Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсия борҳо нисбати баромадҳои иғвогаронаи хоинони миллат, амиқтараш нисбати раҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони паймони худсохтаи наҳзат андешаи худро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобсата ба фаъолияти иғвогаронаи раҳбарияту ҳамаслакони ҲНИ, ки алҳол номи ҳизбашонро “Паймони милли… номгузорӣ намудаанд, ибрози андеша менамоем. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки ин гурӯҳи хонинони миллат дар давоми солҳои охир, аз ҷумла аз оғози соли ҷорӣ то имруз танҳо тавассути беш аз 27 маротиба дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир ”бо ровигии Муҳаммадиқболи Садриддин маводҳои характери зиддидавлатӣ доштаро паҳн намудан, ки онро мо шадидан маҳкум карда будем. Дар иртибот ба ин, боз нисбати ин гуруҳи нотавонбину бадхоҳони миллат, ки санаи 14 апрели соли равон, тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи №268-и “Минбари муҳоҷир ” М.Садриддин ва ровии шогирдаш Сулаймон ва бо ҷалби думравонаш , ки ному лақаб доранд, аз ҷумла Ҷонсону Мамука, Малиш, Ваҳдат ва афроде бо номи Муҳаммад Тағоев баромадҳои ифротӣ намудаанд. Бояд қайд кард, ки бадхоҳони миллат зимни баромадашон боз нисбати давлату ҳукумат ва сиёсати имрузаи роҳбарияти олии кишвар бе асос норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ягон асосе надорад. Борҳо гуфта будем боз такроран иброз медорем, ки бадхоҳони зархариди носолими зикргардида бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба ҷангу ҷидол кашанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки дар барномаи қалбӣ ва навбатиашон тоҷикро байни тоҷик хандасору масхара мекунанд.Масалан ашхос бо номи Алӣ гӯё забони русиро намедонад, ки ин ба ягон қолиб рост намеояд. Инчунин дар чараёни барнома М.Садриддин оид басуратҳисбаш ворид шудани маблағи муфт маълумот дода, баробари ин, чун гадоёни Аврупои садаќа талаб намуд. Бешубҳа ин гуруҳи ифротӣ фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд. Хулоса, сомонаи “Ислоҳ, нет”,барномаи “Минбари муҳоҷир” минбари ифротии паймони худсохтаи наҳзат аст ва мардуми тоҷик аз нияти бадхоҳон ва хоинони миллат огоҳ ҳастанд. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош меварзанд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш мо М.Садридини иғвогари бешараф ва думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонаашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иљтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари азизамон сухан гӯянд!