Ҳамкорӣ оид ба барномаи мубодилавӣ бо Донишгоҳи Осиек, Хорватия

FB_IMG_1634539352625
previous arrow
next arrow

ДИС ДДТТ пайваста кӯшиш менамояд, ки пешсафиро дар татбиқи барномаҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷуён нигоҳ дорад. Чунончи пештар маълумот дода будем ҳоло омӯзгори мо Мухторов Саидқосим Саидосимович тибқи барномаи Erasmusplus дар Донишгоҳи Осиек, Хорватия қарор доранд. Дар поён оид ба яке аз чорабиниҳои дар чаҳорчӯбаи сафари мазкур амалигардонидашуда, Мухторов С.С. ба мо иттилоъ дод: “Ман барои донишҷӯёни факултети Иқтисоди Донишгоҳи Осиек, Хорватия дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва имкониятҳо” баромад намудам. Дар толори лексионӣ бевосита 50 нафар донишҷӯ иштирок дошта, зиёда аз 120 нафари дигар тавассути интернет онлайн пайваст шуданд. Ман гумон надоштам, ки чунин миқдори зиёди саволҳо (бештар аз онлайн-иштирокчиён) пешкаш карда мешаванд, ки ин нишона аз баланд гаштани таваҷҷуҳи онҳо ба Тоҷикистон, иқтисодиёти мо ва имкониятҳои соҳибкорӣ дар кишвари мо буд. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Хорватия низ барои омадан ба Хуҷанди бостонӣ ва таҳсил дар ДИС ДДТТ ҷиҳати барномаҳои мубодилавӣ пурсон шуданд. Оиди ин масъала, мо бо садорати факултети иқтисоди Донишгоҳи Осиек ба мувофиқа омадем, ки ҳамкориро дар доираи барномаи Erasmusplus ва дигар барномаҳо дар соҳаи таълим ва тадқиқот идома хоҳем дод. Барои имкониятҳои нав минбаъд моро пайгирӣ намоед. Инчунин, ман аз он шодам, ки устодони кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳон” ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ имконияти тариқи онлайн дар лексия ширкат варзиданд. Ман барои таҳқиқоти минбаъдаи худ бахшида ба соҳибкорӣ якчанд ғояҳои нав пайдо намудам”.

Семинари онлайнӣ дар доираи лоиҳаи UNICAC давом дорад

Дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ  онлайн семинар дар доираи Лоиҳаи UNICAC бо Тиина Викстром баргузор шуд. Мо силсилаи семинарҳои худро таҳти WP 3.7.2 дар мавзӯи “Multicultural and Multidisciplinary Professional Competence” (Салоҳияти касбии бисёрфарҳангӣ ва бисёрсоҳавӣ) идома додем.

Модули 2 дар мавзӯи: “Understanding Culture and Diversity” (Фаҳмидани фарҳанг ва гуногунрангӣ). Устодони мо Фирӯз Ҳошимов аз кафедраи “Ҷомеашиносӣ” ва Шаҳноза Шарипова – аз кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳон” барои донишҷӯёни Финландия, Италия ва Испания дар мавзӯъҳои “Understanding culture and diversity” (Фаҳмидани фарҳанг ва гуногунрангӣ) ва “Culture in Tajikistan” (Фарҳанг дар Тоҷикистон) лексияи муштарак гузаштанд.

Баъд аз баромади устодони ДИС ДДТТ аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, профессори кафедраи “Назарияи тарҷума ва лингвистикаи муқоисавӣ” Яна Арустамян дар мавзӯи “Мақоми фарҳанг дар адабиёт” баромад кард. Дар охир аз тарафи омузгори  кафедраи “Назарияи тарҷума ва лингвистикаи муқоисавӣ” аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Шахноза Миралиева дар мавзӯи «Фарҳанг ва гуногунрангии таълими забон» маърӯза карда шуд.

Дар охири семинар  баҳсҳои ҷолиб сурат гирифт.

Мизи мудаввари минтақавӣ

       Дар шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Лоиҳаи UNICAC конфронси муштараки минтақавӣ дар мавзӯи “Effects of the situation in Afghanistan on Central Asia” (Таъсири вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ) ташкил карда мешавад. Чорабинӣ санаи 28 октябри соли 2021, тариқи онлайнӣ соати 11:00 баргузор мегардад.

       Онро муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Чин дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Испания, Финляндия ва Италия роҳбарӣ мекунанд. Дар ин мизи мудаввар масъалаи таъсири вазъияти Афғонистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карда мешавад.

Озмуни Erasmus+ дар соли хониши 2020-2021

Возможно, это изображение (текст «UNIVERSIDAD DE CANTABRIA»)

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ озмуни Erasmus+ ро барои таҳсил дар Донишгоҳи Кантабрияи Испания (дар семестри дуюми соли хониши 2020-2021) байни донишҷӯён эълон менамояд.
Талабот: дар озмун донишҷӯёни курсҳои якум ва ё дуюми донишкада, ки дар зинаи бакалавр таҳсил мекунанд, иштирок карда метавонанд.

Ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод:
1. Шакли пуркардашудаи ариза
2. Маълумот дар бораи ҳифзи иттилоот
3. CV (Тарҷумаи ҳол) бо забони англисӣ (шакли EUROPASS)
4. Созишномаи таҳсил
5. Нусхаи шиноснома
6. Транскрипт (Маълумотномаи академӣ)
7. Сертификат оид ба малакаи забони англисӣ (ҳадди ақалл сатҳи B2)
8. Мактуби асосноккунии иштирок дар барномаи Эрасмус
9. Тавсиянома
10. Маълумотнома барои тасдиқи донишҷӯ будан дар вақти иштирок дар озмун
11. Агар шумо дар вазъияти номусоиди молиявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дошта бошед, оиди он ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоед.
Мӯҳлати охирин барои қабули дархост: 21 апрели 2021
Ҳангоми интихоби номзадҳо хоҳиш ва ҳавасмандии шахсии онҳо, малакаи муоширати байнифарҳангӣ, донистани забони англисӣ ва пешрафт дар таҳсил ба назар гирифта мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: https://iet.tj/en/unican21/

Семинари онлайнӣ

На изображении может находиться: 8 человек29-уми декабри соли 2020 семинари онлайнӣ дар мавзӯи «Микро-кредитҳо: моҳият, зарурат, бартарии микробарномаҳо барои корфармоён ва донишҷӯён» бо иштироки якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози Дафтари миллии Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсади асосии семинар шиносоӣ бо мафҳуми микрокредитҳо: моҳият, муҳиммият ва бартариҳои он, истифодаи микрокредитҳо дар таҷрибаи шарикони аврупоӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарк кардани бартариҳои имконпазири микробарномаҳо барои корфармоён ва донишҷӯён ва мушкилоти марбут ба низоми таҳсилоти фосилавӣ иборат мебошад.На изображении может находиться: 6 человек
Дар семинар аз ҷониби иштирокдорон маърузаҳо дар мавзӯҳои “Микро-кредитҳо дар таҳсилот: моҳият, муҳиммият ва бартариҳои роҳандозӣ дар низоми таҳсилоти олӣ”, “Мисоли курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ҳамчун микро-кредитҳои имконпазир”, “Низоми таҳсилоти фосилавӣ: мушкилоти татбиқ ва роҳҳои ҳал” ва “Нақши озмоишгоҳҳои маҷозӣ дар ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён дар мисоли фанни “Иртиботи иттилоотӣ ва шабакаҳои компютерӣ” пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми семинар ҳайати раёсати ҳамкориҳои байналмиалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ доир ба дигар ҷанбаҳои ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.

На изображении может находиться: 4 человека

На изображении может находиться: 4 человека

Таҷлил Рўзи Эрасмус дар ДИС ДДТТ

Дар Рӯзи ҷаҳонии Эрасмус дар донишкада оид ба барномаи Эрасмус, рисолат ва ҳадафҳои он, имкониятҳо ва идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид. Барномаи Эрасмус имконият медиҳад, ки Шумо таҳсили худро дар хориҷи кишвар дар донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон идома диҳед. Чанде аз донишҷӯёни мо дар донишгоҳҳои машҳури Аврупо таҳсил карда, хотираҳои худро оид ба имкониятҳои таҳсил дар доираи барномаи Эрасмус пешниҳод намуданд:

Маҳмудҷон Бойматов, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон таассуроти худро оид ба барномаи Erasmus дар Донишгоҳи Кантабриа (Universidad de Cantabria) баён дошт:
“Дар синни бистсолагӣ Эрасмус+ ба ман рӯзҳои беҳтарин ва хотирмон эҳдо кард. Дӯстони нав, хотираҳои ҳайратангез, таҷрибаи калон ва инчунин ман фаҳмидам, ки он чизе, ки дар ҷаҳон будааст, ҳоло бисёр чиҳоро надидаам ва таҷриба наомӯхтаам ва маҳз ин маро ҳавасманд кард, барои бештар омӯхтан, саёҳат кардан ва аз ҳар лаҳзаҳои хуб самаранок истифода бурдан. Эрасмус+ ба ман имконият дод, ки бо профессорон, инсонҳои наҷиб ва бо одамони машҳури ҷаҳон шинос шавам ва донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намоям.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пандемия аст, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, таасуроти ман хеле зиёд аст. Ба донишҷӯёни азизи донишкада муроҷиат менамоям, ки имконияти худро аз даст надиҳед, аз барномаи Эрасмус самаранок истифода баред, таҳсили худро дар машҳуртарин донишгоҳҳои ҷаҳон идома диҳед.
Хусрав Мамадҷонов, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон
Эрасмус барои ман яке аз рӯзҳои хотирмону фаромӯшношуданист.Ту ҳеҷ гоҳ онро аз хотир намебарорӣ, хуб, аз фурсат истифода бурда, кори дилхоҳи худро анҷом деҳ. Боду ҳавои Сантандер маро дар ҳайрат мононд. Архитектураи куҳнаи Испониё, уқёнус, фарҳанг ва маданияти баланди сокинонаш Сантандерро ба шаҳри беҳтарин табдил медиҳанд. Ҳатто дар вақти карантин аз пандемияи коронавирус вақти худро хеле хуб гузаронидам. Ман бо дилпурӣ ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин яке аз хотираҳои ширин ва таҷрибаи беҳтарин дар ҳаёти ман буд.
Баҳруллои Сангинзода, донишҷӯи курси 4-уми иқтисодиёти ҷаҳон. Мубодила бо барномаи Эрасмус+ донишҷӯ дар Донишгоҳи Кантабриа.
Давраи тиллоии зиндагӣ солҳои донишҷӯист, иловатан агар дар ин давра дар хориҷи кишвар таҳсил намоӣ, бо одамони гуногун аз дигар миллату кишварҳо шинос шуда, ошноӣ пайдо кунӣ, бо фарҳангу маданияти дигарон ошно шавӣ ва забони хориҷиро биомӯзӣ. Ин ҳама имкониятро барои мо барномаҳои Эрасмус муҳайё месозад. Ҳамроҳ шудан ба барномаи Эрасмус+ ва таҳсил муддати шашмоҳ дар Донишгоҳи Кантабриа бароям беҳтарин фурсати зиндагӣ маҳсуб мешавад. Ман таҷрибаи навро на фақат дар соҳаи ихтисосам гирифтам, балки дар ҳаётам низ он таъсири гуворои худро расонид. Эрасмус зиндагии маро дигаргун сохт ва барои васеъ кардани донишам ва аз нуқтаи дигар назар кардан ба атроф ба ман имконияти хуб фароҳам овард. Ин таҷрибаҳое, ки дар хориҷи кишвар гирифтам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.

Самадова Роҳатҷон, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси бизнес-маъмуриятчигӣ. Мубодила бо барномаи Эрасмус+ донишҷӯ дар Донишгоҳи Кантабриа
Таърихи бой, кишвари офтобӣ, одамони саховатманд, таассуроти фаромушнашаванда ва эхсосоти равшан. Ин хотираҳои фаромушнашавандае буданд, ки бо барномаи Эрасмус ман дар Испониё таҷриба гирифтам. Ба мо имконият дод, ки бо системаи таҳсилоти Аврупоӣ шинос шавем, аз мутахассисони олидарача дониш омӯзем ва ҳамроҳ бо оилае аз Испониё зиндагӣ намоем. Ҳамаи ин пеш аз ҳама аз кори муваффақонаи шӯъбаи байналмилалии ДИС ДДТТ вобаста мебошад.

 

Манижа Набиева, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон дар ДИС ДДТТ. Мубодила бо барномаи Эрасмус+, донишҷӯ дар Донишгоҳи Кордоба
Донишҷӯ будан дар 6 моҳи таҳсил дар Испониё бо барномаи Эрасмус+ барои ман фаромушнашаванда буд. Пеш аз омадан ба ин ҷо таҷрибаҳои ман аз интизориҳоям зиёд буданд. Ин ҳақиқат аст. Ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки мо пандемияи Ковид-19-ро вомехӯрем. Лекин ман ҳеҷгоҳ интихоби худро рад намекардам. Ман бояд қабул кунам ва ростқавл бошам, ин моҳҳо аз беҳтарин моҳҳо дар ҳаёти ман буданд, ки ман дар ҳақиқат дунёро ва худамро дар атрофи одамон дидам. Бо дӯстони содиқ ва бо ҳамсояҳои хуб ошно гаштам. Мехоҳам барои ин лаҳзаҳо, барои ин шодиву хотираҳо миннатдории худро баён кунам. Мо ҳар лаҳза хурсандиро ҳис мекардем, дар ҳақиқат бо одамони хуб будему ҳастем. Фикр мекунам, ки ман хушбахтаринам, ки бо чунин одамони хуб мулоқот доштам.

Фахриддин Фаррухзода, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон, хатмкунандаи Донишгоҳи Кордоба, Испониё барномаи Эрасмус+ KA107
Барномаи Эрасмус ин имконияти хуб барои донишҷӯён, барои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии худ, бо маданияти нав шинос шудан ва донишашонро баланд бардоштан, мебошад. Эрасмуси ман дар Кордоба фаромушнашаванда буд, ки дар ҳақиқат Кордобаи таърихӣ шаҳри зебо аст. Аз дигар кишварҳо дӯстони бисёре пайдо кардам, нисфи соли ҳаётам бо онҳо гузашт. Маданияти нав, эҳсосҳои нав ва ҳаячони фараҳбахш. Эрасмус якто – Эрасмус то абад!
Мавзуна Алиева, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ. Хатмкунандам Эрасмус KA107 дар Донишгоҳи Гедик, Туркия, Истанбул.
Таҳсил кардан дар хориҷа бо барномаи Эрасмус яке аз мақсадҳои асосии ман буд. Хеле миннатдорам ба ДИС ДДТТ, ки барои амалӣ кардани орзуяҳоям ба ман имконият дод. Озодона гуфта метавонам, ки ҳатто ҳангоми паҳншавии Ковид-19, Эрасмус ба ман хотираҳои фаромушнашаванда ва имконияти хуб барои гирифтани таҷриба дод, фикру ақидаҳои нав ва албатта забони хориҷиам беҳтар шуд. Бо донишҷӯёне, ки ман дӯстӣ мекардам, донишу маърифат ва фикру ақидаҳои хуб доштанд ва аз суҳбату ҳамнишинӣ бо онҳо баҳравар гардидам.
Инчунин бо Эрасмус озод, боҷасорат ва мустақил шуданро омӯхтам. Ба ғайр аз таҳсил ба ман имконият пайдо гардид ки ба FLMUN кор кунам. Хоҳишам ба дигарон ҳамин аст, ки вақти худро беҳуда сарф накунед ва ба худ бовар кунед. Имконияти хубро аз даст надиҳед ва ҳаёти донишҷӯиро бо барномаи Эрасмус омӯзед. Ҳама чиз имконпазир аст, маслиҳат барои ҳамаи шумо ҳамин аст, ки шарм надоред, мо ҳам монанди шумо корро аз сифр оғоз намудем. Забони хориҷиро омӯхта, комёбу муваффақ гаштем.

Фаридун Тоҷиев, донишҷӯи курси 4, хатмкунандаи Донишгохи Кордоба, Испониё, барномаи Эрасмус+ KA107
Барномаи Эрасмус барои донишҷӯён ёфтани малака ва роҳбариро меомӯзад. Барои маданияти гуногунро омӯхтан ва забонҳои дигар кишварро аз худ кардан имконияти хеле хуб медиҳадд. Ташаккур ба EU барои дастгирӣ. Эрасмус ба мо дӯстони нав, дониши нав ва ҳавасмандии калон мебахшад!

 

На изображении может находиться: 6 человек, люди сидят

 

Маъруфҷон Очилов, донишҷӯи курси 4 ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, хатмкунандаи Донишгоҳи Кордоба, Испониё, барномаи Эрасмус+ KA107
Эрасмус ин на як сол ҳаёти ту, балки ҳаёт дар як сол мебошад. Ин на фақат сухан аст. Эрасмус ҳаётамро дигаргун кард. Шумо гуфта метавонед, ки ман ҳам яке аз сокинони Испониё гаштаам. Барнома на фақат барои амалӣ гаштани орзуҳоям кӯмак кард, балки дар пешрафту такмили донишу ихтисосам низ заминаи мусоид фароҳам овард.

Саидқосим Мухторов, Донишгоҳи политехникии Валенсия UPV, хатмкунандаи Эрасмус, факултаи идоракунии тиҷорат. Таҳсили дар UPV, Валенсия, Испониё.
Иштирок дар барномаи ТАРГЕТ, системаи таҳсилоти Аврупоӣ дар оғоз ба ман мушкилии зиёд овард. Инчунин фаҳмидам, ки дар Аврупо, донишҷӯ бояд нисбат ба ватани худ бештар масъулиятшинос бошад. Пас аз бозгашт ба ватани худ таҳсил ва кори худро идома додам ва шодам, ки барои омӯзонидани малакаҳои ибтидоӣ клуби омӯзиши забони испании худро таъсис додам. Мубодила ин яке аз таҷрибаҳои хуб буд, ки фикри худро васеъ кардам. Дар ботини худ як шахсияти нав, эҷодкор, масъулиятшинос, дӯстдори марзу буми кишвари азизамонро пайдо кардам. Миннатдории худро ба барномаи ТАРГЕТ мерасонам ва бовар дорам, ки донишӯёни мо аз чунин барномаҳо истифода мебаранд ва донишу малакаи худро баланд мебардоранд.

Ҷашнгирии Рӯзи Erasmus+ -ро дар ДИС ДДТТ оғоз мекунем

Мо таҷлили Рӯзи Erasmus+ -ро дар ДИС ДДТТ, дар шаҳри  Хуҷанд, Тоҷикистон оғоз мекунем. ДИС ДДТТ рӯзҳои Erasmus+ -ро аз 15 то 17 октябри  соли 2020 ҷашн мегирад.

Рӯйдодҳои рӯзи аввал.

Муҳокима дар бораи барномаи Erasmus+, рисолати ӯ, арзишҳо ва имкониятҳои он дар доираи ин барнома. Амали лоиҳаи Erasmus+ дар ДИС ДДТТ  фаҳмонида шуд.

Шарикони ДИС ДДТТ бо Донишгоҳҳои хориҷа:

  1. Донишгоҳи Контабриа
  2. Донишгоҳи Кордоба
  3. Донишгоҳи Севилла
  4. Донишгоҳи илмҳои амалии Лауреа
  5. Донишгоҳи Турин
  6. Донишгоҳи менеҷменти Варна
  7. Донишгоҳи Истанбули Гедик
  8. Донишгоҳи политехникии шимолу ғарбӣ
  9. Донишгоҳи шимолу ғарбии A&F
  10. Донишгоҳи Шинҷон
  11. Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбек
  12. Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд
  13. Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Қисми ҷолиби баромади хатмкунандагони ДИС ДДТТ аз Донишгоҳи Контабриа, Донишгоҳи Кордоба ва Донишгоҳи Гедик (Истанбул) буд. Толор аз ҳикояҳо ва таҷрибаи фаромӯшнашавандаи иштирокчиёни Erasmus+  ҳавасманд шуд, инчунин иштирокчиёни Эрасмус “Чӣ гуна пандемияи глобалӣ ба ҳаёти онҳо дар Аврупо таъсир расонд?” нақл карданд.

Мо лоиҳаҳои нав ва шариконро доир ба фаъолияти лоиҳаи UNICAC пешниҳод карда, натиҷаҳо ва қадамҳои ояндаи онро муҳокима кардем. Мулоқот бо видео-паёмӣ бо ҳамоҳангсози UNICAC  хонум Инмакулада Вивез аз Донишгоҳи Севилле ба мо хушнудии бузурге буд. Қисми дуюми чорабинии имрӯза мизи мудаввари миллӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ буд. Ҳамоҳангсози институтсионалии UNICAC  Мухторов Саидқосим душвориҳоро дар тибқи UNICAC дар давраи пандемияи COVID -19, ҳалли имконпазир ва мутобиқсозии фаъолияти онро дар ҳолати нав таъкид кард. Натиҷаҳои асосии бадастомада дар доираи лоиҳаи UNICAC ,  аз он ҷумла муҳими таҷрибаи муқоисавии муносибатҳои байналмилалӣ ва истифодаи технологияҳои нав дар шароити инзамона, ки дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳҳо фаҳмонида шуд. Пагоҳ мо Рӯзи Erasmus+ -ро идома хоҳем дод ва ба донишчӯён дар бораи “Чӣ гуна ба барномаи Erasmus+ иштирок кардан?”, “Чӣ гуна нивиштани номаҳои ҳавасмандӣ, омода кардани ҳуҷҷатҳо”-ро  маслиҳат хоҳем дод.

ДИС ДДТТ дар алоқа бошед!

 

Таъсири UNICAC дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

ДИС ДДТТ фаъолияташро дар доираи лоиҳаи UNICAC пурқувват мекунад. Ҳадафҳои асосии UNICAC ин баробар кардани супоришҳои стратегии ДИС ДДТТ барои солҳои 2020-2025 ва мусоидат кардан ба “Рушди Ҳамкориҳои Байналмилалӣ” ва “Байналмилалигардонӣ” мебошад.
Мо дар ДИС ДДТТ барои натиҷаҳои UNICAC-ро баланд бардоштан, кор карда истодаем ва устувории лоиҳа ва нигоҳдории таҳкими ҳамкориҳои байни институтсионалӣ – ро дар доираи консорсиум қадамҳои пешакӣ мегузорем. Ҳатто ба пандемияи коронавирус “Ковид-19” ҳам нигоҳ накарда, мо татбиқҳои бастаҳои кориро бо UNICAC зиёд карда истодаем.
Силсилаи тренингҳои рӯ ба рӯ ва вохӯриҳои маҷозӣ барои кормандони шӯъбаҳои робитаҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи Лауре, Донишгоҳи Севилия ва Донишгоҳи Турин барои тадбиқи таҷрибаи пешқадами Донишгоҳҳои ИА дар соҳаи байналмилалигардонӣ заминаи хуб фароҳам меоварад. Гузашта аз ин, мо дар ДИС ДДТТ инфраструктураи ШРБ-ро аз нав мукаммал кардем, ва шӯъбаи мо бо видеоконфронсхонаҳо бо тачҳизотҳои замонавӣ, микрофон ва экран, компютерҳои мизӣ-и навро аз нав ташкил кард.
Бояд қайд кард, ки ДИС ДДТТ аллакай бо аъзои консорсиумҳои UNICAC кор карда истодааст. Мо барои ҳамкорӣ кардан бо Донишгоҳи Лауреа дар бораи Мобилияти байналмилалии кредитии КА107 дар доираи Эрасмус+ розӣ ҳастем ва барои занг задан дар соли 2019 муроҷиат кардем. Инчунин ДИС ДДТТ шод аст, ки Донишгоҳи Лауреа-ро ба лоиҳаи “Тақвияти Иқтидор”-и худ, бо вучуди Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон”-ро шомил кард. Ба ҳамроҳи Донишгоҳи Торино ва Донишгоҳи Севилла, ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои харакат ба имзо расид ва ҳамкориро бо Мобилияти байналмилалии кредитии КА107 идома хоҳад дод.
ДИС ДДТТ бо Осиёи Марказӣ ва бо ҳамкорони Хитой бо зичӣ кор карда истодааст. Соли равон бо ҳамроҳи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон барои “Таҳвияти Иқтидор»-и таҳсилоти олӣ дар доираи Эрасмус+ якҷоя муроҷиат кардем. Ҳамкориро дар соҳаи илм ва тадқиқот ба мувофиқа расида, розӣ ҳастем, ки бо  Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд дар самти бунёди марказҳои инноватсионӣ бо якҷоягӣ ҳамкорӣ кунем.  Илова бар ин созишномаҳо бо Донишгоҳи милии Узбекистон ва Донишгоҳи Давлатии Хоруғ низ имзо шудааст. ДИС ДДТТ инчунин бо Донишгоҳи кишоварзии Шимолу Ғарбӣ-ҷангал бо имкониятҳои маблағгузории таҳқиқоти Хитой имконияти кор карданро меҷӯяд.

Донишҷӯёни Эрасмус+ таҳсили худро дар хориҷа оғоз карданд.

Донишҷӯёни ДИС ДДТТ  Мамадҷонов Хусрав, Сангинзода Баҳрулло, Бойматов Маҳмуд ва Роҳат Самадова  таҳсили худро дар Донишгоҳи Кантабрияи Испониё (UC Exchange students Universidad de Cantabria) аз рӯи барномаи Эрасмус+ оғоз карданд. Муддати таҳсил 5 моҳ буда, ҳамаи хароҷотҳо аз рӯи барномаи Эрасмус+ пардохт карда мешавад. Дар Донишгоҳи Кантабриа донишҷӯёни ДИС ДДТТ бо ҳамроҳи зиёда аз 250 нафар донишҷӯёни хориҷӣ, ки аз 37 давлатҳои ҷаҳон мебошанд таҳсил  мекунанд.