БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ҒАЙР АЗ ТЎҲМАТУ ИҒВОГАРӢ ДИГАР КОРЕ НАДОРАНД!

      Мо тавассути расонаҳои хабарӣ, алалхусус тариқи сомонаҳои интернет огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат баромад намуда истодаанд, сараввал суханҳои сафсатаашонро маҳкум намуда, зимни андешаи хеш вобаста ин масъала, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард,ки бадхоҳони миллат, дар давоми соли ҷорӣ то имруз,

бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайрави фаъоли наҳзатиҳо, дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет, барномаи “Минбари муҳоҷир”, дигар афрод бо номи Беҳрӯз Тағойзода, аъзои “Гуруҳи 24” мебошад, дар барномаи “Садои мардум” бо ҷалби шогирдону думравонашон баромад намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором ссозанд. Мо борҳо зимни изҳороту мақолаҳоямон қайд карда будем, боз гуфтанием, ки М.Садриддин ва Т.Тағойзода, умуман бадхоҳони миллат нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони соҳистиқлол дар таҳлука афтодаанд. Имрўз ба либоси М.Садриддин ва Б.Тағойзода кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ғайр аз тўҳмату иғвогарӣ дигар коре надоранд. Ин бадхоҳони миллат аз аввали фаъолияташон ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд ва барои дарёфти пулу сарватҳои муфт дар кишварҳои Аврупо гадоӣ мекунанд. Қоил мешавад, ки ҳокимияти қонунии кишвар мавқеи тавоною устувори ҳамбастагӣ бо халқ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ дорад. Хулоса, дар ҳамаи баромадҳои М.Садридддин ва Б.Тағойзода ва наворҳои дурӯғине, ки дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Баробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90 уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд.
Дар фарҷоми андешаҳои хеш ба бадхоҳону душманони миллат хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рўҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

А.ВАЛИЕВ, ассистенти

кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *