Семинари навбатӣ дар доираи лоиҳаи UNICAC
Санаи 11 майи соли 2022 дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ чорабиниҳои омӯзишӣ, ки дар доираи барномаи ERASMUS+ оид ба W.P.3.7.2 Санҷиши таҷрибавӣ: Амалҳои мобилии донишҷӯён ва профессорон баргузор гардид.
Сараввал ҳамроҳ н.и.ф., дотсент Исмаилова Мутриба, муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Зарипова Мунаввар ва мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Мухторов Саидқосим оид ба мавзуи “Сайёҳӣ дар Тоҷикистон” баромад намуданд. Меҳмонон аз фарҳангу тамаддуни тоҷикон, сарватҳои табии нотакрор ва осорҳои таърихии бузурги Тоҷикистон маълумоти пурра гирифтанд.
Сипас н.и.ф., дотсент Камолов Фаррух оид ба мавзуи “ Интернаncионализатсияи фалсафа ва илми тоҷик дар замони гузашта” баромад намуд.
Баъдан Семинари 3-юми дохилӣ бо иштирокчиёни маҳаллӣ ва донишгоҳҳои шарик дар Хуҷанд бо тариқи zoom бо донишгоҳҳои шарик пайваст шудем. Дар он бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Далерҷон Мирпочоев оғоз намуда, дар зимни суханронии худ зикр кард: “Мо ҳама барои баррасии масъалаҳои байналмиллалии тадқиқот, проблемаҳои байналмиллалӣ ва масъалаҳои фаъолияти донишгоҳҳо ва баъзе ихтисосҳои донишгоҳҳои амалкунанда дар ин ҷо ҷамъ омадаем. Донишгоҳҳои иқтисодии гузариш ва умедворем, ки ин семинар барои дарёфти баъзе ҷанбаҳо барои таҳияи баъзе дурнамои ҳамкориҳои минбаъда кӯмак хоҳад кард”.
Сардори шуъбаи робитахои байналмилалӣ Саидқосим Мухторов суханронии худро бештар дар бораи барномаи UNICAC қайд кард, ки UNICAC аз ҷониби донишгоҳи Севиля ҳамоҳанг карда шудааст, идеяи UNICAC ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои институтсионалии байналмилалӣ байни донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Чин мебошад. Ин семинарҳо ва конфронси муштараки байналмилалии оянда ба ҳамкории донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ бо Чин ва дигар қисматҳои Осиёи Шарқӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи UNICAC бахшида шуда, зикр гардид, ки дар оянда 7 семинарҳои гуногун амалӣ карда мешавад.
Инчунин намояндаи Чин дар суханронии қайд намуд, ки “Дар оянда мо дар ҷустуҷӯи ҳамкориҳои бештар ва мушаххас ҳастем, то гуфтугӯҳо ва ҳамкориҳои муҳим дошта бошем ва умедворам, ки мо имкони бештари ҳамкориҳоро дар оянда дорем”.
Гузашта аз ин, меҳмони дигар аз донишгоҳҳои шарик андешаҳои худро дар бораи баргузории конфронсҳои онлайн дар давраи пандемия изҳор намуда, изҳор дошт: “Ҳадафи ин семинари онлайн мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин ва инчунин мушкилот буд”
Дар охир намояндагони донишгоҳҳои шарик барои дарёфти имкони боздид аз Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.