Таҷлил Рўзи Эрасмус дар ДИС ДДТТ

Дар Рӯзи ҷаҳонии Эрасмус дар донишкада оид ба барномаи Эрасмус, рисолат ва ҳадафҳои он, имкониятҳо ва идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид. Барномаи Эрасмус имконият медиҳад, ки Шумо таҳсили худро дар хориҷи кишвар дар донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон идома диҳед. Чанде аз донишҷӯёни мо дар донишгоҳҳои машҳури Аврупо таҳсил карда, хотираҳои худро оид ба имкониятҳои таҳсил дар доираи барномаи Эрасмус пешниҳод намуданд:

Маҳмудҷон Бойматов, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон таассуроти худро оид ба барномаи Erasmus дар Донишгоҳи Кантабриа (Universidad de Cantabria) баён дошт:
“Дар синни бистсолагӣ Эрасмус+ ба ман рӯзҳои беҳтарин ва хотирмон эҳдо кард. Дӯстони нав, хотираҳои ҳайратангез, таҷрибаи калон ва инчунин ман фаҳмидам, ки он чизе, ки дар ҷаҳон будааст, ҳоло бисёр чиҳоро надидаам ва таҷриба наомӯхтаам ва маҳз ин маро ҳавасманд кард, барои бештар омӯхтан, саёҳат кардан ва аз ҳар лаҳзаҳои хуб самаранок истифода бурдан. Эрасмус+ ба ман имконият дод, ки бо профессорон, инсонҳои наҷиб ва бо одамони машҳури ҷаҳон шинос шавам ва донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намоям.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пандемия аст, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, таасуроти ман хеле зиёд аст. Ба донишҷӯёни азизи донишкада муроҷиат менамоям, ки имконияти худро аз даст надиҳед, аз барномаи Эрасмус самаранок истифода баред, таҳсили худро дар машҳуртарин донишгоҳҳои ҷаҳон идома диҳед.
Хусрав Мамадҷонов, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон
Эрасмус барои ман яке аз рӯзҳои хотирмону фаромӯшношуданист.Ту ҳеҷ гоҳ онро аз хотир намебарорӣ, хуб, аз фурсат истифода бурда, кори дилхоҳи худро анҷом деҳ. Боду ҳавои Сантандер маро дар ҳайрат мононд. Архитектураи куҳнаи Испониё, уқёнус, фарҳанг ва маданияти баланди сокинонаш Сантандерро ба шаҳри беҳтарин табдил медиҳанд. Ҳатто дар вақти карантин аз пандемияи коронавирус вақти худро хеле хуб гузаронидам. Ман бо дилпурӣ ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин яке аз хотираҳои ширин ва таҷрибаи беҳтарин дар ҳаёти ман буд.
Баҳруллои Сангинзода, донишҷӯи курси 4-уми иқтисодиёти ҷаҳон. Мубодила бо барномаи Эрасмус+ донишҷӯ дар Донишгоҳи Кантабриа.
Давраи тиллоии зиндагӣ солҳои донишҷӯист, иловатан агар дар ин давра дар хориҷи кишвар таҳсил намоӣ, бо одамони гуногун аз дигар миллату кишварҳо шинос шуда, ошноӣ пайдо кунӣ, бо фарҳангу маданияти дигарон ошно шавӣ ва забони хориҷиро биомӯзӣ. Ин ҳама имкониятро барои мо барномаҳои Эрасмус муҳайё месозад. Ҳамроҳ шудан ба барномаи Эрасмус+ ва таҳсил муддати шашмоҳ дар Донишгоҳи Кантабриа бароям беҳтарин фурсати зиндагӣ маҳсуб мешавад. Ман таҷрибаи навро на фақат дар соҳаи ихтисосам гирифтам, балки дар ҳаётам низ он таъсири гуворои худро расонид. Эрасмус зиндагии маро дигаргун сохт ва барои васеъ кардани донишам ва аз нуқтаи дигар назар кардан ба атроф ба ман имконияти хуб фароҳам овард. Ин таҷрибаҳое, ки дар хориҷи кишвар гирифтам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.

Самадова Роҳатҷон, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси бизнес-маъмуриятчигӣ. Мубодила бо барномаи Эрасмус+ донишҷӯ дар Донишгоҳи Кантабриа
Таърихи бой, кишвари офтобӣ, одамони саховатманд, таассуроти фаромушнашаванда ва эхсосоти равшан. Ин хотираҳои фаромушнашавандае буданд, ки бо барномаи Эрасмус ман дар Испониё таҷриба гирифтам. Ба мо имконият дод, ки бо системаи таҳсилоти Аврупоӣ шинос шавем, аз мутахассисони олидарача дониш омӯзем ва ҳамроҳ бо оилае аз Испониё зиндагӣ намоем. Ҳамаи ин пеш аз ҳама аз кори муваффақонаи шӯъбаи байналмилалии ДИС ДДТТ вобаста мебошад.

 

Манижа Набиева, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон дар ДИС ДДТТ. Мубодила бо барномаи Эрасмус+, донишҷӯ дар Донишгоҳи Кордоба
Донишҷӯ будан дар 6 моҳи таҳсил дар Испониё бо барномаи Эрасмус+ барои ман фаромушнашаванда буд. Пеш аз омадан ба ин ҷо таҷрибаҳои ман аз интизориҳоям зиёд буданд. Ин ҳақиқат аст. Ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки мо пандемияи Ковид-19-ро вомехӯрем. Лекин ман ҳеҷгоҳ интихоби худро рад намекардам. Ман бояд қабул кунам ва ростқавл бошам, ин моҳҳо аз беҳтарин моҳҳо дар ҳаёти ман буданд, ки ман дар ҳақиқат дунёро ва худамро дар атрофи одамон дидам. Бо дӯстони содиқ ва бо ҳамсояҳои хуб ошно гаштам. Мехоҳам барои ин лаҳзаҳо, барои ин шодиву хотираҳо миннатдории худро баён кунам. Мо ҳар лаҳза хурсандиро ҳис мекардем, дар ҳақиқат бо одамони хуб будему ҳастем. Фикр мекунам, ки ман хушбахтаринам, ки бо чунин одамони хуб мулоқот доштам.

Фахриддин Фаррухзода, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон, хатмкунандаи Донишгоҳи Кордоба, Испониё барномаи Эрасмус+ KA107
Барномаи Эрасмус ин имконияти хуб барои донишҷӯён, барои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии худ, бо маданияти нав шинос шудан ва донишашонро баланд бардоштан, мебошад. Эрасмуси ман дар Кордоба фаромушнашаванда буд, ки дар ҳақиқат Кордобаи таърихӣ шаҳри зебо аст. Аз дигар кишварҳо дӯстони бисёре пайдо кардам, нисфи соли ҳаётам бо онҳо гузашт. Маданияти нав, эҳсосҳои нав ва ҳаячони фараҳбахш. Эрасмус якто – Эрасмус то абад!
Мавзуна Алиева, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ. Хатмкунандам Эрасмус KA107 дар Донишгоҳи Гедик, Туркия, Истанбул.
Таҳсил кардан дар хориҷа бо барномаи Эрасмус яке аз мақсадҳои асосии ман буд. Хеле миннатдорам ба ДИС ДДТТ, ки барои амалӣ кардани орзуяҳоям ба ман имконият дод. Озодона гуфта метавонам, ки ҳатто ҳангоми паҳншавии Ковид-19, Эрасмус ба ман хотираҳои фаромушнашаванда ва имконияти хуб барои гирифтани таҷриба дод, фикру ақидаҳои нав ва албатта забони хориҷиам беҳтар шуд. Бо донишҷӯёне, ки ман дӯстӣ мекардам, донишу маърифат ва фикру ақидаҳои хуб доштанд ва аз суҳбату ҳамнишинӣ бо онҳо баҳравар гардидам.
Инчунин бо Эрасмус озод, боҷасорат ва мустақил шуданро омӯхтам. Ба ғайр аз таҳсил ба ман имконият пайдо гардид ки ба FLMUN кор кунам. Хоҳишам ба дигарон ҳамин аст, ки вақти худро беҳуда сарф накунед ва ба худ бовар кунед. Имконияти хубро аз даст надиҳед ва ҳаёти донишҷӯиро бо барномаи Эрасмус омӯзед. Ҳама чиз имконпазир аст, маслиҳат барои ҳамаи шумо ҳамин аст, ки шарм надоред, мо ҳам монанди шумо корро аз сифр оғоз намудем. Забони хориҷиро омӯхта, комёбу муваффақ гаштем.

Фаридун Тоҷиев, донишҷӯи курси 4, хатмкунандаи Донишгохи Кордоба, Испониё, барномаи Эрасмус+ KA107
Барномаи Эрасмус барои донишҷӯён ёфтани малака ва роҳбариро меомӯзад. Барои маданияти гуногунро омӯхтан ва забонҳои дигар кишварро аз худ кардан имконияти хеле хуб медиҳадд. Ташаккур ба EU барои дастгирӣ. Эрасмус ба мо дӯстони нав, дониши нав ва ҳавасмандии калон мебахшад!

 

На изображении может находиться: 6 человек, люди сидят

 

Маъруфҷон Очилов, донишҷӯи курси 4 ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, хатмкунандаи Донишгоҳи Кордоба, Испониё, барномаи Эрасмус+ KA107
Эрасмус ин на як сол ҳаёти ту, балки ҳаёт дар як сол мебошад. Ин на фақат сухан аст. Эрасмус ҳаётамро дигаргун кард. Шумо гуфта метавонед, ки ман ҳам яке аз сокинони Испониё гаштаам. Барнома на фақат барои амалӣ гаштани орзуҳоям кӯмак кард, балки дар пешрафту такмили донишу ихтисосам низ заминаи мусоид фароҳам овард.

Саидқосим Мухторов, Донишгоҳи политехникии Валенсия UPV, хатмкунандаи Эрасмус, факултаи идоракунии тиҷорат. Таҳсили дар UPV, Валенсия, Испониё.
Иштирок дар барномаи ТАРГЕТ, системаи таҳсилоти Аврупоӣ дар оғоз ба ман мушкилии зиёд овард. Инчунин фаҳмидам, ки дар Аврупо, донишҷӯ бояд нисбат ба ватани худ бештар масъулиятшинос бошад. Пас аз бозгашт ба ватани худ таҳсил ва кори худро идома додам ва шодам, ки барои омӯзонидани малакаҳои ибтидоӣ клуби омӯзиши забони испании худро таъсис додам. Мубодила ин яке аз таҷрибаҳои хуб буд, ки фикри худро васеъ кардам. Дар ботини худ як шахсияти нав, эҷодкор, масъулиятшинос, дӯстдори марзу буми кишвари азизамонро пайдо кардам. Миннатдории худро ба барномаи ТАРГЕТ мерасонам ва бовар дорам, ки донишӯёни мо аз чунин барномаҳо истифода мебаранд ва донишу малакаи худро баланд мебардоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *