ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР БУНЁДИ МОДЕЛИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Мардуми меҳнатқарини кишварамон дар соли сипаригашта бо шукуҳу шаҳомат ва ифтихори баланди миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии хешро пешвоз гирифтанд. Ҳадаф аз ёдовар шудани ин нукта аз он иборат аст, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду халқаи ногустании таърихи навини Тоҷикистон буда, яке дигареро тақвият мебахшад ва онҳо зинаҳои муайяни рушди ҷомеаи тоҷиконро инъикос менамояд. Дар силсилаи арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ба даст омадани ваҳдати миллӣ чун арзиши воло мақоми хоса дорад, зеро маҳз тавассути он мо тавонистем ҷомеаи хешро аз вартаи хараҷу мараҷ, бенизомиҳо ва аз ҷанги ҳалокатбори шаҳрвандӣ таҳмилӣ халос намуда истиқлолияти давлатии хешро таҳким бахшем.
Чархи гардуни таърих моро ҳарчӣ аз рӯзҳои даҳшатбори солҳои 90-ум дур мебарад, мо қадру қиммати ваҳдати миллиро бештар эҳсос менамоем. Чунин дарки падидаи мазкур аз як тараф ба таъмини сулҳу ризоият ва рушди муназзаму устувори ҷамъият вобаста бошад, аз тарафи дигар ба вазъи ноустувор ва даҳшатбори низоми ҷаҳони муосир марбут аст. Тоҷикистон дар байни давлатҳои пасошӯравӣ ягона давлатест, ки дар давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ ваҳдати миллиро байни қавму қабилаҳо ва миллат ба даст овард ва тавонист рӯй ба бунёдкориву созандагӣ оварда дар ҷаҳон худро ҳамчун миллати фараҳнгофару тамаддунсоз муаррифӣ намуд.
Агар дар масири таҷрибаи ваҳдатсозию сулҳофарини тоҷикон ба авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя, Украинаю Россия назар афканем, метавонем таъкид намоем, ки маҳз ташаккул наёфтани ваҳдати миллӣ, эҳсоси баланди ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ боиси сар задани “инқилобҳои ранга”, ҷангу ҷидолҳо гаштанд ва афсӯс, ки ин раванд идома ёфта, тартиботи ҷаҳониро таккон бахшида истодааст. Ҳатто Россия, ки яке аз давлатҳои абарқудрат мебошад, зарурияти ваҳдати миллиро пас оғози амалиёти махсуси ҳарбӣ баҳри ҳимояи аҳолии Донетск ва Луганск аз ғояҳои фашизм ва неофашизм бараъло эҳсос намуд.
Саволе ба миён меояд: барои чӣ мо миллати тоҷик арзишмандии ваҳдати миллиро тезтар эҳсос намудем? Ҷавобҳои бисёранд. Аз ҷумла, дар ҳама қазоватҳо таъкид мегардад, ки тарафҳои мутақобилаи раванди сулҳи тоҷикон эҳсос намуданд, ки давлат ва миллати тоҷик дар он солҳои пурмудҳиш лаби ҷарии фаноёбӣ қарор дошт ва ин андеша ҳақ асту ҷои баҳс ҳам нест.
Вале ғояи ваҳдатгаройии тоҷикон дар таъриху фарҳанг решаҳои чуқур дорад. Ҳикмати ваҳдатгаройи сулҳу субботи ниёгони мо аз фарҳанги Хусравонӣ, аз Авасто, фалсафаи Зардушт, таълимоти оламшумули ҳикмати машшоияи шарқӣ машаъ мегирад. Аз ҷумла, дар таълимоти зардуштия арзишҳои эътидол, меҳнати софдилона, меҳру муҳаббати бепоён ба зиндаги ва ватани хеш ҳамчун неъмати волои аз ҷониби Худои олӣ – Аҳуромаздо эҳдо гашта таъкид гаштааст. Чунин ақидаҳоро мо дар ҳикмати иҷтимоии намояндагони таълимоти машшоия Абунаср Форобӣ, Ибни Сино, Насриддин Тусӣ ва дигарон вомехӯрем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри собит намудани ин нукта, дар китоби хеш “Тоҷикон дар ойинаи таърих”(Аз Ориён то Сомониён) ба симои Куруши Кабир рӯй меоранд, ки дар таърихи тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад. Ҳамчунин ҳамон иқдоми неки шоҳаншоҳи Ҳахоманишиён Куруши Кабирро ба хотир меорад, ки дар ибтидои қарни VI то милод нахустин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ “Эъломияи ҳуқуқи инсон”-ро қабул намуда, асирони ҳарбиро озод намуд ва қавму тоифаҳои мухталифи шоҳаншоҳиро ба сулҳу салоҳ, рафоқату дӯсти даъват намуд. Магар, чунин амал аз ваҳдатгароӣ ва сулҳофарии аҷдодони тоҷикон дарак намедиҳад. Бешакк, ҷавоби ин суол мусбат аст. Барои тасдиқи ин дар китоб чунин иқтибос оварда шудааст: “Манам Куруш шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд… Фармон додам ки ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд… Фармон додам, ки ҳеҷ як аз хонаи мардум хароб нашавад, ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва ба тамоми лашкариён аз роҳи иноят баракати худро нозил кард.”
Фалсафаи ваҳдати вуҷуд мавзуи калидии таълимоти ирфонии мутафаккирони тоҷику форс маҳсуб меёбад. Албатта, дар таълимоти онҳо ваҳдати вуҷуд аз лиҳози ваҳдати худову табиат, расидан ба ҳолати фаноёбии инсон дар ҳастии Худо баррасӣ гаштааст. Ба ин вижагиҳои худ нигоҳ накарда, ба андешаи мо маҳз ҳамин ғояҳои ваҳдатароӣ, ки дар замири ниёгони мо нуҳуфта буд, заминаи боэътимоди ба даст даровардани ваҳдати миллӣ гашт.
Бубинед як иштирокдори раванди сулҳи тоҷикон онро чи тавр ба қалам додааст:
Ҳастии ин коинот аз ваҳдат аст,
Зеру болоро субот аз ваҳдат аст.
Асли кул аз ҷузъҳо омад падид,
Кулли беаҷзо ба ҷое кас надид.
Каме поёнтар омадааст:
Ин ҷаҳон андарҳаму барҳам будӣ,
Қатраҳо ба ҳам шуда дарё шудӣ
Зарраҳо бо ҳам шуда саҳро шудӣ
Эҳёгари миллати тоҷик шудӣ
Вой ба қавме, ки аз ваҳдат гурехт
Аз худшиносиву худогоҳӣ гурехт.
Яке аз орифони бузурги форсу тоҷик Ҷалолиддин Румӣ дар яке аз ғазалҳояш мегӯяд:
Ҳосили умрам, се сухан беш нест,
Хом будам, пухта шудам, сӯхтам.
Дар ин ҷо ҳадаф аз он иборат аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мо хом будем, пас аз фаноёбии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ мо таҷрибаи кофии давлатдориро надоштем, таҷрибаи давлатдории сомониён бошад аз хотираҳо зудуда гашта буданд. Зубдагони сиёсии он замон барои ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ омода набуданд. Баъди интихоб гаштани Пешвои муаззами имрӯзаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз баъзе каловишҳо ба сӯи моделҳои мавҷудаи давлатдорӣ ба хулосае омадем, ки онҳо барои миллати мо бегона буда, манфиатҳои миллии моро ҳифз карда наметавонанд. Дар пайи ҷустуҷӯи модели давлатдории навини тоҷикон, мо рӯ ба таъриху фарҳанги хеш овардем ва аз он ҷо чунин арзишҳоро ба мисли “ваҳдат”, “эътидол”, “сулҳу ризоият” – ро дарёфтем ва баҳри комёб шудан ба ин арзишҳо мубориза бурдем.Аз деҳаи Хосдеҳи Афғонистон то Маскав ин масофае буд, ки мо ҳар як ваҷаби онро ғалтидаву хеста, побарҷову гаваккашон пайроҳаҳои каҷу килеби онро тай намуда ба лаҳзаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ расидем, яъне ба қавли Мавлоно пухта шудем.
Мафҳуми “сухтам”-ро Мавлони ба маънии сӯхтан дар ҳастии Худо истифода намудааст. Вале мо онро ба маънии дигар истифода менамоем, ки он чунин аст:
Арзишмандтарин неъмати даврони истиқлолият ин буд, ки дар тӯли ин солҳо Тоҷикистоне, ки дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмили сӯхта истода, чун мурғи Ҳумо бо сарвари хирадмандаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаммоҳои душворро паси сар намуда, аз хокистар эҳё гашт. Таваҷҷӯҳпазиртарин нукта ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон давраи пурихтилоф ва низоъҳои иҷтимоиро паси сар намуда, дар ҷомеа ғояи беназир – ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоиятро тадбиқ намуд. Ба ибораи дигар, мо дар раванди сулҳу ваҳдати тоҷикон дар аввал хом будем, соддаву зудбовар будем, баъд дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмили сӯхтем ва вале сарбаландии мо аз он аст, ки мо тавонистем ватану миллати худро аз хокистар эҳё намудем
Дар ин робита, мехостам ба таври мушаххас мехостам чанд нуктаро ба таваҷҷуҳу қазовати шумоён пешниҳод намоям.
Якум, ба сайъу кӯшиши Пешвои миллат оид ба пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ баҳо дода, бо боварии том гуфта метавонем, ки ӯ дар илми сиёсатшиносӣ ва низоъшиносӣ асосгузори назария ва консепсия нави ҳалли зиддият ва низоъ мебошад, ки онро бе ягон муболиға модели нав гуфтан ҷоиз аст.
Дар доираи муҳокимарониҳо доир ба ин модели нав муҳаққиқон ибрози ақида намудаанд, ки мо бо боварии том метавонем дар бораи «модели тоҷикӣ» дар расидан ба сулҳу оштии миллӣ сухан гӯем. Таҷрибаи тоҷикон дар ин самт ҳам дар доираҳои илмии дохилию байналмилалӣ ва ҳам дар доираҳои сиёсӣ расман эътироф гашта, мавриди омӯзиши васеъ қарор гирифтааст.
Яке аз хусусияти хоси ин модел аз он иборат аст, ки он ба ҳалли низои мусуаллаҳона нигаронида шуда, дар таърихи инсоният бесобиқа мебошад. Аз ин лиҳоз, модели дар асоси таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон эҷод гашта, бояд объекти омӯзиш ва таҳлили фарогири муҳаққиқони низоъшиносӣ ва олимони соҳаи илми сиёсат қарор дода шавад.
Дуюм, дар давоми 30 соли истиқлолияти давлати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд як мактаби фарогир, таҳаммулпазир ва сулҳофаринро бунёд намояд. Бо боварии том гуфта метавонем, ки маҳз ҳамин модели нави давлатдорӣ буд, ки Тоҷикистонро аз нобуди наҷот бахшид, ҳамакнун тоҷикон хатари нобудиро паси сар гузошта, амнияти хешро дар ҷомеаи пуртаҳлукаи имрӯзаи ҷаҳон ҳифз менамоянд. Аз ин боис месазад гӯем, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз чеҳраи баргузидаи сиёсӣ, эҳёкунандаи миллати тоҷик, бунёдгузори таъриху фарҳанги муосири тоҷик, наҷотбахши тамомияти арзӣ, таъминкунандаи ваҳдат ва ризоияти миллӣ, амнияту суботи ҷомеа, муаррифкунандаи забон, арзиш, муқаддасот, мардонагӣ, футувват ва фазилати шоистаи мардуми тоҷикро дар худ таҷассум менамояд.
Сеюмин нукта ин аст, ки имрӯз зарур аст, ки ваҳдати миллӣ бояд ба сатҳи ғоряи миллӣ барпдошгта шавад, зеро давоате, ки соҳиби ғояйи миллӣ нест, мардумонаш ба сӯи ғояҳои дигар майл менамоянд. Боэътимод гуфта метавонем, ки имрӯз ҳар як намояндаи миллат аз ватани хеш, аз сулҳу суботи ҷомеа мефахрад ва дарк менамояд, ки барои ба даст овардани ваҳдату ризоияти миллӣ чи қадар қувва сарф гашта бошад, барои ҳифзи он ҳамон қадар, шояд аз он ҳам зиёдтар саъю кӯшиш зарур аст.
Хулоса, ҷомеаи Тоҷикистон чун соири ҷомеаҳои пасошурваӣ нахустин гомҳоро дар эъмори давлатдории худ гузошт. Аллбатта, ҷомеаи Тоҷикистон натавонист аз офату хезҳои дохили таъбир кунад, ҷомеаро дар ин росто мувофиқ намояд, зеро барои наҷот аз ҳама гурӯҳҳо ва мухолифатҳо фурсати зиёд сарф кард. Вале муҳим он аст, ки ҷомеае, ки аз ҳаракату таҳвили худ огоҳ аст, бору дучори парешонӣ намегардад, ба суханони дурӯғу зерипардагии душманон бовар намекунад ва намегузорад, ки афроде, қуввае оромиву субботи ҷомеаро халалдор созад.
СОЛИҶОНОВ Р.,
доктори илмҳои фалсафа, профессори
кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *