Вохӯрии онлайнӣ бо Дафтари ҳамкориҳои байналмилалии Ondokuz Mayıs University

Муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо Донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷа аз рӯи самтҳои барномаи мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон, тадқиқотҳои якҷояи илмӣ, иштирок дар конфронсҳо ва симпозиумҳои илмии байналмилалӣ, забономӯзӣ ва ивази таҷрибаи таълимӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Бо ҳамин мақсад, санаи 12 ноябри соли 2021 миёни Дафтари ҳамкориҳои байналмилалии Ondokuz Mayıs University ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии онлайнӣ баргузор гардид. Дар мулоқот имконоти ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус дар чаҳорчӯбаи барномаҳои табодул баррасӣ шуд.
Дар вохӯрӣ директори шуъбаи равобити байналмилалӣ, доктор Мустафо Саид, ҳамоҳангсози Эразмус+ доктор Исмоил Яман, роҳбари Дафтари ҳамкорӣ ҷаноби Бирол Курд ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, ҳамоҳангсози Эразмус Саидқосим Мухторов тасмим гирифта шуд, ки пеш аз ҳама созишномаи ҳамкорӣ байни ин ду донишгоҳ ба имзо расида, дар оянда барномаҳои табодули донишҷӯён амалӣ карда шавад.
https://intercollab.omu.edu.tr/tr/haber/omu-ile-tacikistan-state-university-of-commerce-arasinda-isbirligi-toplantisi-gerceklestirildi/37

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *