ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНИ МУОСИР

        Пӯшида нест, ки имрўз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман, Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна низ дида мешавад, метавон хотиррасон кард. Бояд ёдовар шуд, ки солҳои қаблӣ амиқтараш аз замони зуҳури ДИИШ дар соли 2014 зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданд ва ё дар он ҷо оила сохта, ба ҷангҷӯёни террористӣ ҳамроҳ шуда буданд. Оқибат аксари мардон дар ҷангҳо кушта шуда, занону кӯдаконашон сарсон мондаанд. Баробари ин, бояд қайд кард,ки бо ибтикороти роҳбарияти олии кишвар дар панҷ соли гузашта, зиёда аз 300 зану кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқу Сурия баргардонида шуданд. Аз ҷумла дар моҳи июли соли 2022 146 зану кӯдаки тоҷик аз Сурия оварда шуд, аз ин миқдор 42 зан ва 104 кӯдак мебошад. Инчунин 25 апрели соли равон 47 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 15 зан, 17 духтар ва 15 писарро, ки аъзои 13 оила буданд,тавассути ҳавопаймоии махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд.

    Баробари ин,бояд қайд кард,ки то имруз дар ин самт корҳо идома дошта, барои ба Ватан баргардонидани боқимонда шаҳрвандони кишвар, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Хулоса, терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Мо дар андешаҳои қаблиамон иброз дошта будем, боз такроран иброз медорем,ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ва ватандӯсту меҳанпараст лозим аст, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошанд. Пеш аз ҳама, дар ин кор саҳми волидайн бояд назаррас бошад. Агар падару модар доимо аз аҳволи фарзанди хеш бохабар бошаду ӯро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоянд, чунин фарзанд ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад. Баробари ин, аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд. Мо кулли омӯзгорон ва падару модарон дар њамкорї бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофатбори ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *