ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд оид ба иғвои навбатии М.Садриддин дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” (07.12.2024)

      Мо кормандони шуъбаи илм ва иннноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаблан зимни изҳоротҳои хеш нисбати баромадҳои ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“паймони миллӣ” мебошад, андешаҳои хешро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста ба баромади навбатии М.Садриддин, ки санаи 7 декабри соли равон тавассути сомонаи ифротии -“Ислоҳ.нет”, дар барномаи

“Минбари муҳоҷир” таҳти унвони “Зулм, таҳқир, зиндонкунонии тоҷик аз ҳад гузашт чи кор бояд кард” ибрози ақида намуда, сараввал онро шадидан маҳкум менамоем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки М.Садриддин ин навбат низ бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев баромади беасоси иғвогариро пеша намуда, нисбат ба давлату миллати мо суханони таҳқиромез гуфта, норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуданд. Инчунин шахсони баландпояи яке аз роҳбари кишвари абарқудрат- Федератсияи Русия ва нисбати миллати рус сухани қабеҳи ноҷоя гуфта, зери суол гузоштанд. Баробари ин, бо баёнияи тазоҳургаронаашон вобаста ба баромади Рамазон Қодиров-роҳбари Чеченистон оид ба қазияи муҳоҷирон ва нисбат ва сохторҳои мақомоти қудратии Русия, андешаи носолимашонро баён дошта, онро нодуруст шарҳ доданд, ки он аз воқеият хело дур аст! Ба андешаи мо аз сиёсати дохилию берунаи кишвари болозикр сухан кардан нашояд, барои ин сиёсатшиноси асилу варзида будан лозим аст!
Хулоса, дар фарҷоми изҳороти хеш гуфтанием, ки мардуми сарбаланди кишвар найрангҳои ҳаммаслакону думравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, кайҳост дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараќќиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *