Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба намоиши филми мустанади “Решаҳои ноаён”

Ҷаҳони муосир, ки саршор аз зиддиятҳои фикриву ақидавӣ аст, аз ҳар фарди ватандӯст ва инсони солимфикр масъулияти баланди ватандорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дарки зарурати таърихии расидан ба қадри озодиву истиқлоли миллиро тақозо мекунад. Хушбахтона, бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои озмуда мардуми тоҷик тамоми саъйу талоши худро ба он равона мекунанд, ки неъматҳои беҳтарини соҳибистиқлолии хешро ҳифз намуда, дигар фирефтаи суханони ононе, ки оромиш ва осудаи Тоҷикистонро намехоҳанд, нагарданд.

Дар наворе, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ яке аз сарварони мухолифини тоҷик Қиёмиддини Ғозӣ доир ба кирдорҳои содиркардааш баён кард, бори дигар ҳадаф , мақсад ва ғаразҳои нопоки Ҳизби наҳзати исломиро кушода дод.  Собиқ суханвару таблиғгари ғояҳои ба ном исломӣ, ки дар майдони Шаҳидон мардумро ба ҷиҳод даъват мекард, аз кушта шудани ҳазорҳо ҷавон, ятим мондани фарзандони зиёди мардум изҳори пушаймонӣ кард. Даъвоҳои ў буд, ки ҷавонони гумроҳ ба сарсонию саргардонӣ гирифтор гардиданд.

Худи Қиёмиддини Ғозӣ дар навор изҳор кард, ки ҳангоми дар гурезагӣ дар Афғонистон қарор доштани тоҷикон ҷавонон ва наврасонро Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таҳсил ва донишмандтарини онҳоро бошад, ба омўзиши умури ҳарбӣ ҷалб мекард.

Қиёмиддини Ғозӣ, ки ба худ лақаби «генерали мардумӣ» гирифтааст, дар асл на барои мардум, балки барои манфиати қувваҳое мубориза мебурд, ки берун аз мамлакат ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекарданд.

Имрўзҳо шукронаи онро мекунем, ки дар кишварамон фазои сулҳу оромӣ ҳукмрон аст.  Наврасону ҷавонон ба фаро гирифтани дониш ва касбу ҳунарҳо машғул мебошанд. Мо бояд ба қадри сулҳу салоҳ ва ободии Ватани азизамон расем ва барои фардои дурахшони он софдилона заҳматкашида, аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андӯзем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *