ЭЪЛОН!!!

Шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолоти Донишкадаи Иқтисод ва Савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Тавҳидбонк”, шартномаи сеҷониба бо донишҷӯён имзо мерасонад. Ин иқдом ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити воқеии корӣ малакаҳои касбии худро такмил диҳанд ва ҳамзамон донишҳои таҷрибавии худро густариш диҳанд. Донишҷӯён дар вақти берун аз машғулиятҳои таълимӣ ба кор дар ҶСК “Тавҳидбонк” ҷалб мешаванд.

Пас аз гузаронидани санҷишҳои зарурӣ, донишҷӯён бо ҷойи корӣ дар ин ташкилот таъмин карда мешаванд.

Инчунин, “Тавҳидбонк” бар ивази фаъолияти донишҷӯён маблағи таҳсили онҳоро пардохт менамояд.

Шумораи ҷойҳои корӣ маҳдуд аст, бинобар ин довталабон бояд аз санҷишҳои зарурӣ гузаранд.

Афзалиятҳои ин иқдом:

  • Имконияти кор ва таҳсил дар як вақт.
  • Такмили малакаҳои касбӣ дар муҳити воқеии корӣ.
  • Ҷои кори доимӣ пас аз хатм.

Барои  бақайдгирӣ:
Ба Шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолот муроҷиат кунед (бинои таълимии №2, утоқи 314) ё тариқи почтаи электронии dual.edu.iet@gmail.com. Муроҷиат намоед.

Фурсатро аз даст надиҳед ва барои ояндаи касбии худ қадами устувор гузоред!

Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷалилзода А. А. ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

     Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун, дар ин рўзҳои хуҷаставу фархунда, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёну кормандон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва барору комёбиҳо таманно менамоям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромади худ баъди интихоб гардиданашон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд, ки: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент Шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард”. Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд. Сарвари давлат дар як мудддати кўтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии шоиставу арзанда муҳайё созанд. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид. Пешвои муаззами миллат барҳа фармудаанд: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тадири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ адами нахустин гузошта шуд”. Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорон, омўзгорон, донишҷўён ва кормандони Донишкада, бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо ва сокинони сарбаланди Ватани азизамонро ба ҷашни фархундаи Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бо нангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.

Мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар рушду нумуи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ, бахшида ба 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИСДДТТ мизи мудаввар ташкил ва баргузор гардид.

Мизи мудавваро мудири кафедра н.и.и. Мухитдинова Ш.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо ин санаи таърихӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз барои мардуми шарифи кишвар сарвари оқилу кордон, матинирода ва марди хоксору ғамхорро барои ҳамчун роҳбари олӣ таъин намуд. Инчунин, бо шарофати ин санаи таърихӣ дар мамлакати ҷангзада сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ пойдор гардид.
Сипас, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллаӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёти кишвар сухан ронданд.
Баъдан, маърузаи мутахассиси шуъбаи иттилоот ва ҷомеа Мамадҷонов Ф.С. дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд, ки хеле ҷолиби диққат буд. Мамадҷонов Ф.С. ҳамчун як шахсе, ки дар рафти ин Иҷлосияи тақдирсоз ширкат варзида буданд, ба аҳли нишаст бисёр маълумотҳои муҳимро мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин, донишҷўи курси 3, гуруҳи 25010407 ихтисоси молия ва қарз дар ФИБ Эргашева Нигина дар мавзуи «Аҳамияти иҷтимоии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони англисӣ баромад намуд.
Мизи мудавар ҷиҳати тарбиявӣ дошт, ки дар охир, донишҷўён доир ба Пешвои миллат, Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият шеърҳо қироат намуданд.
Боиси зикр аст, ки мизи мудаввар хеле хотирмон ва дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МАВҚЕИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ”

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара санаи 2 ноябри соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии таҳти унвони “Мавқеи иқтисоди сабз дар ҳалли мушкилоти экологӣ” бахшида ба 80 – солагии собиқ директори таълимгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон АҳадТешаев дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар конференсияи мазкур, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, профессор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ (тариқи маҷозӣ), мудири бахши саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Қосимӣ Баҳромхон, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ,н.и.и. дотсент, Ахмедов Усмонҷон, муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон н.и.и. Мирпочоев Далерҷон, д.и.и., профессори ҳамин донишкада Ғозибеков Садриддин, олимони Донишгоҳи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Саидов Мустафохон ва н.и.и. Раҳматов Абдумавлон ширкат варзиданд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, д.и.и., профессор Раҳмонзода З.Ф. ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба кори конференсия барору комёбиҳо таманно намуд.


Сипас, директори Филиали Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, н.и.к. Абдуллоев Ҳошимҷон дар мавзуи “Мавқеи иқтисоди сабз дар ҳалли мушкилоти экологӣ” баромад намуда, оид ба мубрамияти ҳалли мушкилоти экологӣ дар шароити муосир ва роҳҳои ҳалли он маърӯзаи илмӣ намуд.
Муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, н.и.и. Ахмедов У. доир ба мавзӯи “Формиравание зелёной экономики как фактор достижения устойчивого развития национальной экономики”, муовини директори ДИС ДДТТ н.и.и. Мирпочоев Д. дар мавзуи “Иқтисодиёти сабз ва масъалаҳои саноатикунонии кишвар: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳал”, декани факултаи иқтисодиёт ва идора н.и.и.Ҳомидов И. дар мавзуи “Таҳсилоти олии касбӣ, илми сохтмон ва нақши профессор Тешаев Аҳад” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Инчунин, профессор Ғозибеков С.А. баромад намуда, вобаста ба мушкилоти гузариш ба иқтисодиёти сабз ва баъзе самтҳои ҳалли масъалаҳои гузариш ба иқтисодиёти сабз фикри худро баён намуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ифтитоҳии конференсия барои маърӯзаҳои пурмӯҳтаво аз тарафи директори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дотсент Абдуллоев Ҳ. сипоснома супорида шуд.

Баргузории даври дуввуми олимпиада аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ ва дарёфти донишҷӯёни болаёқат санаи 04.11.2024 даври дуввуми олимпида аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 12 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Дар даври дуввум довталабон аз рӯи ду шарт: кор бо тестҳо ва саволҳои хаттӣ қувваозмоӣ намуданд.
Боиси зикр аст, ки олимпиадаро устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шораҷабова Ш., Раҳимова А. ва Зикриёева Ҳ. дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи ҳайъати ҳакамон ғолибони даври дуввум муайян гардида, барои иштирок ба давари сеюм пешниҳод карда мешаванд.

Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Дар ДИС ДДТТ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баргузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Донишкада, н.и.и., дотсент Ҷалилзода А.А. оғоз гардид, ки мавсуф ҳозирин ва устодону донишҷӯёнро ба муносибати баргузории конференсияи байналмилалӣ ва 30-юмин солгарди Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Дар конференсияи байналмилалӣ Мачехин Виктор Александрович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири лабораторияи таҳқиқотҳои сиёсати андози Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Россия дар мавзӯи “Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баромад намуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафурӣ табрикоти Раиси вилоятро ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид.

Дар идомаи конференсия Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори факултети 4-уми Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия дар мавзӯи “Моҳият ва таъиноти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маҳмудзода Олим Ҳомид, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия дар мавзӯи “Ислоҳоти асосии сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ҷӯраева Донохон Тӯрахоновна, прокурори

шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, мушовири адлияи дараҷаи дуюм дар мавзӯи “Кафолатҳои конститутсионии ҳууқуқ ва озодиҳои инсон” баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҳамчунин Нигора Ҳоҷибоева, доктори PhD, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ перомуни мавзӯи “Конститутсия – рамзи давлатдории миллӣ” суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи байналмилалӣ аз тарафи директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҷалилзода А.А. ба маърузачиён сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Конференсия дар бахшҳо идома ёфта, мақолаҳои пешниҳодгардида дар шакли китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти мавзуи “Муаммоҳои муосири рушди низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”

Санаи 25 октябри соли 2024 бо ташаббуси Шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ҳамбастагӣ бо якчанд донишгоҳҳову донишкадаҳои пешқадами ҷаҳон Донишкадаи иқтисодиёт ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгород (Ферератсияи Русия), Донишкадаи инженерӣ-технологии Бухоро (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Донишгоҳи Русия-Арманистон (Славянӣ) (Ҷумҳурии Арманистон), Донишгоҳи Дэчжоу (Ҷумҳурии мардумии Чин), Донишкадаи иқтисодии Академияи миллии илмҳои Беларус (Ҷумҳурии Беларус), Донишгоҳи иқтисодии Казпотребсоюзи Караганда (Ҷумҳурии Қазоқистон), Донишгоҳи нафтии Пекин (Ҷумҳурии мардумии Чин), Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Донишгоҳи давлатии Тошканд ба номи С. Улуғзода (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Донишгоҳи хоҷагии халқи Қазоқистон (Ҷумҳурии Қазоқистон), Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон)

баргузор гардид. Дар конфронси мазкур аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон якчанд мақолаҳои илмӣ пешниҳод карда шуда, мавриди муҳокима гаштанд. Конфронси илмӣ-амалӣ тариқи онлайн гузаронида шуда, иштирокчиёни конфронс дар баҳсҳои илмӣ басо фаъол буданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳро ноил гаштанд. Дар охири ҷамъбасти конфронс аз ҷониби Донишкадаи иқтисодиёт ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгород ба иштирокчиёни конфронс сертификатҳо пешниҳод карда шуданд.

Озмуни вилоятии «Беҳтарин донандаи Конститутсия»

Санаи 18-уми октябри соли 2024 тибқи мактуби Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» озмуни вилоятии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор гардид.

Дар озмуни вилоятӣ аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон донишҷўи бахши 4-уми ихтисоси 24010302-танзими ҳуқуқии молия ва қарз Бобоев Дилшод Ҳошимбоевич аз рўи номинатсияи «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва донишҷўи бахши 2-юми ихтисоси 240103-ҳуқуқи иқтисодӣ Хаёлов Шаҳдӣ Мирзоҳакимович аз рўи номинатсияи «Беҳтарин мақола дар бораи Конститутсия» иштирок намуданд. Барои иштироки фаъолона дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, боло бурдани сатҳи фарҳанги конститутсионӣ ва ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ дар озмуни вилоятӣ донишҷўи бахши 4-уми ихтисоси 24010302-танзими ҳуқуқии молия ва қарз Бобоев Д.Ҳ. аз рўи номинатсияи «Беҳтарин донандаи Конститутсия» сазовори дипломи дарачаи 3 ва тўҳфаи пулӣ ба миқдори 500 сомонӣ, ва донишҷўи бахши 2-юми ихтисоси 240103-ҳуқуқи иқтисодӣ Хаёлов Ш.М. аз рўи номинатсияи «Беҳтарин мақола дар бораи Конститутсия» сазовори дипломи дараҷаи 2 ва тўҳфаи пулӣ ба миқдорӣ 700 сомонӣ гардиданд.