ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – МАРДУДИ ХИЁНАТКОР

Дар замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гўё мардумӣ ва демократӣ мақолаи навбатиамон тасмим гирифтем, ки оид ба фаъолияти худсохти наҳзатиҳо–“Паймони миллӣ”, ки дар асл ҳамон ҲНИ аст, ибрози андеша намоем. Имрузҳо ин гуруҳи бадманиш, яъне бадфикру бадақида, ба мисоли яке аз узви фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби думравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ ва иғвоангезӣ машғуланд, ки ба ягон қолиб рост намеояд. Ин қабил ашхос ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд ва имрӯз мардуд, яъне лаънатӣ шуда, дар кишварҳои Аврупо гадоӣ доранд. Ба мардуди хиёнаткори наҳзатӣ ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд. Хулоса, бояд донист, ки назари ақидаи паймони худсохтаи наҳзат ҳадафҳояш аён аст ва як созмони комилан ифротӣ аст. Чаро мо маҳз паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”-ро ба забон овардем, чунки таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном исломӣ, ҳадафҳои ниҳоии худ роҳандозиву амалӣ менамоянд, ки дар ҳама ҳолатҳо ба манфиати мардуми оддии мусулмон набудааст. Ин аст, ки бо роҳнамоии хоҷаҳои хориҷӣ наҳзатиҳои мардуд номи ҳизбро ба як ҳаракати бо номи “Паймони миллӣ..” таъсис дода, дар кишварҳои ғарбӣ паноҳандагӣ ёфта, амалҳои муғризонашонро идома дода истоданд. Бо ин васила миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Хулоса дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ – сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд мувофиқ aст.
Дар интиҳои андешаи хеш бори дигар фаъолияти мардуди созмони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, ки бештарашон дар хориҷи кишвар қарор доранд, маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба муҳоҷирони меҳнатӣ даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

А. ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *