Талаботи муосири бозори меҳнат ва салоҳиятҳои касбии ихтисоси менеҷмент

Бо мақсади пурзур намудани алоқамандии илм бо истеҳсолот ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи менеҷмент бо талаботи имрӯза ва ояндаи бозори меҳнат санаи 03-02-2022 бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва маркетинг дар бинои таълимии 4-уми ДИС ДДТТ мизи мудаввар дар мавзуи “Талаботи муосири бозори меҳнат ба салоҳиятҳои касбии ихтисоси менеҷмент” бо иштироки менеҷерони корхонаву ташкилотҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар мизи мудаввар муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ Мирпочоев Д.А., муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Г.У. мудри шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим Қаюмов А., декани факултети тиҷорат фаъолияти гумрук ва ҳуқуқ Ҷалолов Н.М., ҳайати омӯзгорони кафедраи менеҷмент ва маркетинг ва роҳбари ҶДММ “Ман мушовир” – Калонов Ш.Ҷ., менеҷерони ҶДММ “Фаровон-1” – Хоҷаев Б.Ҳ. ва Бобоев Х.Ш., менеҷери ҶСК Бонки “Арванд” – Ғаниева С.Ю. роҳбари ширкати пойафзолбарории “Azam” – Аҳруллоев А. ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг н.и.и., дотсент Ниёзов Ҷ.С. оғоз намуда оиди зарурияти ҳамкории кафедра бо корхонаҳо ва тайёр намудани менеҷерон бо назардошти талаботи бозори меҳнат сухан намуд. Сипас оиди зарурияти ҳамкории кафедра муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. ва декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумруки ва ҳуқуқ н.и.и., дотсент Ҷалолов Н.М. суханрони намуданд.

Доир ба салоҳиятҳои касбии менеҷерон роҳбари ҶДММ “Ман мушовир” – Калонов Ш.Ҷ., пешниҳод намуд, ки менеҷер бояд низоми идоракунии рақамикунонии корхона, ҷабҳаҳои психологии идоракунии кормандон ва таҳияи нақшаҳои стратегиро донанд. Менеҷерони ҶДММ “Фаровон-1” – Хоҷаев Б.Ҳ. ва Бобоев Х.Ш. оиди ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани менеҷерон пешниҳод намуданд, ки дар дарсҳои амалӣ бештар “кейс вазифаҳо” ва “усулҳои мантиқии қабули қарорҳои идоракунӣ”-ро истифода намоем. Менеҷери ҶСК Бонки “Арванд” – Ғаниева С.Ю. оиди муаммоҳои тайёр намудани менеҷерон пешниҳод намуданд, ки мутахассисони соҳаи менеҷмент дар раванди таълим бештар барномаҳои компютерии идоракунии активҳо, амалиётҳои молиявии корхона ва идоракунии риск амалиётҳоро истифода намоянд. Роҳбари ширкати пойафзолбарории “Azam” – Аҳруллоев А. оиди талаботи бозори меҳнат ба менеҷерон пешниҳод намуданд, ки дар раванди таълим масъалаҳои “Management human resource” ва “Operations management” бештар омӯхта шаванд.

Дар охир ҳайати омӯзгорон ва профессорон бо якҷоягии менеҷерони корхонаҳо оиди “Талаботи муассири бозори меҳнат ба салоҳияти касбии ихтисоси менеҷмент” музокира намуда, нақшаи дар оянда тақвият додани ҳамкориҳои дуҷонибаро доир ба тайёр намудани кадрҳои рақобатбардошти бозори муассири меҳнат интихоб намуданд.

IMG_3750
IMG_3752
IMG_3759
IMG_3757
IMG_3798
IMG_3763
IMG_3768
IMG_3774
IMG_3777
IMG_3815
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *