¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
¶ 4 Leave a comment on paragraph 4 0 Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
¶ 5 Leave a comment on paragraph 5 0 Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.
¶ 6 Leave a comment on paragraph 6 0 Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстремистӣ ба амал омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст.Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ, терроризми этникӣ-миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба назар мерасад.
¶ 7 Leave a comment on paragraph 7 0 Шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошад. Бинобар ин мутахассисон онро ҳар гуна тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмиллалӣ ва дохилидавлатӣ, ризми иҷтимоӣ, динӣ, этникӣ тақсим мекунанд. Бо вуҷуди ин як таърифи мукаммали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали мақсадҳои сиёсӣ мебошад.
¶ 8 Leave a comment on paragraph 8 0 Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.