Изҳороти устодони кафедраи муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ оид ба филми мустанади “Решаҳои ноаён”

Мо устодони кафедраи муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ навореро, ки шоми 18 июн дар шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” бо номи “Решаҳои ноаён” дар бораи Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуда буд, тамошо карда, хеле мутассир шудем ва ба чунин хулоса омадем, ки ин навор аз вазъияти солҳои навадуми асри гузашта ва аз  кори дасти “хиёнаткорон”-е    нақл мекунад, ки Тоҷикистони азизро ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ кашиданд.

Дар филм дида мешуд, ки дар сар задани амалҳои ҷинояткорона нақши ин ҳизби террористӣ хеле калон аст ва инро намояндаи мухолифин Эшони Қиёмиддин тасдиқ мекунад. Генерали мардумӣ  мегӯяд зимни майдоннишиниҳо  барои ҷалби тарафдорони худ суханҳои боҳарорат задам, онҳоро даъват намудам, ки бар зидди давлат ва Ҳукумат бархезанд.  Ҳамин суханҳои ноҷо, ҳамин даъватҳои ноҷо, боис шуд, ки миллионҳо одам муҳоҷир шуд, ҳазорҳо одам бехонумон шуд, ҳазорҳо кӯдак ятим монанд.

Эшони Қиёмиддин барои ин даъватҳои ба таъбири худи ӯ, “ноҷо” дар ин филм аз мардум узр пурсид. Ӯ ҳамчунин Эронро ба маблағгузории ҲНИ айбдор карда, таъкид менамояд , ки Эрон мехоҳад наҳзатро аз нав зинда карда, барои Тоҷикистон мушкил эҷод кунад. Ӯ аз ҷумла аз як нақшаи “пароканда кардани интихоботи соли 2020” ҳарф зад, вале ҷузъиёте дар ин бора надод. Дар филм гуфта мешавад, ки Эшони Қиёмиддин бо лақабҳои Бобои Эшон ва Генерали мардумӣ маъруф буда, 21 марти соли 1952 ба дунё омадааст ва соҳиби 8 зан ва 28 фарзанд будааст. Худ қазоват кунед, ба наҳзатиён серзанагӣ ва талх кардани ҳаёти занони тоҷик расм шудааст. Ва гумонам ғолиб, ки ин бонувон дар зиндагӣ хушбахт набуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *