Аз рӯйдодҳои муҳимми тақдирсози миллати тоҷик хеле солҳо сипарӣ гаштанд. Агар ба таърих назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани давлату миллат ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат чеҳраи таърихие лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самари некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.
Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон, ин ваҳдату ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷаҳон омӯхта истодаанд. Рӯзи ваҳдати миллӣ барои тамоми ҳамватанон муборак бод!
С.БУРҲОНОВ