Донишҷӯёни ДИС ДДТТ Мамадҷонов Хусрав, Сангинзода Баҳрулло, Бойматов Маҳмуд ва Роҳат Самадова таҳсили худро дар Донишгоҳи Кантабрияи Испониё (UC Exchange students Universidad de Cantabria) аз рӯи барномаи Эрасмус+ оғоз карданд. Муддати таҳсил 5 моҳ буда, ҳамаи хароҷотҳо аз рӯи барномаи Эрасмус+ пардохт карда мешавад. Дар Донишгоҳи Кантабриа донишҷӯёни ДИС ДДТТ бо ҳамроҳи зиёда аз 250 нафар донишҷӯёни хориҷӣ, ки аз 37 давлатҳои ҷаҳон мебошанд таҳсил мекунанд.