ВАҲДАТ – АСОСИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТ

Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. Ин калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст. Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад. Дар таъриху сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун даврони саодатофарин ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои мо – насли ояндасози кишвар 27 – уми июни соли 1997 аз шумули ҳамин санаҳои муқаддас мебошад. Дар ин рӯзи мубораку саид пас аз талошу кӯшишҳои қаҳрамононаву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тасвиби ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин баҳри мо тоҷикистониён ба қавли Лоиқи ширинсухан «сулҳи бунёдкор»-ро ба армуғон оварда, барои вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагии шаҳрвандони кишварамон такони бузург бахшид.
Давоми 25 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, бо тамоми қудрату тавон барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Ватан – Модар ва таъмини некӯаҳволию осоиши ҷону тани худ камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту роҳнамоиҳои меъмори сулҳу Ваҳдат, Сарвари давлат, роҳбари муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ мекунанд. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маънавие ноил гардад. Танҳо бо шарофати сулҳу созиш ва Ваҳдати миллӣ чеҳраи мунаввару хирадмандона, қалби пурмеҳр ва рӯҳи шикастнопазири халқи тоҷик пеши назари тамоми ҷаҳониён таҷаллӣ намуд.
Мусаллам аст, ки даст ёфтан ба Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон ба осонӣ муяссар нагардидааст. Ҷиҳати расидан ба он мо чӣ қадар марҳилаҳои душворро паси сар кардаем. Аммо бо вуҷуди ин фарҳанги ҳазорсола, заковату шуҷоати халқ ва хиради сиёсии Сарвари давлат аз муҳимтарин омилҳое буданд, ки моро ба сулҳу Ваҳдат расониданд, ки баъдан он ба бузургтарин нерӯи созанда ва ормони мардумӣ табдил гардид. Имрӯз кишвари мо ба ваҳдатистони ҳақиқӣ табдил шудааст. Мардум аҳамият ва зарурияти Ваҳдатро бештару хубтар дарк намуда, барои таҳкими пояҳои он содиқона заҳмат мекашанд. Дар ин рӯзҳои фархунда мо танҳо ба хотири шукргузорӣ ба сулҳу оштӣ каме ба таърихи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ руҷӯъ менамоем, то хонандаи закиро ба қадри донишу маърифати худ бо нақши сарнавиштсози ҳамбастагию иттиҳод ошно намоем.

КОМИЛОВА Ф.А.,
ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *