
Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Дар атрофи ин масоил-хафи ҷомеаи ҷаҳонӣ андеша намуда, қайд менамоем, ки ин ҳолат ба хавфи умумӣ оварданаш ба мушоҳида мерасад. Имрузҳо гуруҳҳу созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи ифротиаашонро ба роҳ мондаанд, ки яке аз роҳҳову усулҳои таблиғотии онҳо мебошад.

Тариқи ин навъи технологияи сиёсӣ, мехоҳанд мисли пештара дар муҳити иҷтимоӣ таъсири манфӣ гузоранд. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад. Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба кишварҳои муайян ва дар ҷанги иттилоотии давр шинохташуда мебошанд. Пушида нест, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд ва ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор меоварад. Ин дар ҳолест, ки бархе ҷавонони кишвар, бештар дар муҳоҷирати меҳнатӣ рӯҳияи ифротӣ гирифтор шуданашон ба назар мерасад. Муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси як кишвари алоҳида набуда, балки хусусияти глобалӣ дорад. Бинобар ин, на танҳо як халқи тоҷик бо муҳоҷирати меҳнати машғул аст, балки ҷаҳони имрӯзаро бе муҳоҷирати меҳнатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин масъала дар тамоми кишварҳои дуньё, аз ҷумла ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва Русияро фаро гирифтааст. Аз ин ҳолат гуруҳҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ ҷиҳати амалӣ намудани мақсади нопокашон он ҷавонҳое, ки ба ҳудуди кишварҳои номбаршуда, алалхусус ба Федератсияи Русия барои меҳнати ҳалол рафтаанд, ихтисоси касбӣ ва забонро намедонанд,онҳоро дарёфта ба доми худ медароранд. Ваъдаҳои калоне медиҳанд, ки гӯё дар кишварҳои Шарқи Наздик кори муносиб ҳаст ва маблағҳои калон мегиранд, аввал маблағи нахустинро дода, онҳоро ба боварии худ дароварда гумроҳ менамоянд.Таърих гувоҳ аст,ки оқибат бо роҳи фиреб ба давлатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ҷалб намуданд. Як қатор ҷавонони тоҷик ,ки онҳоро бо роҳи фиреб ба онҷо бурда шуда буданд, бо як азобу уқубат аз он ҷо гурехта баргашта омадаанд. Ба ғайр аз ҷавонон, занҳо ва фарзадони онҳо дар он ҷой қарор доранд, ки нияти баргаштан доранд, лекин шиноснома надоранд, зеро ҳуҷҷатҳои онҳоро террористон нобуд кардаанд. Имруз низ ин ҳолат дар кишварҳои осебпазир, аз ҷумла дар Афғонистон

ва ҳатто дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Хулоса, муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Умуман, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксарияти ин ҷавонон сатҳи донишашон паст буда, аз оилаҳои носолим, ноустувор ва ё нашъаманданд, ҳангоми таҳсил дар мактабҳои ҳамагонӣ аз таълиму тарбияи дуруст дур монда, дар бораи муқаддасот ва арзишҳои миллии кишварамон умуман тасаввурот надоранд. Дур будан аз таъриху тамаддуни халқи худ, инчунин дур будан аз арзишҳои дини мубини ислом онҳоро камақлу пастбин кардааст ва дар орзуи ба ибораи худашон «дуруст», тоат ибодат ва хизмати шоиста кардан дар роҳи Худову расул онҳоро аз мақомотҳои ҷосусии хориҷӣ шахсони алоҳида бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои бардурғ ба ҷаҳони дигар мебарад, ки оқибаташро ҳар рӯз тавассути воситаҳои ахбори омма дида истодаем. Рехтани хуни ноҳақ, талаву тороҷ гардидани молу амволи халқи оддӣ, ба марг расонидани садҳо кӯдакони бегуноҳ оварда мерасонад. Аз гуфтаҳо бармеояд, ки терроризм ва экстремизм дар замони муосир, яке аз ҷиноятҳои хавфнок буда, ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ҳоло гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд,аз ҷумла ДИИШ ( “Давлати исломӣ”), «Ал-Қоида», «Шамшери Ислом», «Таблиғ», «Салафия» ва ғайраҳо мебошанд.
Зимни натиљагирӣ, метавон қайд кард, ки ин хавфи ҷомеаи ҷаҳониро на бо воситаи силоҳи пуриқтидори ҳарбӣ, балки тавассути илму маърифат ва фарҳанги баланд метавон пешгирӣ кард. Мубориза бурдан бар зидди чунин зуҳурот, бе заминаи ҳуқуқи ғайриимкон аст.Чунки санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи мисоли кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», аз 2 январи соли 2020, № 1655 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷиноятҳои муташаккилона», аз 28 декабри соли 2013, барои иҷро намудани вазифаҳои хеш барои мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ зарур ва муфид мебошад. Лекин мо бояд фаҳмем, ки ин хавфу хатар ва умуман пешгирӣ намудан аз ҳадисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, бояд дар имрӯза шароити ташаккули ҷомеаи Тоҷикистон ва таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги таърихии миллӣ, масъалаи муомилаи насли наврас дар оила, муассисаи то мактабӣ , мактабу муҳити беруна ва фазои иттилоотӣ дар таълиму тарбия ва солим ба воя расонидани онҳо аҳамияти хоса пайдо кунанд. Маҳз воситаи ахбори омма дар шароити ҳозира қувваю тавонои кофии муқовимат дошта бошанд, чун, ки дохилшавии ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги манфии бегонаро пешгирӣ карда, намонанд, ки онҳо дар ҷамъиятӣ мо байни ҷавонон паҳн гарданд ва фикру ақидаҳо онҳоро заҳролуд намоянд. Бояд қайд намуд, ки дар шахс аз давраи кӯдаки ва наврасиаш заминаи бунёди шахсияти ӯ шакл гирифта, ин қолаб дар замони томактаби ва таҳсилоти ибтидоӣ инкишоф меёбад ва асосан чунин сифатҳо мавқеъ ва таҳкурсӣ шахсро дар ҷамъият муайян менамояд. Зеро, Ватанро аз сидқи дил дӯст доштан ва ватандорӣ аз донистани таърихи аҷдодӣ, забон ва фарҳангу суннатҳо сарчашма мегирад. Бинобар ин, мо бояд фарзандонро тарзе тарбия намоем, ки онҳо бо тамоми ҳастии худ таърих, забон ва фарҳангу суннатҳои хешро донанд ва ватани худро аз урфу одатҳои бегона ҳифозат намоянд.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
