Аз расонаҳои хабари ҳамагон аз вазъи ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хуб огоҳ ҳастанд, ки имрӯз назаррастарин таҳдид ба сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин терроризим ва экстремизими динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ташкилоти экстремистиву террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) ва ё бо номи «Давлати исломӣ» мебинем, ки ҷинояткорони байналмилалӣ онро барои фиреби назари мусулмонҳо таъсис додаанд. Алҳол нисбатан ба эътидол омадани вазъи Сурия, Ироқ ва Ливия, аъзоёни ДИИШ ба таври ошкору пинҳонӣ асосан дар қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки солҳои қаблӣ, амиқтараш солҳои 2011 то 2015 онҳо ниёз ба ҷангиёни зиёд доштанд, чун дар Сурия ва Ироқ ҷанги мустақим доштанд. Тибқи маълумоти фаврӣ дар ин давра ДИИШ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд. Имрӯзҳо бошад бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овардааст. Бояд қайд кард, ки ҳамин ДИИШ-и Хурсон, ки аслан он доишии клоссикие, ки дар Ховари Миёна буд, нестанд. Ҳоло талош мекунанд, ки ҳалқаҳои хуфта ташкил кунанд дар кишварҳои гуногун ва бештар даст ба амалиёти террористӣ ё ҷангҳои чирикӣ (партизанӣ) бизананд. Мувофиқи баёнияҳои худи ин гурӯҳҳои ифротӣ, таваҷҷӯҳи бештар барои ҷалбу эҷоди халқаҳои хуфта дар кишварҳои гуногун аз ҳисоби муҳоҷирон ё намояндаҳои бумии Осиёи Марказӣ ё худи Афғонистон аст.
Омӯзиш ва таҳлили масъалаи мазкур нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт. Хулоса имрӯзҳо мубалиғони ДИИШ ба монанди пайравонаш наҳзатиҳои паймони худсохтааш бо номи “Паймони милли..” шабакаҳои иҷтимоиро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, ба мисоли Федератсияи Русия ва Туркия қарордоштаро ҷалб намуда, ҷавононро гумроҳ намуда, сафҳои худро зиёд намудан кӯшиш доранд. Муҳоҷирати нерӯи корӣ ба Федератсияи Русия омили муҳиме дар коҳиши бори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва майдони фаъолияти мағзшӯии гурӯҳи ДИИШ аст, ки мутаассифона, солҳои охир сатҳи гаравиш ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷониби тоҷикистониён низ, ба назар мерасанд. Ду соли охирро мисол меорем. Аз ҷумла, соли 2022 як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умед Умаров, ки номи мустаораш Аҳмад Фарид мебошад, қаблан аз қаламрави Русия муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, баъдан ба Туркияву Эрон ва сониян вориди Афғонистон шуда, ба ҷангҷӯёни ДИИШ пайвастааст. Инчунин дар соли 2022 бо дастури аъзои ДИИШ дар Сурия, аз ҷониби пайраваш – ҷавони роҳгумзада дар яке аз сафоратхонаи хориҷӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе амали террористӣ содир мешуд, хушбахтона он аз ҷониби мақомоти дахлдори кишварамон саривақт он пешгирӣ карда шуд. Мисоли дигар, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни “Давлати исломӣ” ҳамкорӣ намуда, дар шаби фарорасии соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз тарафи мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.
Хулоса, метавон қайд кард, ки терроризм ва экстремизм ин таҳдид ба сулҳу субот аст. Барои аз байн бурдани чунин падидаҳои манфии ҷомеа дар ниҳоди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва дар заминаи он тарбия намудани ифтихори миллӣ, ки ватандӯстии ҳақиқатро ба вуҷуд меорад, амри зарурӣ аст. Шахсе, ки худшиносии миллӣ ва ифтихори миллии баланд дорад, бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилооти мухталифи интернет ва ё шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷаҳонӣ гумроҳ гашта наметавонад. Ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем ва иттилооти ба дастовардаашро бо чашми дил таҳлил намоем. Бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд. Баробари ин, имрўз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд ва аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсан хонанд.
Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ