
Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар долони Амударё ҷой гирифтааст. Таҳқиқоти бостоншиносону олимон нишон доданд, ки ин ёдгори асосан марбут ба замони элинизм буда, аз охири асрҳои IV то мелод то асрҳои IV мелодӣ арзи ҳастӣ намудааст. Мавқеи асосиро дар ин ёдгорӣ маъбади Окс ишғол намудааст. Ин маъбад ба хотири Худои Охшо (Худои об) сохта шуда буд. Масоҳати умумии ёдгорӣ зиёда аз 75 га буда, аз ду қисмати асосӣ: арк ва шаҳристон иборат мебошад.
Тахти Сангин диққати атиқадўстдорон ва олимону бостоншиносони ҷаҳониро ҳанўз дар охири асри XIX ба худ ҷалб намуда буд. Яке аз омилҳои асосиии таваҷҷуҳи олимону бостоншиносони ҷаҳонӣ ба Тахти Сангин ва мавриди омўзиш қарор додани он, ин бозёфти Хазинаи Амударё буд.
Хазинаи Амударё маҷмуи ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагине мебошанд, ки аз санъати заргарии мардуми Бохтар дар асрҳои IV- II то мелод дарак медиҳад ва дар онҳо фарҳанги аҷдодони тоҷик инъикос ёфтааст. Ин хазинаро соли 1877 тоҷирони бухороӣ аз сокинони Қубодиён харидорӣ намуда, барои фурўш ба Ҳиндустон мебаранд. Дар ин ҷо Канингем бо ашёҳои хазина дучор омада, онҳоро харидорӣ ва ҷамъоварӣ менамояд. Сипас, ашёҳои ҷамънамудаашро ба Осорхонаи Британияи Кабир эҳдо менамояд ва айни ҳол зиёда аз 170 адад ашёҳои тиллоии Хазинаи Амударё дар ин осорхона нигаҳдорӣ мешаванд.
Аввалин мақоларо низ, дар бораи Хазинаи Амударё маҳз Канингем дар соли 1879 менависад.
Дар мақолаи худ Канингем аз забони тоҷири бухороӣ Ваизуддин менависад, ки онҳо хазинаро аз вайронаҳои қалъаи қадима, ки дар мавзеи якҷошавии дарёҳои Панҷу Вахш ҷойгир аст ва бо номи Кандиан ёд мешавад, дарёфт намудаанд. Аз Кобул то ин ҷо дурўза роҳ аст. Баъди ин олимону бостоншиносон дар ҷустуҷўи вайронаҳои ин қалъаи қадима мешаванд. Дар натиҷа, баъзе олимон ба хулосае меоянд, ки хазина аз Тахти Қубод дарёфт гардидааст. Аммо ёдгории Тахти Қубод аз мавзеи якҷошавии дарёҳои Панҷу Вахш ва Тахти Сангин тахминан 5-6 км поинтар воқеъ гардидааст. Аз ин рў қисмати дигари бостоншиносон ба хулоса омаданд, ки хазина аз Тахти Сангин ёфт шудааст. Баъд аз он ки маъбади Окс дар Тахти Сангин кашф гардид, олимон ба хулосае омаданд, ки Хазинаи Амударё аз ҳамин маъбад пайдо шудааст ва ашёҳои таркиби хазинаро мардум дар қадим ҳамчун туҳфа ба худои дарёи Аму (Окс) овардаанд. Аз ин хотир, номи онро Хазинаи Амударё гузоштаанд.
Бояд гуфт, ки маҳз дар натиҷаи омўзишҳои бостоншиносӣ ёдгории Тахти Сангин номгузорӣ мешавад, ки номи он рамзӣ аст. Ин ном дар айравӣ бо ёдгории Тахти Қубод ва Тахти Ҷамшед гузошта шудааст. Ҳангоми ковишҳо бостоншиносон деворҳои санги ва зерсутуну сарсутунҳои аз санг бо як маҳорати хоса коркардшуда дарёфт мекунанд ва ба ҳамин хотир ба ёдгорӣ номи «сангин»-ро низ, илова мекунанд. Вале то ин дам ёдгорӣ якчанд маротиба номи худро иваз намудааст. Масалан, дар харитае, ки соли 1885 барои нишон додани ҷойи Хазинаи Амударё тартиб дода шуда буд, ин ёдгорӣ бо номи Утерқалъа зикр мешавад. Лагафет онро Мела ном мебарад, ки яке аз гузаргоҳҳои асосии Амударё барои тоҷирон ба ҳисоб мерафт.
Дар соли 1950 ҳангоме, ки профессор Дяконов ин ёдгориро аз назар мегузаронад, онро “Шаҳри сангин” ном мениҳод. Ҳамзамон қайд мекунад, ки он тарҳи росткунҷа дорад ва шояд ҳамон қалъае аст, ки қаблан Утер қалъа ва Мела ҳисобида мешуд. Ў менависад, ки шояд Тахти Қубод ба хотири муҳофизати ҳамин гузаргоҳ бино шуда буд ва дар қадим ин ёдгориҳо як комплекси ягонаро ташкил мекарданд.
Билохира, аз солҳои 1979-1980 ёдгори номи Тахти Сангинро ба худ касб мекунад.
Баъзе ақидаҳо вуҷуд доранд, ки гўё Тахти Сангинро Искандари Мақдунӣ бино намудааст ва онро Александрия дар Окс ном ниҳодааст. Чунин назария пешниҳод кардани онҳо низ бесабаб нест. Зеро Клавдиус Птолемей, таърихнависи асри II то мелод, аз бунёди шаҳрҳои Александрияи Эсхата ва Александрия дар Окс аз ҷониби Искандари Мақдунӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ёдоварӣ намудааст.
Дар “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ ишораҳое ба сохтани шаҳрҳо дар Бохтар аз ҷониби Искандари Мақдунӣ ҳастанд. Масалан, ў чунин менигорад: “Искандар бар мамолики Доро чира шуд ва қасди Ҳинду Чин намуд ва бо умматҳои зери даст ба ҷанг пардохт. Ва бар ҳар ноҳия, ки мегузашт, ғолиб мешуд, то ин ки ба Хуросон баргашт ва он ҷоро ҳам фатҳ кард. Ва шаҳрҳое дар Хуросон бино карда, ба сўи Ироқ муроҷиат намуд ва дар Шаҳразўр ранҷур шуд ва ҳамон ҷо бимурд».
Аммо дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ маълум гардид, ки маъбади Тахти Сангин қабл аз омадани Искандари Мақдунӣ обод будааст. Ҳамзамон дар соҳили чапи Амударё шаҳри дигари элинӣ бо номи Ой-Хонум, ки ҳамсони Тахти Сангин аст, кашф гардидааст.
Кампирқалъа дар ҷануби Узбекистон низ ба ин ду ёдгорӣ шабоҳати зиёд дорад. Аз ин хотир, то ҳол ба таври дақиқ муайян нагардидааст, ки Александрия дар Окс кадом шаҳр мебошад.
Гарчанде таваҷҷуҳи олимон аз асри ҶIҶ ба ин мавзеъ равона шуда бошад ҳам, вале ковишҳои касбии бостоншиносӣ дар Тахти Сангин аз соли 1976 бо сарварии донишманд Литвинский ва Пичикян оғоз гардидаанд. То ин дам дар Тахти Сангин олимони дигар низ якчанд озмоиш гузаронидаанд. Аз ҷумла, Маев, Лагафет, Денике, Дяконов, Манделштам ва дигарон дар бораи Тахти Сангин ва мавқеи он баъзе маълумотҳоро додаанд.
Масалан, Манделштам дар соли 1956 як шурф дар ёдгории Тахти Сангин на чандон дуртар аз деворҳои маъбади Окс мезанад ва ин шурфро то чуқурии 2,5 м давом медиҳад. Дар ин умқ ў фақат осори кўшониро пайдо мекунад. Ҳангоме ки Литвинский дар соли 1983 дар ин ҷо шурф мезанад, маълум мекунад, ки агар Манделштам, каме онтарафтар шурфашро идома медод, ҳатман деворҳои маъбадро пайдо мекард ва то материк ҳафриётро идома медод. Кашфи маъбад бошад, баъди ковишҳои мунтазам ба Литвинский муяссар мешавад.
Дар натиҷаи ҳамин ковишҳои бостоншиносӣ шумораи зиёди бозёфтҳо ба даст омаданд, ки онҳо дар худ фарҳанги аҷдодони тоҷикро дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар ва Кўшониён инъикос намудаанд. Бозёфтҳо аз рушди ҳунарҳои мухталиф, аз қабили сангтарошӣ, заргарӣ, коркарди устухони фил, кулолгарӣ, оҳангарӣ ва ғайра дар Тахти Сангин шаҳодат медиҳанд. Айни ҳол бозёфтҳои Тахти Сангин дар Осорхонаи милии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии АМИТ ва дигар осорхонаҳои вилояти Хатлон нигаҳдорӣ мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намои қадимаи маъбади Окс сохта шудааст ва нусхаҳои ашёҳои таркиби Хазинаи Амударё дар он нишон дода шудааст.
Савриддин Саидзода,
сармутахассиси шуъбаи
таърихи бостон ва асрҳои
миёнаи Осорхонаи миллӣ
Тахти Қубод, Тахти Сангин – ёдгории беназири таърих ва фарҳанги тоҷикон «Тахти Қубод» дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ бо номи «Тахти Сангин» низ ёд мешавад. Сабаби чунин ном гирифтани ин ёдгорӣ дар он аст, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино ёфтаанд. Бинобар ин, бостоншиносон шартан ва ҳам дар пайравӣ ба Тахти Ҷамшеди Эрон (Қасри Персополис) онро «Тахти сангин» номгузорӣ намудаанд.
Аз сарчашмаҳо маълум мегардад, ки Қубодиён ҳамчун шаҳри пеш аз Ҳахоманишиё ва Искандари Мақдунӣ низ арзи вуҷуд доштааст.
Дар китоби “Таърихи Табарӣ” чунин омадааст: “Дар ҳудуди Хутал (Хатлон) шоҳ Қубод шаҳре бунёд кард, ки он Қубодобод ном дошт ”.
«Тахти Қубод» яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги халқи куҳанбунёди тоҷик буда, мутааллиқ ба асрҳои IV пеш аз мелод ва асри II-и мелодӣ мебошад.
Кофтуковҳои бостоншиносӣ дар «Тахти Қубод» ҳанўз солҳои 60-уми қарни гузашта оғоз гардида буд. Солҳои 80 ва 90-уми асри гузашта бошад, гурўҳи экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти сарварии академик Б. А. Литвинский ва олими бостоншинос И. Р Пичикян дар алоҳидагӣ дар ин мавзеъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузарониданд.
Бостоншиносон танҳо дар ноҳияи Қубодиёни имрўза панҷ шаҳри замони Ҳахоманишиёро пайдо карданд, ки онҳо дорои тамаддуни баланд буданд. Ганҷинаи бузурге, ки аз ин мавзеи таърихӣ ёфта шудааст, “Хазинаи Амударё” мебошад.
Дар Энсиклопедияи советии тоҷик (саҳифаи 624) чунин омадааст: “Хазинаи Амударё” иборат аз 1300 сикка, 176 ашёи тиллою нуқра соли 1877 аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дар ҷойи резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба дарёи Ому, наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст”.
Кашшофони “Хазинаи Амударё” тамоми ашёи хазинаро ба тоҷирони бухороӣ Возиуддин Ғуломмуҳаммад ва Шукуралӣ фурўхтаанд. Ҳангоми ба Ҳиндустон бурдани хазина дар роҳ тоҷиронро раҳзанон ғорат карданд. Як қисми ашёи “Хазинаи Амударё” бо туфайли шуҷоати англис наҷот дода шуд. Қисми дигари онро англисе аз бозори шаҳри Равалпиндӣ (Покистон) харидорӣ намудаанд.
Баъдтар тамоми “Хазинаи Амударё” ба осорхонаи Британия (яке аз осорхонаҳои бузургтарини ҷаҳон) супорида шуд, ки то ҳол дар он ҷо маҳфуз мебошанд.
Бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” бештар аз тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, сангҳои қиматбаҳо, пайконҳои оҳанӣ, ханҷару шамшерҳои оҳанӣ ва ғилофҳои аз устухони фил сохташуда иборатанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар он давра санъати оҳангарӣ, махсусан заргарӣ ба дараҷаи баланд рушд ёфта будааст.
Дар байни бозёфтҳо фойтуни заррине пайдо шуд, ки дар он чор асп баста шудаанд. Дар болои фойтун як нафар бо кўлоҳи миллӣ дар курсӣ нишаста, дигаре рост истода аспҳоро меронад.
Инчунин, дар миёни бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” даҳҳо ҳайкалҳои биринҷӣ, тиллоӣ ва нуқрагии одам, бузи кўҳӣ ва дастпонаҳо мавҷуданд. Махсусан, бозубанди тилло дар акси ду симурғи шохдор диққатҷалбкунанда аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Қубодиён аз ёдгории «Тахти Сангин» дидан намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар ояндаи наздик ин ёдгории нодири таърихӣ таъмиру тармим ва аз нав барқарор карда мешавад.
Эҳё шудани ёдгории «Тахти Сангин» ё «Тахти Қубод» боиси ташрифи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад. Воқеан ҳам, ёдгории «Тахти Сангин» ва “Хазинаи Амударё” ганҷинаи беназиру куҳанбунёди халқи тоҷик буда, омўзишу донистани таърихи он дар самти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.
Таҳияи Нуъмон Раҷабзода
Тахти Сангин
Тахти Сангин (форсӣ: تختِ سنگین) — бозмондаи шаҳре дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгўи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Маскани Тахти сангин ба асрҳои IV то мелод — III мелодӣ мансуб аст.
Маскани Тахти сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин (1300 номгўй) маълум аст, ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар ноҳияи Қабодиён (собиқ Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сўи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё» -ро фурўхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли Осорхонаи миллии Британиё, ки дар ш. Лондон воқеъ аст, гардидаанд. Номи «Хазинаи Амударё» -ро ба бозёфтҳои маскани Тахти сангин муҳаққиқи инглис О. М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ў, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни он инчунин молҳои дигар низ бошанд. Бо вуҷуди ҳамин, аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин аст. Коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ таалуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И. Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои «Маъбади Окс», ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои «Маъбади Окс» (Окс — номи қадимаи Амударё) аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин ганҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти эллинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, «Маъбади Окс» муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.ҳ1]
«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар Осорхонаи миллии Бритониё ва осорхонаи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.
Кофтукови ҳафриёт аз ҷониби бостоншиносони рус И. Р. Пичикян ва Б. А. Литвинский солҳои 1976—1991 гузаронида шудаанд.ҳ2] Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкўҳи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тўл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51 ба 51) фаро гирифтааст.
Пешниҳоди Тоҷикистон ба 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти Сангин ба Рўйхати рўзҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 таҷлил мекунад, ворид шудааст. Ҳамзамон ба ин рўйхат 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ворид шуд.ҳ3] Ин мавзуъро се кишвар – Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Эрон пешниҳод кардаанд. Ёдгориҳои бостонӣ дар ҷаласаи 41 Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Рўйхат дохил карда шуданд.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод