ТЭТ ҲНИ имрўз берун аз кишвар бо дастуру супоришҳои ғаразмандона ва хиёнаткоронаи хоҷагони худ кўшиш дорад бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамн созанд. Намояндагони ТЭТ ҲНИ Шумо ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид. Мо филми “Решаҳои ноаён”-ро тамошо карда, аз забони нотиқ ва сухангӯи майдони Шаҳидон, генерали мардумӣ Эшони Қиёмиддин шунидем, ки чи тавр ҲНИ дар ҷангу ҷидоли дохилии кишвар гунаҳкор аст. Дар идомаи суханронриҳои хеш ӯ дар бораи дахолати Эрон ба воқеаҳои Тоҷикистон маълумот дода, изхори пушаймонӣ менамояд, ки даст ба чунин амалҳои нодуруст зада, мардумро бар зидди давлату ҳукумат бархезонида аст. Эшони Қиёмиддин барои чунин амалҳои худ аз мардуми кишвар самимона узр мепурсад.
Воқеан ҳам то замоне, ки ҳамингуна афрод аз воқеияти ҳол баён мекунад, мардум, хосса онҳое, ки ба ин ҳизб бовар доштанд, ангушти ҳайрат мегазанд.. Аммо Эшони Қиёмиддин яке аз наздикон ва пешвоёни ҳизб иқрор мешавад, ки ҳадафи онҳо на танҳо гирифтани давлат бо зӯрӣ буд, балки кишварро саросар ба тобеияти мазҳаби шиа ворид кардан буд. Ба ин амали “савоб”-и худ аз хоҷагони эронии худ маблағҳои калон мегирифтанд. Ва инро худи Эшони Қиёмиддин зимни дастгир шудан тасдиқ намуд.
Агар мо имрӯз қадру манзалати Ватан, миллат ва забони худро дарк насозем, зарурати густариши худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолиятро таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.