Анҷоми семинари омӯзишии «ПУЛИ ЧИНӢ» («Chinese Bridge»)-2023

Санаи 28  феврали соли равон дар ДИС ДДТТ лоиҳаи онлайн-мубодилаи гуруҳии “Пули чинӣ”-2023 (омӯзиши забон) ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин, дар ҳамкорӣ бо факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи педагогии Шенян дар муддати 10 руз баргузор гардида, дар он зиёда аз 70 нафар донишҷӯён тариқи онлайн иштирок намуданд.

Ҳамоҳангсози барнома хонум Ли Сзиаойи аз Донишгоҳи педагогии Шенян, рафти семинари мазкурро роҳбаладӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ба муовини директор оид ба корҳои таълимии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Машокиров Шӯҳратҷон Усмонҷонович дод.  Ӯ оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ ва арзу сипоси худро баён намуд. Инчунин таъкид кард, ки дар оянда самти ҳамкориҳои ду донишгоҳро васеъ намуда, донишҷӯён забони чиниро хамчун забони хориҷӣ  бояд омӯзанд.

Баъдан мудири маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии ДИС ДДТТ – Мухторов Саидқосим барои мизбонии  Лоиҳаи мазкур, ки ба донишҷӯён имконияти омӯзиши курси забони чинӣ (зинаи ибтидоӣ) ва фарҳанги анъанавии Чинро фароҳам овард, изҳори сипос кард. Қайд гардид, ки аз имкониятҳои хуби ҳамкориҳои Донишгоҳҳо намуданд, ҷиҳати мубодилаи донишҷӯёни ин донишгоҳҳо  мусоидат менамояд. Метавон гуфт, ки ин иқдом ба равобити дӯстона ва ҳамкориҳои густурдаи байни ду донишгоҳ мусоидат мекунад.

Декани колеҷи тахсилоти байналмилалии директори шуъбаи мубодила ва ҳамкории Донашгоҳи педагогии Шенянг Ҷанг Вей донишҷӯёнро барои бомуваффақият хатм кардани курси омӯзиши забони чинии семинар самимона табрик намуд. Ӯ умедвор аст, ки  минбаъд донишҷӯён  омӯзиши забони чиниро идома медиҳанд ва имконяти таҳсил кардан дар Донишгоҳи педагогии Шенянро  доранд.

Дар ифтитоҳи семинари мазкур,  ҷаноби Сун Фугуан – котиби кумитаи ҳизбии Коллеҷи таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи педагогии Шенян аҳли нишастро истиқбол намуда, ба донишҷӯёни ДИС ДДТТ ва устодони Донишгоҳи педагогии Шенян барои саъю кӯшиши онҳо ва бомуваффақият ба анҷом расонидани ин лоиҳа изҳори сипос кард. Ӯ қайд кард, ки донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар давоми омӯзиши забони чинӣ бо омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои хуби таълимро ба даст оварданд. Изҳори боварӣ кард, ки ҳамаи донишҷӯён ин имконияти хуби омӯзишро қадр мекунанд ва донишу дӯстии худро дар оянда боз мукаммал мегардонанд.

Сипас, аз ҷониби омӯзгори ботаҷрибаи забони чинии Донишгоҳи педагогии Шенян хонум Жанг Ювей ба донишҷӯёни ДИС ДДТТ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Донишҷӯёни ДИС ДДТТ арзу сипоси худро бо забони чинӣ ба устодони Донишгоҳи педагогии Шенян барои гузаронидани машғулиятҳо тариқи онлаён баён намуданд, ки ин писанди оншо гашт.

Дар охири чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои таълимии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Машокиров Шӯҳратҷон Усмонҷонович омӯзгорон ва профессорони Донишгоҳи педагогии Шенянро ба Тоҷикистони азизамон самимона даъват намуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *