Таҳлилҳо собит менамоянд, ки баъд аз шикаст хурдани Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар кишварҳои Сирия ва Ироқ ҷонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикӣ бархе аз давлатҳо, бахусус дар кишвари ҳамсояи мо- Афғонистон маскан гирифтаанд. Дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд.
Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар давоми соли охир дар қаламрави Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи таркишҳо асосан шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз беш аз 600 нафар осеб дидаанд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини Ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Аз ин лиҳоз, авзои кунунии Афғонистон роҳҳои пурзўр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ва дигар таҳдидҳоро тақозо дорад. Хулоса, кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад.
А. Валиев ,
асистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ