. Чунин назария пешниҳод кардани онҳо низ бесабаб нест. Зеро Клавдиус Птолемей, таърихнависи асри II то мелод, аз бунёди шаҳрҳои Александрияи Эсхата ва Александрия дар Окс аз ҷониби Искандари Мақдунӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ёдоварӣ намудааст.

Дар “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ ишораҳое ба сохтани шаҳрҳо дар Бохтар аз ҷониби Искандари Мақдунӣ ҳастанд. Масалан, ў чунин менигорад: “Искандар бар мамолики Доро чира шуд ва қасди Ҳинду Чин намуд ва бо умматҳои зери даст ба ҷанг пардохт. Ва бар ҳар ноҳия, ки мегузашт, ғолиб мешуд, то ин ки ба Хуросон баргашт ва он ҷоро ҳам фатҳ кард. Ва шаҳрҳое дар Хуросон бино карда, ба сўи Ироқ муроҷиат намуд ва дар Шаҳразўр ранҷур шуд ва ҳамон ҷо бимурд».

Аммо дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ маълум гардид, ки маъбади Тахти Сангин қабл аз омадани Искандари Мақдунӣ обод будааст. Ҳамзамон дар соҳили чапи Амударё шаҳри дигари элинӣ бо номи Ой-Хонум, ки ҳамсони Тахти Сангин аст, кашф гардидааст.

Кампирқалъа дар ҷануби Узбекистон низ ба ин ду ёдгорӣ шабоҳати зиёд дорад. Аз ин хотир, то ҳол ба таври дақиқ муайян нагардидааст, ки Александрия дар Окс кадом шаҳр мебошад.

Гарчанде таваҷҷуҳи олимон аз асри ҶIҶ ба ин мавзеъ равона шуда бошад ҳам, вале ковишҳои касбии бостоншиносӣ дар Тахти Сангин аз соли 1976 бо сарварии донишманд Литвинский ва Пичикян оғоз гардидаанд. То ин дам дар Тахти Сангин олимони дигар низ якчанд озмоиш гузаронидаанд. Аз ҷумла, Маев, Лагафет, Денике, Дяконов, Манделштам ва дигарон дар бораи Тахти Сангин ва мавқеи он баъзе маълумотҳоро додаанд.

Масалан, Манделштам дар соли 1956 як шурф дар ёдгории Тахти Сангин на чандон дуртар аз деворҳои маъбади Окс мезанад ва ин шурфро то чуқурии 2,5 м давом медиҳад. Дар ин умқ ў фақат осори  кўшониро пайдо мекунад. Ҳангоме ки Литвинский дар соли 1983 дар ин ҷо шурф мезанад, маълум мекунад, ки агар Манделштам, каме онтарафтар шурфашро идома медод, ҳатман деворҳои маъбадро пайдо мекард ва то материк ҳафриётро идома медод. Кашфи маъбад бошад, баъди ковишҳои мунтазам ба Литвинский муяссар мешавад.

Дар натиҷаи ҳамин ковишҳои бостоншиносӣ шумораи зиёди бозёфтҳо ба даст омаданд, ки онҳо дар худ фарҳанги аҷдодони тоҷикро дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар ва Кўшониён инъикос намудаанд. Бозёфтҳо аз рушди ҳунарҳои  мухталиф, аз қабили сангтарошӣ, заргарӣ, коркарди устухони фил, кулолгарӣ, оҳангарӣ ва ғайра дар Тахти Сангин шаҳодат медиҳанд. Айни ҳол бозёфтҳои Тахти Сангин дар Осорхонаи милии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии АМИТ ва дигар осорхонаҳои вилояти Хатлон нигаҳдорӣ мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намои қадимаи маъбади Окс сохта шудааст ва нусхаҳои ашёҳои таркиби Хазинаи Амударё дар он нишон дода шудааст.

Савриддин Саидзода,

сармутахассиси шуъбаи

таърихи бостон ва асрҳои

миёнаи Осорхонаи миллӣ

 

Тахти Қубод, Тахти Сангин – ёдгории беназири таърих ва фарҳанги тоҷикон «Тахти Қубод» дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ бо номи «Тахти Сангин» низ ёд мешавад. Сабаби чунин ном гирифтани ин ёдгорӣ дар он аст, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино ёфтаанд. Бинобар ин, бостоншиносон шартан ва ҳам дар пайравӣ ба Тахти Ҷамшеди Эрон (Қасри Персополис) онро «Тахти сангин» номгузорӣ намудаанд.

Аз сарчашмаҳо маълум мегардад, ки Қубодиён ҳамчун шаҳри пеш аз Ҳахоманишиё ва Искандари Мақдунӣ низ арзи вуҷуд доштааст.

Дар китоби “Таърихи Табарӣ” чунин омадааст: “Дар ҳудуди Хутал (Хатлон) шоҳ Қубод шаҳре бунёд кард, ки он Қубодобод ном дошт ”.
«Тахти Қубод» яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги халқи куҳанбунёди тоҷик буда, мутааллиқ ба асрҳои IV пеш аз мелод ва асри II-и мелодӣ мебошад.

Кофтуковҳои бостоншиносӣ дар «Тахти Қубод» ҳанўз солҳои 60-уми қарни гузашта оғоз гардида буд. Солҳои 80 ва 90-уми асри гузашта бошад, гурўҳи экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти сарварии академик Б. А. Литвинский ва олими бостоншинос И. Р Пичикян дар алоҳидагӣ дар ин мавзеъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузарониданд.

Бостоншиносон танҳо дар ноҳияи Қубодиёни имрўза панҷ шаҳри замони Ҳахоманишиёро пайдо карданд, ки онҳо дорои тамаддуни баланд буданд. Ганҷинаи бузурге, ки аз ин мавзеи таърихӣ ёфта шудааст, “Хазинаи Амударё” мебошад.

Дар Энсиклопедияи советии тоҷик (саҳифаи 624) чунин омадааст: “Хазинаи Амударё” иборат аз 1300 сикка, 176 ашёи тиллою нуқра соли 1877 аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дар ҷойи резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба дарёи Ому, наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст”.

Кашшофони “Хазинаи Амударё” тамоми ашёи хазинаро ба тоҷирони бухороӣ Возиуддин Ғуломмуҳаммад ва Шукуралӣ фурўхтаанд. Ҳангоми ба Ҳиндустон бурдани хазина дар роҳ тоҷиронро раҳзанон ғорат карданд. Як қисми ашёи “Хазинаи Амударё” бо туфайли шуҷоати англис наҷот дода шуд. Қисми дигари онро англисе аз бозори шаҳри Равалпиндӣ (Покистон) харидорӣ намудаанд.

Баъдтар тамоми “Хазинаи Амударё” ба осорхонаи Британия (яке аз осорхонаҳои бузургтарини ҷаҳон) супорида шуд, ки то ҳол дар он ҷо маҳфуз мебошанд.

Бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” бештар аз тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, сангҳои қиматбаҳо, пайконҳои оҳанӣ, ханҷару шамшерҳои оҳанӣ ва ғилофҳои аз устухони фил сохташуда иборатанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар он давра санъати оҳангарӣ, махсусан заргарӣ ба дараҷаи баланд рушд ёфта будааст.
Дар байни бозёфтҳо фойтуни заррине пайдо шуд, ки дар он чор асп баста шудаанд. Дар болои фойтун як нафар бо кўлоҳи миллӣ дар курсӣ нишаста, дигаре рост истода аспҳоро меронад.
Инчунин, дар миёни бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” даҳҳо ҳайкалҳои биринҷӣ, тиллоӣ ва нуқрагии одам, бузи кўҳӣ ва дастпонаҳо мавҷуданд. Махсусан, бозубанди тилло дар акси ду симурғи шохдор диққатҷалбкунанда аст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Қубодиён аз ёдгории «Тахти Сангин» дидан намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар ояндаи наздик ин ёдгории нодири таърихӣ таъмиру тармим ва аз нав барқарор карда мешавад.

Эҳё шудани ёдгории «Тахти Сангин» ё «Тахти Қубод» боиси ташрифи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад. Воқеан ҳам, ёдгории «Тахти Сангин» ва “Хазинаи Амударё” ганҷинаи беназиру куҳанбунёди халқи тоҷик буда, омўзишу донистани таърихи он дар самти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.

Таҳияи Нуъмон Раҷабзода

Тахти Сангин

Тахти Сангин (форсӣ: تختِ سنگین‎) — бозмондаи шаҳре дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгўи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.

Маскани Тахти сангин ба асрҳои IV то мелод — III мелодӣ мансуб аст.

Маскани Тахти сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин (1300 номгўй) маълум аст, ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар ноҳияи Қабодиён (собиқ Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сўи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё» -ро фурўхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли Осорхонаи миллии Британиё, ки дар ш. Лондон воқеъ аст, гардидаанд. Номи «Хазинаи Амударё» -ро ба бозёфтҳои маскани Тахти сангин муҳаққиқи инглис О. М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ў, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни он инчунин молҳои дигар низ бошанд. Бо вуҷуди ҳамин, аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин аст. Коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ таалуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И. Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои «Маъбади Окс», ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои «Маъбади Окс» (Окс — номи қадимаи Амударё) аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин ганҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти эллинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, «Маъбади Окс» муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.ҳ1]

«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар Осорхонаи миллии Бритониё ва осорхонаи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.

Кофтукови ҳафриёт аз ҷониби бостоншиносони рус И. Р. Пичикян ва Б. А. Литвинский солҳои 1976—1991 гузаронида шудаанд.ҳ2] Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкўҳи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тўл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51 ба 51) фаро гирифтааст.

Пешниҳоди Тоҷикистон ба 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти Сангин ба Рўйхати рўзҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 таҷлил мекунад, ворид шудааст. Ҳамзамон ба ин рўйхат 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ворид шуд.ҳ3] Ин мавзуъро се кишвар – Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Эрон пешниҳод кардаанд. Ёдгориҳои бостонӣ дар ҷаласаи 41 Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Рўйхат дохил карда шуданд.

 

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ташрифи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард.    
Вазири маориф ва илм бо пояи моддию техникии донишкада, шароити таҳсил, ҳолати синфхонаҳои таълимӣ ва фаъолияти комиссияи қабул шинос гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани раванди таълиму тарбия, омўзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, густариш бахшидани робитаҳои байналмилалӣ, зиёд намудани гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ, омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, шароит фароҳам овардан барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ҷалби бештари хатмкунандагон барои таҳсил дар донишгоҳ дастуру маслиҳатҳои судманд дод.
Ҳамчунин аз ҷониби вазир таъкид гардид, ки моро зарур баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талоши созанда намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ва ба низомҳои стандарти байналхалқӣ мувофиқ намудани низоми таълим кўшиш ба харҷ диҳем.
Директори донишкада Ҳомид Ҳошимзода вобаста ба дастовардҳои муассиса, вазъи таълиму тарбия, пояи моддию техникӣ, теъдоди устодону донишҷўён маълумот дода, зикр намуд, ки заминаи моддию техникии донишкада ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ мебошад.
Муассисаи мазкур дорои зиёда аз 800 адад компютерҳои фардӣ, 70 адад ноутбук, 107 адад принтер, 37 адад доскаҳои электронӣ, 107 адад проекторҳо, 18 адад экран барои проектор ва 178 адад камераҳои назоратӣ буда, биноҳои таълимӣ бо Wi-Fi таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин дар муассиса як китобхонаи электронӣ ва ду китобхонаи муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 6 синфхонаи лингофонӣ, 8 синфхонаҳои компютерӣ, бонки таълимию инноватсионӣ, бонки инноватсионии “Тавҳидбонк”, кабинети фанни омор бо компютерҳои барномаҳои муосири ҳисоби оморӣ, кабинети махсус барои омўзонидани барномаи 1С – корхона, Маркази акселератсияи соҳибкории рақамӣ, ки аз “Лабораторияи барномасозӣ”, “Лабораторияи WEB-дизайн”, “Лабораторияи инженерияи рақамӣ” иборат аст, озмоишгоҳҳои “Молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ”, “Криминалистика” WEB-студия, ду толори фитнес, ду адад майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол, ду адад маҷлисгоҳ бо 250 ва 100 ҷойи нишаст, толори Шўрои олимон, толори конференсия, толори робитаҳои байналмилалӣ муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири иттилоотӣ барои баргузор намудани конференсияҳои маҷозӣ, ду адад ошхона, хобгоҳи донишҷўён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Биноҳои таълимӣ дорои буѓхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад.
Дар охир директори донишкада Ҳомид Ҳошимзода ба вазири маориф ва илми кишвар барои ташриф ба Донишкада, дастгирии аҳли маориф, сиёсати бомуваффақона дар рушди соҳаи маориф ва дастуру пешниҳодҳои судманд изҳори сипос намуд.

Анҷоми семинари омӯзишии «ПУЛИ ЧИНӢ» («Chinese Bridge»)-2023

Санаи 28  феврали соли равон дар ДИС ДДТТ лоиҳаи онлайн-мубодилаи гуруҳии “Пули чинӣ”-2023 (омӯзиши забон) ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин, дар ҳамкорӣ бо факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи педагогии Шенян дар муддати 10 руз баргузор гардида, дар он зиёда аз 70 нафар донишҷӯён тариқи онлайн иштирок намуданд.

Ҳамоҳангсози барнома хонум Ли Сзиаойи аз Донишгоҳи педагогии Шенян, рафти семинари мазкурро роҳбаладӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ба муовини директор оид ба корҳои таълимии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Машокиров Шӯҳратҷон Усмонҷонович дод.  Ӯ оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ ва арзу сипоси худро баён намуд. Инчунин таъкид кард, ки дар оянда самти ҳамкориҳои ду донишгоҳро васеъ намуда, донишҷӯён забони чиниро хамчун забони хориҷӣ  бояд омӯзанд.

Баъдан мудири маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии ДИС ДДТТ – Мухторов Саидқосим барои мизбонии  Лоиҳаи мазкур, ки ба донишҷӯён имконияти омӯзиши курси забони чинӣ (зинаи ибтидоӣ) ва фарҳанги анъанавии Чинро фароҳам овард, изҳори сипос кард. Қайд гардид, ки аз имкониятҳои хуби ҳамкориҳои Донишгоҳҳо намуданд, ҷиҳати мубодилаи донишҷӯёни ин донишгоҳҳо  мусоидат менамояд. Метавон гуфт, ки ин иқдом ба равобити дӯстона ва ҳамкориҳои густурдаи байни ду донишгоҳ мусоидат мекунад.

Декани колеҷи тахсилоти байналмилалии директори шуъбаи мубодила ва ҳамкории Донашгоҳи педагогии Шенянг Ҷанг Вей донишҷӯёнро барои бомуваффақият хатм кардани курси омӯзиши забони чинии семинар самимона табрик намуд. Ӯ умедвор аст, ки  минбаъд донишҷӯён  омӯзиши забони чиниро идома медиҳанд ва имконяти таҳсил кардан дар Донишгоҳи педагогии Шенянро  доранд.

Дар ифтитоҳи семинари мазкур,  ҷаноби Сун Фугуан – котиби кумитаи ҳизбии Коллеҷи таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи педагогии Шенян аҳли нишастро истиқбол намуда, ба донишҷӯёни ДИС ДДТТ ва устодони Донишгоҳи педагогии Шенян барои саъю кӯшиши онҳо ва бомуваффақият ба анҷом расонидани ин лоиҳа изҳори сипос кард. Ӯ қайд кард, ки донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар давоми омӯзиши забони чинӣ бо омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои хуби таълимро ба даст оварданд. Изҳори боварӣ кард, ки ҳамаи донишҷӯён ин имконияти хуби омӯзишро қадр мекунанд ва донишу дӯстии худро дар оянда боз мукаммал мегардонанд.

Сипас, аз ҷониби омӯзгори ботаҷрибаи забони чинии Донишгоҳи педагогии Шенян хонум Жанг Ювей ба донишҷӯёни ДИС ДДТТ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Донишҷӯёни ДИС ДДТТ арзу сипоси худро бо забони чинӣ ба устодони Донишгоҳи педагогии Шенян барои гузаронидани машғулиятҳо тариқи онлаён баён намуданд, ки ин писанди оншо гашт.

Дар охири чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои таълимии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Машокиров Шӯҳратҷон Усмонҷонович омӯзгорон ва профессорони Донишгоҳи педагогии Шенянро ба Тоҷикистони азизамон самимона даъват намуд.

 

ТЕРРОРИЗМ- ХАТАРИ УМУМИБАШАРӢ

 

 

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки  баъд аз шикаст хурдани Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)   дар кишварҳои Сирия ва Ироқ ҷонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикӣ бархе аз давлатҳо, бахусус дар кишвари ҳамсояи мо- Афғонистон маскан гирифтаанд. Дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд.

Имруз дар Афғонистон ДИИШ  40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар давоми соли охир дар қаламрави Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи  таркишҳо асосан шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз беш аз 600 нафар осеб дидаанд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини Ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Аз ин лиҳоз, авзои кунунии Афғонистон роҳҳои пурзўр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ва дигар таҳдидҳоро тақозо дорад. Хулоса, кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад.

                                                              

А. Валиев ,

асистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Дар ДИС ДДТТ «РӮЗҲОИ ЭРАСМУС» баргузор гардид

ДАР ДИС ДДТТ «РӮЗҲОИ ЭРАСМУС» (ERASMUSDAYS) БАРГУЗОР ГАРДИДА ИСТОДААСТ
Бо ташаббус ва ибтикори Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ санаҳои 14-15-уми октябр дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «Рӯзҳои Эрасмус» (ERASMUSDAYS) баргузор гардида истодаанд.
Санаи 14-уми октябр дар толори асосии донишкада бо иштироки ҳайати васеи донишҷӯён рӯзи аввали мулоқот, ки аз шиносоии лоиҳаҳои барномаи «Эрасмус +», муаррифии донишгоҳҳои дар доираи барнома ҳамкор, шиносоӣ бо имкониятҳои таҳсил ва донишгоҳҳои ҳамкор ва инчунин, нишониҳои интернетии (ссилкаҳои) пур кардани пурсишномаҳо (анкетаҳо) ва интихоби донишгоҳҳо иборат буд, баргузор гардид.
Дар муаррифӣ мудири Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии донишкада, роҳнамои барномаи «Эрасмус +» дар муассиса Саидқосим Мухторов суханронӣ намуда, аз тариқи слайд донишҷӯёнро бо имкониятҳои таҳсил, роҳхатҳо барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавру магистратура, ва донишгоҳҳои ҳамкор шинос намуд.
Донишҷӯён оид ба барнома ва самтҳои он саволҳои сершумор пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас шуниданд.

БАР ЗИДДИ ҒОЯҲОИ ИФРОТАГРОЁНАИ ТЭТ ҲНИ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

 

          Солҳои охир, роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаку думравонаш аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар барномаҳои ифротӣ бо номи  “Пайванд”, “Садои мардум”, “Минбари муҳоҷир”  ва “Ҳақ ва ботил”,  бо иғво ва хиёнат ва матлабҳои бадномкунанда, бо навбат баромад менамояд. Воқеан, ин барномаҳои ифротӣ, ҷиҳати амалӣ намудани супоришҳои хоҷагонашон, мебошад, ки  бо  найрангбозиҳову дассисаҳо ва маълумотҳои бардуруғро паҳн намуда, бо ин васила, мехоҳанд вазъи кишвари моро ноором созанд.   Дар аксар дасисаҳои ин барномаҳои ифротӣ маводе ба мушоҳида мерасад, ки муаллифони он аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки барои пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Ногуфта пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун Кабирӣ ва думравонаш, мехоҳанд бо нашру баромади матлабҳои гуногун кишвари моро зери танқид қарор диҳанд. Ҳар кас, бе ягон мушкилӣ, аз дидани барномаҳои ифротиашон эҳсос мекунад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш худро “мусичаи бегуноҳ” вонамуд карда, нисбати миллату давлат иғвоангезӣ менамоянд. Ба Кабирӣ ва думравонаш суол дода мешавад, ки  барномаҳояшон барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо?!

Умуман, бадхоҳони миллат амалҳое, ки анҷом медиҳад, хоинона буда, аз рӯзноманигории  ноб хеле аз фарсахҳо дур аст. Рафтору гуфтори ин гумроҳон бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Бинобар ин, мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд.

Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон  фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Мо, имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

                                                                                       Ф. КОМИЛОВА,

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ДОҒИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

          Таҳлилҳо собит менамояд, ки солҳои охир ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гуруҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ ба назар расида, ин масъала ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст. Воқеан, мазмуни парвандаҳои ҷиноятӣ нишон медиҳанд, ки 90 – 95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Масалан, дар се соли охир, яъне солҳои 2019-2020 ва 2021 ҳамагӣ дар кишвар беш аз 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ карда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз ин рақамҳои оморӣ  ба  хулоса омада, қайд кардан зарур аст, ки яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад.

     Хулоса, далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди доғи ҷомеаи имрӯза- терроризму экстремизм муборизаи беамон бурда, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти самараноки сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

 

 

                К. Калонов,

сармутахассис оид ба

сомонаи ДИС ДДТТ

ВОРУХ – ПОРАИ ТАНИ ҲАР ВАТАНДОРИ АСИЛ АСТ!

 

         Санаи 7-уми октябри соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, хосатан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаҳои аз низоъҳову муноқишаҳои марзӣ осебдидаи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара корҳои ободониву бунёдгароӣ оғоз бахшида шуд.

         Суҳби ҳамин рӯз, зиёда аз 70 нафар устодон, кормандон ва ҳатто донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ иқдом пеша намуда, барои кӯмак ва ҳашари дастаҷамъона ба бунёди манзилу хонаҳои истиқоматии сокинони аз муноқишаи марзӣ осебдидаи деҳаи Сомониён сафарбар гардиданд.

   Онҳо дар корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, деворсозӣ, корҳои бетону сементӣ, андова ва чӯбу шиферзании манзилҳои осебдидаи сокинон фаъолона иштирок намуда, ба зиёда аз 10 манзили осебдида ёрӣ расониданд.

         Дар ҳашари дастаҷамъона бевосита Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда, ба иқдоми ҳашарчиён баҳои мусбат ва ба кори онҳо баҳои арзанда дод.

         Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкурро директори донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзоза Ҳ,Ҳ, низ дастгирӣ намуда, ҷиҳати сафарбарии устодону кормандон ва донишҷӯён бо таъмини нақлиёт мусоидат намуд.

            Дастгирӣ ва кӯмаку ҳамдилӣ бо сокинони аз муноқишаҳои марзӣ осебдидаи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара имрӯз барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарзу фарз буда, моро водор менамояд, ки ба ин иқдомоти неку инсондӯстона ва холисона ҳамрайъиву пайравӣ намоем. Зеро Ворух – пораи тани ҳар як ватандори асил аст!

 

ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбати Кабирӣ, ки дар ҷаласаи навбатии  САҲА суханронӣ менамояд

 

Мо, омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ нисбат ба Кабирӣ ва вобаста ба ҷаласаи навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ,ки дар шаҳри Варшава рузҳои наздик баргузор мешавад, ибрози ақида менамоем. Доир ба ин масоил  суолҳои зиёд ҳасту ба миён меояд, ки масалан чаро намояндагони  ТТЭ ҲНИ, бахусус раҳбари он Кабирӣ  қаблан дар ҷаласаи САҲА иштирок дошт. Тибқи расонаҳои хабарӣ маълум аст, ки ҷаласаи навбатии САҲА,  санаи 5 октябри соли равон дар ҳудуди Лаҳистон (Полша) баргузор мешавад, ки Кабирӣ мехоҳад асосан оид ба масоили қазияи Бадахшон ва ҳабсу фирори рӯзноманигор суханронӣ  кунад. Мо дар иртибот ба ин, фикр мекунем, ки набояд САҲА ба Кабирӣ, ки яке аз роҳбари  ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, иҷозат диҳад.  Фаъолият ва  мақсади асосии ташиколоти  байналмилалии зикршуда барои таъмини бехатари ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Вале, бояд ёдовар шуд, ки қаблан САҲА бо сабабҳои номуайян гурӯҳҳои низоангези ҷомеаро дар ҷаласаҳояш ширкат варзидан иҷозат дода буд, аз қабили ТТЭ ҲНИ . Пас аз ин суол ба миён меояд магар САҲА аз ин гуруҳи ифротӣ манфиатдор аст?

Хотирррасон мекунем, ки воқеан ТТЭ ҲНИ на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳои бонуфуз, ба мисоли аз ҷониби Федератсияи Русия, санаи 14 сентябри соли равон ба руйхати гуруҳҳои терорристию экстремистӣ ворид карда шудааст. Таъкидан бори дигар қайд менамоем, ки САҲА танҳо барои ҳимояи хифзи ҳуқуқу бехатарии шаҳрвандон, алалхусус  амнияти кишвар мебошад на ин ки барои ҳимояи гуруҳҳои терористию ифротгароӣ.

         Мо, омӯзгорони кафедра, бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида ба хулоса омада, қайд менамоем, ки воқеан таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори рахбару пайравони ТТЭ ҲНИ  ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки  хиёнаткори милат Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонаш дар шабакаҳои иҷтимоиву минбарҳои ташкилоти байналмилалӣ  нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа  нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ДИС ДДТТ, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОД, ДОТСЕНТ ҲОШИМЗОДА Ҳ.Ҳ. БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ, ки ҳамасола санаи 5 октябр дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон таҷлил карда мешавад, ҳамаи Шумо – ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну кормандони донишкадаро табрику таҳният менамоям. Дар ҳақиқат забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:

“Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне, миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ – дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад. Тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид.

Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд: “Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем”.

Бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ самимона табрик гуфта, бароятон дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо таманно менамоям.