ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд нисбат ба баромади иғвоангезонаи навбатии бадхоҳон дар канали YouTube, сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” (аз 19.04.2026)

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар ҳастем, ки ин навбат санаи 19 апрели соли равон,  яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, боз бо ҷалби думравони фаъолаш бо номи Муҳаммад Тағоев, Абдулло, Абдураҳмон ва як қатор афрод бо лақаби ғайриоддӣ, аз ҷумла  “7+70”, “Ватан 665”, “Ватсап” мебошанд, ки аз афзалияту имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда,  тариқи канали YouTube сомонаи “Ислоҳ. нет” (Ислоҳ ТV) дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” баромад намуданд. Ин навбат М.Садриддин зимни баромадаш худро боз “уламои дин” оид ба моҳи Муҳаррам андешаронӣ намуда, боз чун баромадҳои қаблиаш туҳату ғайбатро пеша намуд.

Баробари ин, афроди  дар боло зикршуда дар ҷараёни баромадашон оид ба қазияи зиндониёни сиёсӣ, Артиши миллӣ, ҷудошавии оила, БНМО –бемории норасоии масунияти бадан (СПИД) ибрози андеша намуда, нисбати фаъолияти раҳбарияти мухталифи кишвар суханҳои қабеҳ гуфтанд. Бо ин васила аз пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Борҳо иброз намудаем,такроран гуфтанием, ин тудаи иғвоангези ифротӣ бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Ин гурӯҳаки ифротӣ намедонанд, ки имрўз андешаи ватандўстию меҳанпарастии мардумони кишвар нисбат аз солҳои 90-уми асри гузашта фарќияти калон дорад. Аз ин лиҳоз, ба М.Садриддин ва думравонашро бори дигар хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар  кишвари соҳибистиқлоламон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд. Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Имрузҳо мардуми кишвар дар  фазои осудаи Ватани хеш умр ба сар мебаранд ва дастовардҳои дар тўли наздик ба 35 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунанд.

Мо, кормандони шуъба рўз то рўз аз файзу самараи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ  баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрўзу ҳамаваќт амалҳои номатлуби нафарони бадхоҳони миллатро маҳкум менамоем. Хулоса, нагузорем, ки ин тудаи роҳгумзадаи фирорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиќлоламон сухан гӯянд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *