Мо зимни мақолаву изҳоротҳои хеш вобаста ба нооромиҳо дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ, моҳи ноябри соли 2021 андеша намуда будем. Воқеан вақт довар аст, ки амалҳои авбошонаи муштзӯри бераҳмӣ саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, алалхусус як фарди ҷиноятпешаи Хоруғи боло бо номи Мамадбоқир аён буд, боз иловатан қайд менамоем. Имрӯзҳо дар атрофи ин масоил тавассути расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла бо воситаи радиои «Озодӣ» ва намоиши реҷаи онлайнӣ аз ҷониби рӯзноманигорони хориҷӣ баромад намуданашон ба назар мерасад. Ҳол он, ки ин тоифа хабарнигорон аз воқеияти ҳол бехабаранду бе асос овозаҳо паҳн менамоянд. Бори дигар ба ин афрод хотиррасон менамоем, ки ин гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла Мамадбоқир тӯдаи авбошонро ҷамъ кардаву худро ҳомии Ватан хонда, пайваста мардумро ба тазоҳуротҳои сиёсӣ, маҳалгароӣ, зидди давлатӣ иғвоандозӣ мекунад. Баробари ин манбаҳои ноэътимоди иттилоотӣ, шахсони ба ҳамагон ҷеҳраашон ношинос, ки дасисабозӣ амали ягонаи онҳост, хабарҳои кӯчагӣ паҳн намуда истодаанд, ки гӯё Мамадбоқири ҷиноятпеша аз гуфтушунид бо мақомотҳо даст кашидаасту маҳз барои ҳамин ӯро ярадор кардаанд. Ин хабаррасонҳо андеша ҳам надоранд, ки ҳукуматдоронро зарурати гуфтушунид бо ҷинояткор нест! Макони ҷинояткор зиндон аст ва набояд касе аз ӯ пуштибонӣ намояд. Баробари ин амалҳои қабеҳи ӯро Амриддин Аловатшоев зимни муроҷиаташ, ба саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо шарҳу эзоҳ ифшо намуд. Вобаста ба иқрору тавбаи Аломатшоев А., андешаҳо дар рузномаи СССР №8(701), аз 27 .02.2022 бо номи «Тавбаи ҷинояткор Амриддин Аловатшоев ва муроҷиати ӯ ба гурӯҳҳои муташаккили Бадахшон» ба нашр расидааст, Дар рӯзномаи мазкур чунин зикр шудааст: мо тамоми Хоруғро ба ҷинояткорӣ олуда кардем. Ҷавононро ба ҷои дар роҳи рост дуруст бурдану тарбият кардан, аз дасти падару модаронашон гирифтем ва ҷинояткор намудем.Ҷамоат пагоҳ моро намебахшад.Боқир! Ту ҳақ надорӣ, ки ҷони ононро дар хатар гузорӣ!…
Хулоса, имрӯз мардуми бофарҳангу боорияти маҳали зисти ҷинояткор, умуман мардуми Бадахшон бо дарназардошти воқеияти ҳол ба худ хулосаи зарурӣ баровардаанд ва бахусус аз амали авбошонаю маҳалгароии Мамадбоқир нисбат ба сокинони Дарвозу Ванҷ, бохабаранд.
Дар фарҷоми андешаи хеш метавон қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон тибқи меъёрҳои қонун ва мавқеи фаъолонаи мардуми маҳал такя намуда, ҳарчӣ тезтар қазияи зиндони намудани Муҳаммадбоқир ҳаллу фасл ҳоҳанд намуд.
Таъкидан ба Мамадбоқир гуфтанием,ки холо дер нашудааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шаваду барои бадкирдориҳояш баҷои сазовор бинад. Вагарна, рӯзе пушаймон мешавад. Пушаймонӣ суд надорад.
Д. ШАРИПОВ,
УСТОДИ ДИС ДДТТ