Мизи мудаввар дар мавзуи “Вазифаҳо ва самтҳои асосии ислоҳоти қонунгузории андоз”

Санаи 22.02.2022 сол дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз тарафи кафедраи молия ва қарз таҳти роҳбарии мудири кафедра н.и.и., дотсент З.И.Раҳматова мизи мудаввар дар мавзуи “Вазифаҳо ва самтҳои асосии ислоҳоти қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони Раёсати андоз дар вилояти Суғд, омӯзгорони кафедраи молия ва қарз ва донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ баргузор гардид. Ба мизи мудаввар мутахассисон: Ёқубҷон Шарипов ва Раҳмонова Заррина аз шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд ташриф оварданд.
Мутахассисони раёсат бо намоиши слайдҳо оид ба тағйироту иловаҳо ба Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашта, ҳамзамон доир ба муаммоҳо ва имкониятҳо, инчунин имтиёзҳое, ки дар Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, маълумот доданд. Мизи мудаввар басо баҳснок, оммафаҳм ва ҷолиби диққат буд.
Кафедраи молия ва қарз барои пайваста намудани раванди таълим бо истеҳсолот ҳамасола кӯшиш ба харҷ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокии андозӣ, молиявӣ ва мустаҳкам намудани савияи дониши омӯзгорону донишҷӯёни донишкада, омода намудани мутахассисони пешбари самтҳои молия, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

IMG_4732
previous arrow
next arrow

Семинари илмӣ-методӣ доир ба мавзуи талаботи нави омода намудани рисолаҳои номзадӣ

Санаи 9 феврали соли 2022 соати 13-00 дар шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар бинои таълимии №1 бо ташаббуси маркази илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳамкорӣ бо кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ семинари илмӣ-методӣ доир ба мавзуи талаботи нави омода намудани рисолаҳои номзадӣ барои Шӯрои диссертатсионии самти ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ дар назди КОА-и Федератсияи Руссия ва 6D050600 – Иқтисодиёт дар назди КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар семинари илмӣ-методӣ чунин маърӯзаҳои илмӣ – методӣ ироа гардиданд: маърӯзаи корманди калони илмии маркази илмӣ-тадқиқотии ДИС ДДТТ н.и.и., профессор Комарова Г.Б. оид ба мавзуи “Специфика подготовки кандидатских диссертаций по экономическим наукам”, маърӯзаи мудири маркази илмӣ – тадқиқотӣ н.и.и., дотсент Исмоилова Д. М. оид ба мавзуи “Масъалаҳои омода намудани диссертатсияҳо тибқи талаботи нави КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва маърӯзаи мудири кафедраи “Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ” н.и.и., дотсент Ишонова У. У. оид ба мавзуи “Қоидаҳои қабул ба докторантура, доктор Phd – и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

IMG_4059
previous arrow
next arrow

Талаботи муосири бозори меҳнат ва салоҳиятҳои касбии ихтисоси менеҷмент

Бо мақсади пурзур намудани алоқамандии илм бо истеҳсолот ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи менеҷмент бо талаботи имрӯза ва ояндаи бозори меҳнат санаи 03-02-2022 бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва маркетинг дар бинои таълимии 4-уми ДИС ДДТТ мизи мудаввар дар мавзуи “Талаботи муосири бозори меҳнат ба салоҳиятҳои касбии ихтисоси менеҷмент” бо иштироки менеҷерони корхонаву ташкилотҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар мизи мудаввар муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ Мирпочоев Д.А., муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Г.У. мудри шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим Қаюмов А., декани факултети тиҷорат фаъолияти гумрук ва ҳуқуқ Ҷалолов Н.М., ҳайати омӯзгорони кафедраи менеҷмент ва маркетинг ва роҳбари ҶДММ “Ман мушовир” – Калонов Ш.Ҷ., менеҷерони ҶДММ “Фаровон-1” – Хоҷаев Б.Ҳ. ва Бобоев Х.Ш., менеҷери ҶСК Бонки “Арванд” – Ғаниева С.Ю. роҳбари ширкати пойафзолбарории “Azam” – Аҳруллоев А. ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг н.и.и., дотсент Ниёзов Ҷ.С. оғоз намуда оиди зарурияти ҳамкории кафедра бо корхонаҳо ва тайёр намудани менеҷерон бо назардошти талаботи бозори меҳнат сухан намуд. Сипас оиди зарурияти ҳамкории кафедра муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. ва декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумруки ва ҳуқуқ н.и.и., дотсент Ҷалолов Н.М. суханрони намуданд.

Доир ба салоҳиятҳои касбии менеҷерон роҳбари ҶДММ “Ман мушовир” – Калонов Ш.Ҷ., пешниҳод намуд, ки менеҷер бояд низоми идоракунии рақамикунонии корхона, ҷабҳаҳои психологии идоракунии кормандон ва таҳияи нақшаҳои стратегиро донанд. Менеҷерони ҶДММ “Фаровон-1” – Хоҷаев Б.Ҳ. ва Бобоев Х.Ш. оиди ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани менеҷерон пешниҳод намуданд, ки дар дарсҳои амалӣ бештар “кейс вазифаҳо” ва “усулҳои мантиқии қабули қарорҳои идоракунӣ”-ро истифода намоем. Менеҷери ҶСК Бонки “Арванд” – Ғаниева С.Ю. оиди муаммоҳои тайёр намудани менеҷерон пешниҳод намуданд, ки мутахассисони соҳаи менеҷмент дар раванди таълим бештар барномаҳои компютерии идоракунии активҳо, амалиётҳои молиявии корхона ва идоракунии риск амалиётҳоро истифода намоянд. Роҳбари ширкати пойафзолбарории “Azam” – Аҳруллоев А. оиди талаботи бозори меҳнат ба менеҷерон пешниҳод намуданд, ки дар раванди таълим масъалаҳои “Management human resource” ва “Operations management” бештар омӯхта шаванд.

Дар охир ҳайати омӯзгорон ва профессорон бо якҷоягии менеҷерони корхонаҳо оиди “Талаботи муассири бозори меҳнат ба салоҳияти касбии ихтисоси менеҷмент” музокира намуда, нақшаи дар оянда тақвият додани ҳамкориҳои дуҷонибаро доир ба тайёр намудани кадрҳои рақобатбардошти бозори муассири меҳнат интихоб намуданд.

IMG_3750
previous arrow
next arrow

Ҷалби хатмкунандагони болаёқат бо кори доимӣ

Санаи 2 феврал бо мақсади муаррифи намудани корхонаи ҶДММ “Фаровон-1” ва ҷалби хатмкунандагони болаёқати ДИС ДДТТ бо кори доимӣ дар ширкат Турсунов Икромҷон Иномҷонович – мутахассис оид ба интихоби кормандони ташриф оварда, бо донишҷӯён мулоқот намуданд.

IMG_3738
previous arrow
next arrow

Семинари илмӣ-методӣ оид ба талаботи нави омода намудани рисолаҳои номзадӣ

Санаи 28 январ дар ҳамкорӣ бо маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит” дар бинои таълимии №4 семинари илмӣ-методӣ оид ба талаботи нави омода намудани рисолаҳои номзадӣ барои шӯрои диссертатсионии самти ихтисоси 08.00.08-Баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит баргузор гардид. Дар семинари илмӣ-методӣ маърӯзаҳои н.и.и, профессор, корманди пешбари илмии маркази илмӣ-тадқиқотии ДИС ДДТТ Г.Б.Комарова оид ба мавзӯи “Специфика подготовки кандидатских диссертаций по экономическим наукам”, д.и.ф., профессори кафедраи “Ҷомеашиносӣ” Р.Солиҷонов оид ба тартиби омода намудани рисолаҳои номзадӣ тибқи талаботи нави Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири маркази илмӣ-тадқиқотӣ н.и.и., дотсент Д.М.Исмоилова оид ба хусусиятҳои омода намудани рисолаҳои номзадӣ барои ихтисоси 08.00.08-Баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва мудири кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит” н.и.и., дотсент М.З.Абдураҳмонова оид ба усулҳои тадқиқоти илмии ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва тартиби интихоби он шунида шуданд. Семинари илмӣ-методӣ бо назардошти хусусияти омода намудани рисолаҳои самти равия ташкил карда шуда, ҳадафи асосии он таҳкими корҳои илмӣ-тадқиқотии мутахассисони самти баҳисобгирии бухгалтерии донишкада мебошад. Баррасии ин масъала ҳангоми таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ва тасдиқи онҳо дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои панҷ соли оянда хеле муҳим аст.

4
previous arrow
next arrow

Мизи мудаввар бо докторантон ва унвонҷӯёни донишкада

Санаи 27 январ дар маркази забономӯзии ДИС ДДТТ бо назардошти ҳамкории тарафайни маркази илмӣ-тадқиқотӣ, кафедраҳои забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар бо докторантон ва унвонҷӯёни донишкада оид ба тартиби омода намудани рисолаҳои номзадӣ тибқи талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самти филология баргузор гардид. Дар мизи мудаввар маърӯзаҳои н.и.и., дотсент, мудири маркази илмӣ-тадқиқотӣ Исмоилова Д.М. оид ба “Тартиби умумии додани дараҷаи илмӣ ва одобӣ (этикаи) муошират дар ҷаласаҳои муҳокима ва ҳимояи рисолаҳо”, маърӯзаи н.и.ф., муаллими калон Холшехова С.А. оид ба “Тарзи омода намудани рисолаҳои номзадӣ барои самти филология тибқи талаботи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва маърӯзаи н.и.п., муаллими калон Насриддинова М.М., дар мавзӯи “Порядок оформления авторефератов по положениям ВАК Республики Таджикистан” шунида шуданд. Мизи мудаввар бо назардошти хусусияти омода намудани рисолаҳои самти равия ташкил карда шуда, ҳадафи асосии он таҳкими корҳои илмӣ-тадқиқотии мутахассисони самти филологияи донишкада мебошад.

Такмили машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО дар низоми кредитии таҳсилот

Санаи 14.01.2022 дар толори лексионии ДИС ДДТТ бо ташаббуси шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим семинар – тренинг дар мавзуи “Такмили машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО дар низоми кредитии таҳсилот” бо иштироки устодони донишкада гузаронида шуд, ки дар он мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим Шарипов А. ва мудири шуъбаи банақшагири ва назорати раванди таълим Қаюмов А. маърӯза намуданд.

Пешбурди шарикии давлат ва бахши хусуи дар вилояти Суғд

Семинари омӯзишӣ: “Лоиҳаи “Суръатбахшии барқарорсозии иқтисодиёт па аз COVID-19 тавассути беҳгардонии шароити зист, шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона”
Зерлоиҳаи “Пешбурди шарикии давлат ва бахши хусуи дар вилояти Суғд”
Мақсад аз баргузории семенар шиносоӣ бо механизми нав-шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар қаламрави кишвар мебошад.
Санаи 29 декабр бо ташаббуси Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ семинари омӯзишӣ доир гардид.
Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Абдураҳмон Ҳусейнов, сухан ронда, қайд кард, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар тӯли садсолаҳо амалӣ шудааст. Масалан, дар Фаронса лоиҳаи аввалини консепсия дар миёни аввали асри XVI татбиқ карда шуда, Қонун дар бораи консепсия дар соҳаи хизматрасонии ҷамъиятӣ, сохтмон, роҳҳо, энергетика, хоҷагии манзилии комуналӣ ҳанӯз аз давраҳои ҳукмронии Напалеон амал мекунанд. Тибқи гуфтаҳои коршиносон дар аввали асри гузашта роҳҳо, роҳи оҳан, купрукҳо, истгоҳҳо ва дигар объектҳои инфрасохтор аз ҳисоби маблағҳои соҳибкороне, ки омода буданд ҳолати ногувори онро бар ӯҳда гирифта, ба ивази он даромади калони сармоягузорӣ ба даст оранд, сохта шуданд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки як қатор давлатҳо ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҷорӣ намудани усулҳои нави сармоя ва эҳтиёҷоти кишвар, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ҳамчун омили пешбарандаи рушди иқтисодӣ афзун шуда, дар самти ислоҳоти иқтисодӣ корҳои назаррасе амалӣ гардиданд. Ба ин васила барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи нав гузошта шуд. Бо мақсади фароҳам овардани фазои солими сармоягузорӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани механизмҳои ҷалби сармоя барои таъмини инфрасохтори дахлдор 28-уми декабри соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид. Ҷиҳати таъмини механизми иҷрои ин Қонун бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013 таҳти рақами 250 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ муайян карда шуд. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013 таҳти рақами 289 Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарики давлат ва бахши хусусӣ» ва таҳти рақами 290 Шӯро оид ба шарики давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шуд.
Механизми шарики давлат ва бахши хусусӣ ин қисман ё пурра супоридани масъулияти давлат ба соҳибкор барои бунёди инфрасохтор ва хизматрасонӣ бо шарти тақсимоти мутаносиб ва одилонаи даромад ва хавфҳо байни давлат ва шарики хусусӣ, инчунин назорати татбиқи лоиҳа аз ҷониби давлатро дар бар мегирад. Ҳадафҳои асосии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин ҷалби сармояи хусусӣ барои рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ буда, мақсади ҳамкории ду бахш иборат аз тақсимоти одилона ва масъулияти байни ҳамдигар мебошад.
Тӯли 20 соли охир дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кишварҳои мухталифи дунё лоиҳаҳои бузурги зиёд таҳия гардиданд. Аз ин рӯ моро низ зарур аст, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва хусусиятҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон лоиҳаи шарикиро дарёфт, омода ва амалӣ намоем.
Ҳамин тариқ, Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Абдураҳмон Ҳусейнов аҳамият ва усули ҷорӣ намудани раванди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар вилояти Суғдро ба таври пурра муаррифӣ намуда, ба саволу дархостҳои устодони Донишкада посухҳои амиқ гардонданд.
Семинари омӯзишӣ таконе буд, баҳри боз ҳам рушду нумуъ ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ дар шаҳри Хуҷанд.

IMG_2755
previous arrow
next arrow

Семинари кушоди илмӣ-методӣ

Санаи 27 декабр дар мавзӯи “Талаботи нави Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тартиб додани унвонҳои илмӣ ва бақайдгирии давлатии дисертатсияҳои ҳимояшуда” ва талабот оид ба навиштани мақолаҳои илмӣ баргузор гардид.

Мизи мудаввар оид ба масъалаҳои рушди низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 24 декабри соли 2021 дар бинои чоруми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар оид ба масъалаҳои рушди низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷабҳаҳои рақамикунонӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо иштироки мутахассисони пуртаҷрибаи соҳаи молия ва бонкдорӣ баргузор гардид.
Дар оғози мизи мудаввар муовини директори ДИС ДДТТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд.
Дар мизи мудаввар маърӯзаҳои Воҳид Абдувоҳид – мутахассиси пешбари сарраёсати молияи вилояти Суғд, Ҳасанов Улуғбек Ёқубович – муовини сардори шуъбаи назорати бонкии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Яҳёева Таманно – мудири маркази хизматрасонии бонкии ҶСК “Алифбонк” ва Султонов Фирдавс Исматбоевич – сардори Раёсати рушди тиҷорати ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” шунавида шудаанд. Дар ҷараёни мизи мудаввар аз тарафи меҳмонон ахборот оиди коркард ва татбиқи технологияҳои рақамӣ, ҷадвалу диаграммаҳо, факту рақамҳо ки ба ҷараёни рақамикунонӣ вобастаанд ба омӯзгорон супорида шуд, аз он ҷумла аз тарафи кормандони ҶСК “Алифбонк” пешниҳод карда шудааст, ки барои омӯзиши технологияҳои рақамии соҳаи бонкдорӣ, ки он ройгон аст, ба “Алифакадемия” донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорон барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ сафарбар шаванд.
Мизи мудаввари илмӣ методӣ, ки аз тарафи маркази илмӣ-тадқиқотии ДИС ДДТТ ташкил карда шуда, дар фазои муҳокимаҳои илмӣ, тавсияҳои методӣ ва баррасии як қатор пешниҳодоти судманд ба анҷом расид.

??????
previous arrow
next arrow