Тоҷикистони азизи мо солҳои охир ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, дар ҳама самтҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гашта истодааст. Мо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба “Об барои рушди устувор” аз мақом ва мартабаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад. Аммо, мутассифона, дар хориҷи кишвар, бархе аз нотавонбинон ин ҳама дастоварду комёбиҳоро нодида мегиранд ва ба чашми ҳақорат ба сӯи кишвар менигаранд. Ахиран намоиши филми мустанда бо номи “Решаҳои ноаён” парда аз рӯи он ҳама бедодгариҳои мухолифин дар солҳои навадуми қарни гузашта бардошт.
Дар ин филм сухан дар бораи яке аз фаъолони ҳизб, роҳбари ҲНИ дар Федератсияи Русия Саид Қиёмиддини Ғозӣ нақл карда мешавад, ки аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар дастгир шудааст, ва ӯ эътироф намуд, ки роҳи интихобкардаи ӯ ва ҳазорҳо нафар аъзо ва пайравони ҳизби ифротиву террористии ҳизби наҳзат хато буд. Зеро тавре аз навор бармеояд, маҳз Саид Қиёмиддин Ғозӣ дар майдони “Шаҳидон” халқро алайҳи давлат шӯронида, сабабгори асосии ҷангу хунрезиҳо дар кишвар гардидаанд. Ин лидери наҳзатиёнро замоне дастгир шуд, ки бо худ маблағҳои ҳангуфте дошт. Ва ӯ иқрор шуд, ки ин маблағҳоро аз хоҷагони хориҷии худ барои ташвиқу тарғиби шиапарастӣ гирифтааст. Роҳбари ҲНИ Кабирӣ шахсияти манфиатхоҳ аст ва солҳои сол дар Парлумони кишвар танҳо ғами худу хешовандонашро мехӯрад, агар ҳамин тавр намебуд, ӯ пас аз интихобот хулосаи даркорӣ бароварда, барои пурқувват намудани ҳизби худ мекӯшид, на ин ки барои дубора аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ мекӯшид.
Ин рӯҳонӣ ва воизи машҳури солҳои 90 моҳи ноябри соли 2017 дастгир шуда, моҳи май аз ҷумла барои ҷосусӣ ба фоидаи Эрон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ эътироф кард, ки аксарони фаъолони ҳизб парвардагони дасти хоҷагони Эронӣ аст ва ҲНИ як шохаи “Ҳизуллоҳ”-и Эрон аст. Ҳадафи ин ду ҳизб, ки аз як реша об мехӯранд, бунёди ҷомеаи хилофат ва тарғиби шиапарастӣ дар ҷомеа мебошад. Аммо тирашон хок хӯрд. Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИТ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ сиёҳро аз сафед фарқ мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.