Тараққиёти соҳаҳои саноат чун омили рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 15-уми марти соли равон дар бинои таълимии №4 конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тараққиёти соҳаҳои саноат чун омили рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» баргузор гардид, ки дар он олимону коршиносони соҳа иштирок намуданд. Нахуст директори Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. меҳмононро хайрамақдам гуфта, кори конфронсро оғоз намуд. Сипас, Шарифзода М.М. – ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои саноат дар Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо», Ҳусаинов М.Қ. – д.и.и., профессори кафедраи бехатарии иқтисодии Донишгоҳи технологии Россия таҳти унвони «Муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия: муаммоҳо ва таъсири он ба рушди соҳаҳои саноат», Қоситов О.Қ. – н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишкада  таҳти мавзӯи «Саноатикунонии кишвар-омили асосии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Усмонов И.У. – профессори кафедраи менеҷмент ва маркетинг таҳти унвони «Нақши Тоҷикматлубот дар тақвияти рушди соҳаҳои саноати хӯрокворӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Маърӯзачиён дар баромади худ аз нақши соҳаи саноат дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ёдовар шуда, амалишавии ҳадафҳои стратегии кишварро саривақтӣ ва муфид арзёбӣ карданд.

Дар конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ходими пешбари Академияи улуми Русия н.и.с. Акрамов Шарифҷон, муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба корҳои иқтисодӣ-молиявӣ н.и.и. Раҳмонов Шарафҷон Абдусамадович  иштирок ва баромад намуданд.

Дар фарҷоми конфронси илмӣ-амалӣ директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. профессори кафедраи менеҷмент ва маркетинг Усмонов Ирмат Усмоновичро, ки ҳамин рӯз ба синни мубораки 80 расиданд, аз номи кулли устодону донишҷӯён табрик намуда, ба он кас тансиҳативу хонаободӣ таманно кард. Қайд гардид, ки саҳми профессор  Усмонов Ирмат Усмонович дар пешрафти соҳаи кооператсияи матлубот назаррас буда, фаъолияти илмиву омӯзгориашон намунаи ибрат барои шогирдон мебошад.

IMG_5987
IMG_6102
IMG_5946
IMG_5997
IMG_5992
IMG_6014
IMG_6022
IMG_6057
IMG_6075
IMG_6079
IMG_6087
IMG_6094
IMG_6106
IMG_5982
IMG_5990
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *