Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии профессор Усмонов Ирмат Усмонович

Устод Ирмат Усмонов 13-марти соли 1942 дар шаҳраки адрасмони ноҳияи Ашт чашм ба олами ҳасти кушодаанд.

Соли 1958 мактаби миёнаи №4 ба номи Маъдани деҳаи Понғозро бо баҳои аъло хатм намуда, ҳамон сол ба техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1960 бо муваффақият хатм намудаанд.

Усмонов Ирмат Усмонович баъд аз хизмат дар сафи Артиши давлати Шуравӣ ба донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд дохил шуда, онро соли 1967 бо ихтисоси молшинос-ташкилотчии савдои молҳои саноатӣ бо баҳои аъло хатм намудаанд. Маъмурияти Донишкада сатҳи дониш ва қобилияти кордонии Устод Ирмат Усмоновичро ба эътибор гирифта, ба ҳайси мудири лаборатория ба кор таъйин мекунад, ки фаъолияти меҳнатӣ ва омӯзгориашон дар ҳамин боргоҳи илм оғоз меёбад.

Ирмат Усмонович дар донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд, аввал, ҳамчун мудири лабораторияи кафедраи молшиносии молҳои саноатӣ, баъд дар вазифаи ассистенти кафедраи ташкил ва техникаи савдо фаъолият намуданд.

Соли 1969 маъмурияти Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд Ирмат Усмоновичро, ҳамчун омӯзгори болаёқат барои таҳсил ба аспирантураи Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Москав тавсия мекунад. Ирмат Усмонович имтиҳони дохилшавиро бомуваффақият супорида, ба аспирантураи Донишкадаи мазкур дохил шуда, онро соли 1973 бо баҳои аъло хатм намуда, рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи “Хоҷагиҳои анбори кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ва роҳҳои такмили истифодабарии онҳо”, таҳти роҳбарии И. П. Шейченко бомуваффақият ҳимоя мекунанд.

Баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд баргашта дар кафедраи ташкил ва техникаи савдо фаъолияти омӯзгории худро дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи савдо давом медиҳанд.

Соли 1976 ба ҳайси дотсенти кафедраи асосҳои илмии идоракунӣ фаъолияти омӯзгории худро идома медиҳанд.

Соли 1979 Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар мувофиқа бо роҳбарияти Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд барои барқарор намудани фаъолияти нуқтаи таълиму машварати дар шаҳри Душанбе будаи Донишкадаи савдои кооперативии Самарқанд Ирмат Усмоновичро ба вазифаи мудири ин бахш тавсия менамояд.

Ирмат Усмонович дар муддати кӯтоҳ фаъолияти бахши мазкурро барқарор намуда, теъдоди донишҷӯёнро аз 150 нафар ба 800 нафар мерасонанд.

Соли 1987 баъди дар шаҳри Душанбе таъсис додани бахши Донишкадаи савдои кооперативии Шӯравии шаҳрӣ Новосибирск, ҳамчун мудири кафедраи фанҳои молшиносию технологӣ адои вазифа мекунанд. Аз соли 1986 ба ҳайси ноиби Ректор оид ба корҳои таълим ва иҷрокунандаи вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият бурда, соли 1993 барои ташкили Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мушовири Ректори Донишгоҳи мазкур ба кор даъват мешаванд. Дар донишгоҳи мазкур бо ташаббуси Ирмат Усмонович кафедраи менеҷмент ва маркетинг ташкил гардида роҳбарии онро худ амали намудаанд.

Моҳи феврали соли 1995 раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Ирмат Усмоновичро барои дар заминаи техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд ташкил намудани коллеҷи кооперативӣ ба кор даъват намуда дар навбати аввал директори техникум ва баъд директори коллеҷи кооперативии шаҳри Хуҷанд таъйин мекунад. Бо роҳбарии Ирмат Усмонович ду кафедраи тайёркунандаи мутахассисони соҳаи иқтисод ва савдои кооперативӣ ба роҳ монда мешаванд.

Солҳои 2001-2005 мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги КЯТ ДДТТ ва бо пешниҳоди Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон солҳои 2006-2010 муовини директори Комплекси ягонаи таълимӣ Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба илм ва истеҳсолот таъйин гардидаанд.

Ирмат Усмонович дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи хизмат саҳми беандоза доранд, ки натиҷаи он ин дар соҳаҳои гуногуни хизмат фаъолият намудани шогирдони он кас мебошанд.

Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии профессор Усмонов И.У.- 4 монография, зиёда аз 13 китоби дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ, 200 мақолаҳои илмиро дар бар мегиранд. Аксарияти мақолаҳои илмии Усмонов И.У. дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ба чоп расидаанд. Профессор Ирмат Усмонов дар симпозиумҳо ва конфронсҳои илмӣ дар шаҳрҳои Маскав, Новосибирск, Чита, Таллин, Каунас, Самарқанд, Тошканд, Алма-ато, Белгород, Фрунзе, Ашқобод, Душанбе иштирок намуда, маърӯзаҳо намудаанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *