Сокинони бедордили кишвар ба ин дасисабозиҳо бовар надоранд

Чи хеле мо огоҳӣ дорем, соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд, ки ин иқдом низ аз арҷгузорӣ ва эҳтироми хосаи Сарвари давлат ба дини ислом шаҳодат медиҳад

Мувофиқи қонуни асосии кишвар Конститутсия – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ба ҳеҷ гуна дини расмии давлатӣ ва таълимоти динӣ бартарият ва афзалият дода намешавад. Хусусияти дунявӣ доштани давлат чунин пешбинӣ менамояд, ки давлат ва итиҳодияҳои динӣ аз ҳамдигар ҷудо буда, онҳо метавонанд дар доираи қонунгузории амалкунанда кору фаъолият кунанд. Дар айни замон низоми дунявии давлатдорӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, бовару эътиқод ва озодии виҷдони шаҳрвандон заминаҳои мусоид фароҳам месозад. Новобаста аз ин Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз лиҳози он, ки аксарияти аҳолии кишвар пайравони дини мубини Ислом мебошанд, барои иҷрои маросим ва чорабиниҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Аммо душманон ва хоинони давлату миллати тоҷик ин  иқдоми таърихиро нодида гирифта, ба мавзӯи баҳс ва иғвои худ табдил додаанд. Аз ҷумла, дар шабакаи иҷтимоӣ “Сохтмони Донишкадаи исломӣ амали пулшӯӣ ва риёкории навбатист” гузошта шудааст, ки он як иғво, нодидагирӣ ва дасисаву бадбинӣ нисбат ба ҳуқумати мамлакат ва мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Бунёди бинои нав ва боҳашамати Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар ҳоле, ки аксари аҳолии мамлакатро мусалмонон ташкил медиҳанд, барои баланд бардоштани савияи дониши динии мардум, огоҳ шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ  аз маърифату таърих ва фарҳанги исломӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ  мусоидат менамояд.

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки мударрисони мардрасаҳо на ҳама вақт бо ниятҳои пок муҳассилинро таълим доданд, ба ҷои исломи ноб ифроту ҷаҳолатро омӯзониданд, ки барои ҷомеа ва давлати мо харатнок аст.

Аз ин лиҳоз нашри маводҳо дар шабакаҳи иҷтимоӣ оид ба масъалаи бунёди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягон асоси воқеӣ надошта, баракс ин амал идомаи бадбинӣ, нодидагирӣ, кинвау адовати душманон ва хоинони миллату давлат ба шумор меравад. Мо ҳама мутмаинем, ки  сокинони бедордили кишвар ба ин дасисабозиҳо дигар эҳтиёҷ ва боварӣ надоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *