АЛАЙҲИ АҚИДАҲОИ И ИФРОТИИ ИҒВОАНГЕЗ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

     Имрўзҳо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро, бахусус ҳаммаслаку думравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли.”, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, яке аз пайрави фаъол бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, лақабаш “Иқболбӣ”аст, дар давоми соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ровигӣ менамояд ва дигар ашхоси дурӯя Беҳруз Тағоев, лақабаш “Салмон”, аъзои фаъоли “Гуруҳи 24”мебошад, дар барномаи “Садои мардум” баромади ифротӣ намуда, аз нооромиву ҳодисаҳои хатари кишвари мо ҳарф мезананд. Ин сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳони миллат аз рӯи ҳамон сенарияи солҳои 90-уми асри гузаштаи наҳзатиро каме тағйир дода, барои амали намудани супоришу мақсади роҳабру хоҷагони хориҷиашон бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардурӯғ имруз мехоҳанд вазъи кишвари моро ноором кунанд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост ва бо андешахои бад нисбат ба давлат ва миллат доранд, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Баҳсу мунозираҳо намуда, амалҳои бемазмуну бемавридро баён менамоянд. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа афрод бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарон дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд ва то имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст. М.Садриддин дар ҳар баромадаш

барои фаъолияти сомонаи “Ислоҳ.нет.”талбандагӣ менамояд. Умуман, аксари чунин гуруҳи одамон то дараҷае беору номусанд, намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст, аммо баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа ва омили низоъ мебошанд. Ба андешаи мо хуб мешуд, ки ба ҷойи ин амалҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда, барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд. Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки шахси солимақл, ки барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале бадхоҳони миллат баръаксии ин хислатҳо мебошанд. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Хулоса, имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт симои разилонаи ҳаммаслаку пайравони ТТЭ ҲНИ-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд. хиёнати аъзоёну думраваш ва роҳбарияти паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони милли” бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, алайҳи ақидаҳои ифротии иғвоангез муборизаи беамон мебарем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *