Санаҳои 26-27 октябри соли 2021 Ярмаркаи виртуалии лоиҳаҳои “Тақвияти иқтидори таҳсилоти олӣ”, барномаи Эрасмус+ аз тарафи Агентии иҷроияи маориф ва фарҳанги Аврупо бо иштироки зиёда аз 100 донишгоҳҳо аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон гузаронида шудааст. Боиси ифтихор аст, ки дар қатори онҳо Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ лоиҳаҳои UNICAC-ро аз байни консорсиум намояндагӣ намуд.
Дар аввал менеҷери лоиҳаҳои ширкати машвартии INCOMA (Севиля, Испания) Хуан Герреро оид ба лоиҳаи UNICAC маълумоти умумӣ, ҳадафҳои он, мақсад ва чорабиниҳои асосиро нақл намуд. Пас аз он суханро ба, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC дар ДИС ДДТТ Саидқосим Мухторов дод.
Саидқосим Мухторов дар баромади худ натиҷаҳои лоиҳаи UNICAC, таъсири он ба рушди Донишкада, рушди раванди байналмилалигардонӣ ва татбиқи таҷрибаҳои беҳтарини донишгоҳҳои шарик аз Иттиҳоди Аврупо шинос намуд. Ӯ қайд кард, ки лоиҳаи UNICAC, яке аз муҳимтарин лоиҳа барои Донишкада дар 4 соли охир буда, ҳамчун заминаи асосӣ барои рушди босуръати раванди байналмилалигардонии Донишкада ва дарёфти шарикони стратегӣ саҳми махсус дорад.
Хуан Гереро ҳамаи иштирокчиёне, ки дар ярмаркаи виртуалӣ ва шунавандагоне, ки зиёда аз 200 нафар ташкил медод дар пахши мустақим дар мавзӯи “Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Миёна” ба мизи мудаввар, ки санаи 28 октябри соли 2021 дар доираи лоиҳаи UNICAC онлайн шуда мегузарад, даъват намуд.