САҲМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР (Бахшида ба истиқболи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ)

САҲМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР
(Бахшида ба истиқболи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ)

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фаъолияти худро на танҳо дар арсаи сиёсӣ, балки дар ҳамаи бахшҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа густариш додааст. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) яке аз муҳимтарин нерӯҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз замони таъсис то имрӯз, ин ҳизб дар таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва пешбурди арзишҳои Ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштааст.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар даврае таъсис ёфт, ки кишвар бо буҳронҳои шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буд. Ҳолати ҷангӣ ва кашмакашҳои дохилӣ аз як тараф, ва мушкилоти иқтисодӣ аз тарафи дигар, ба фаъолияти сиёсӣ ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонд. Дар чунин шароит ҲХДТ ҳамчун як нерӯи сиёсии ваҳдатсозу муттаҳидкунанда таъсис дода шуд.
Раиси ҳизб аз рӯзи аввали таъсис Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҲХДТ тавонист худро ҳамчун нерӯи эътимодбахш ва пешбарандаи манфиатҳои миллӣ нишон диҳад.
ҲХДТ дар фаъолияти худ як қатор принсипҳои бунёдиро пеш мебарад, ки ҳадафи онҳо муттаҳидсозии миллат ва рушди устувори Тоҷикистон аст. Аз ҷумла:
1. Таҳкими Истиқлоли давлатӣ:
Ҳизб ба ҳифз ва густариши истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар афзалият медиҳад.
2. Ваҳдат ва ризоияти миллӣ:
Дар шароити пасҷангӣ ҲХДТ нақши калидӣ дар ташаккули ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор бозид.
3. Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ:
ҲХДТ барои рушди иқтисод, таъмини иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманд барномаҳои мухталиф пешниҳод мекунад.
4. Тарбияи ҷавонон:
Таваҷҷуҳи хос ба ҷалби ҷавонон ба сиёсат ва рушди қобилиятҳои онҳо дода мешавад, то насли ҷавон ҳамчун нерӯи ояндасоз омода гардад.
5. Пойдории адолати иҷтимоӣ:
Баробарӣ, шаффофият ва ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди кишвар мавқеи калидӣ дар фаъолияти ҳизб мебошад.
Тавре ба ҳама маълум аст, шиори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» мебошад. Зиндагии шоистаи мардумро танҳо дар асоси пешбурди сиёсати самараноки иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кору фаъолияти аҳли ҷомеа таъмин намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, бо роҳбарӣ ва роҳнамоии Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди бонизоми иқтисоди миллӣ, таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ, муътадилии нархҳо ва мувозинати савдои хориҷиро ҷонибдорӣ менамоем.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тамоми қудрату неруи худро равона месозад.
Ҳизби мо пешбурди ёздаҳ самти афзалиятнокро дар бахши иқтисодиёт ҳадафи асосии худ қарор дода, барои амалӣ намудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад:
Пешбурди сиёсати мукаммали иқтисодӣ маънои мутобиқ гардонидани он ба шароити нави муносибатҳои иқтисодиро дорад. Вобаста ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҷаҳон, таҳияи қонунҳои нав ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин, таҳия ва татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025», ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ ва истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо дар бозори дохилӣ ва кишварҳои ҳамсоя талабот зиёд аст, ба миён омадааст.
Моро зарур аст, ки рушди устувори иқтисодиётро аз ҳисоби тараққии соҳаи саноат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротшаванда ва воридотивазкунанда таъмин намоем. Дар шароити нав ин роҳи боэътимоди зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғанигардонии буҷет, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, аз ҷумла, аз тариқи ташкили технопаркҳо ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад.
1. Саҳми ҲХДТ дар рушди иқтисодӣ:
ҲХДТ нақшаҳои миллии рушди иқтисодӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро фаъолона дастгирӣ мекунад. Ҳизб барои ҷалби сармоягузориҳо, рушди инфрасохтор ва ҳавасманд кардани бахши хусусӣ замина фароҳам овардааст.
2. Дастгирии иҷтимоӣ:
Ҳизб барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа тадбирҳои зиёдеро амалӣ мекунад, аз ҷумла:
Барномаҳои дастгирии оилаҳои камбизоат.
Ташаббусҳои беҳбуди шароити таълим, тандурустӣ ва манзил.
3. Таҳкими Ваҳдати миллӣ
ҲХДТ ҳамчун ҳизби ҳоким бо дигар нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомеа барои нигоҳ доштани сулҳу субот ҳамкорӣ мекунад. Ҳизб дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ барои таҳкими ваҳдат саҳми фаъол мегузорад.
4. Саҳми ҳизб дар сиёсати хориҷӣ
Дар сатҳи байналмилалӣ, ҲХДТ сиёсати сулҳомез ва ҳамкориро дастгирӣ мекунад. Бо шарофати сиёсати оқилонаи ҳизб, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз меафзояд.
Хулоса, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон на танҳо як ҳизби сиёсӣ, балки як сутуни устувори давлатдорӣ ва муттаҳидсозандаи ҷомеа мебошад. Бо фаъолияту талошҳои худ, ҲХДТ тавонист дар рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад. Ояндаи Тоҷикистон ва нақши ҲХДТ дар он ба ҳамкории самаранок бо ҷомеа, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ваҳдати миллӣ асос меёбад.
Ҳизб бо эътимоди қавӣ барои идомаи таҳкими истиқлолият, рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистон кӯшишҳои худро идома медиҳад.

Ш. МУХАМЕДОВА ,

донишҷӯи курси 1-уми

ихтисоси 250103,гуруҳи

таҳсилоти  англисӣ, ДИСДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *