ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ оид ба иғвои навбатии бадхоҳони миллат дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” (аз 03 ва 7 апрели соли 2024)

Мо кормандони шуъба қаблан зимни изҳороту маколаҳои хеш нисбати муҳаммадиқболи Садриддид, ки яке аз ҳаммаслаки паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони миллӣ”мебошад андешаҳои хешро иброз дошта будем. Вобаста ба баромади навбатиаш, ки санаҳои 3 ва 7 апрели соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромад намудааст, сараввал онро маҳкум менамоем. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки М.Садриддин зимни баромадаш сараввал оид ба фазилатҳои моҳи рамазон сухан ронда, худро боз “уламои дин ” шуморида, бо ҷалби думраваш Тағоев Муҳаммад ва афроде бо номи Сулаймон вобаста ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар андешаи носолими худро иброз намуданд. Умуман баромадҳои қаблию навбатии бадхоҳони миллат- М.Садриддин ва думравонаш танҳо суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Бояд қайд кард, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намояд.
Таъкидан боз гуфтанием, ки бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро дигар карда наметавонад. Зеро таърихи давлатдории навини тољикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна мољароро гирад.
Ба раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони миллӣ” умуман бадҳоҳони миллат таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли М.Садриддин ва думравонаш ноҷавонмардон дар зеҳни мардум ва хотираи ватан ҳамчун хоину душман ва чоплусони хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост.
Мо кормандони шуъба зимни фарҷоми изҳороти хеш гуфтанием, ки мардуми сарбалани кишвар кайҳост, ки найрангҳои ҳаммаслакону думравони “Паймони милли..”, ки дар асл он ҳамон ҲНИ аст дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *