СИМОИ РАЗИЛОНАИ СИЁҲКОРОН АЁН АСТ!

Имрӯзҳо як қисмат бадхоҳони давлату миллат дар кишварҳои Аврупо, ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз аъзои фаъоли паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли”мебошад,  дар яке аз кишварҳои Аврупо зиндагии муҳоҷирӣ дораду аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи ифротӣ бо “Минбари муҳоҷир” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромадҳо менамояд. Аслан барномаи мазкур аз оғози фаъолияташ бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ давлату миллати моро бо матлабҳои гуногуни беасос кишвари моро зери танқид қарор медиҳад. Ба М.Садридини шогирдону пайравонаш суол дода мешавад, ки  худнамоишу баромадҳо барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик  аст ё дигар масъалаҳо?!  Ба ин суол посух додан душвор нест! Ба андешаи мо М.Садриддин ва умуман ҳаммаслаку пайравони “Паймони милли..” заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Ин афрод, яъне М.Садриддини бешараф  амиқан  бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, дар пайи иҷрои супоришҳои хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегўяд. Кас аз суханрониҳои бемантиқу беасоси М.Садриддин бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ў дар ҳақиқат ба хотири молу сарват, ақли худро бохтасту бар миллату давлат хиёнат мекунанд ва ба ғайр аз ин дигар коре надорад. Бояд қайд кард, ки наҳзатиёни фирории гадогашта aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароии худро бо дини мубини ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн кушиш доранд. Наҳзатиҳои фирорӣ бо ин талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд ва ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан ягон  андешаи солиме ҷой надорад.

Хулоса, имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт, симои разилонаи сиёҳкорон – “Паймони милли..” амиқтараш ватанфурӯшон  ва душманони сулҳу ваҳдати кишварро ошкор  карда, ба ин  тамоюлҳо баҳои дурусти худро додаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст, фақат корашон гумроҳ кардани ҷавонону, кофтукоби айби касон аст ва хуллас аз дастовардҳои кишвар имрӯз ба таҳлука афтодаанд!

         Дар фарҷоми андешаи хеш, таъкидан қайд менамоем, ки мо омўзгорони ҷавони даврони соҳибистиқлол доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.

Ф.ҚУРБОНОВ ,
мудири бахши кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *