Мизи мудаввар оид ба масъалаҳои рушди низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 24 декабри соли 2021 дар бинои чоруми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар оид ба масъалаҳои рушди низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷабҳаҳои рақамикунонӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо иштироки мутахассисони пуртаҷрибаи соҳаи молия ва бонкдорӣ баргузор гардид.
Дар оғози мизи мудаввар муовини директори ДИС ДДТТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд.
Дар мизи мудаввар маърӯзаҳои Воҳид Абдувоҳид – мутахассиси пешбари сарраёсати молияи вилояти Суғд, Ҳасанов Улуғбек Ёқубович – муовини сардори шуъбаи назорати бонкии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Яҳёева Таманно – мудири маркази хизматрасонии бонкии ҶСК “Алифбонк” ва Султонов Фирдавс Исматбоевич – сардори Раёсати рушди тиҷорати ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” шунавида шудаанд. Дар ҷараёни мизи мудаввар аз тарафи меҳмонон ахборот оиди коркард ва татбиқи технологияҳои рақамӣ, ҷадвалу диаграммаҳо, факту рақамҳо ки ба ҷараёни рақамикунонӣ вобастаанд ба омӯзгорон супорида шуд, аз он ҷумла аз тарафи кормандони ҶСК “Алифбонк” пешниҳод карда шудааст, ки барои омӯзиши технологияҳои рақамии соҳаи бонкдорӣ, ки он ройгон аст, ба “Алифакадемия” донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорон барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ сафарбар шаванд.
Мизи мудаввари илмӣ методӣ, ки аз тарафи маркази илмӣ-тадқиқотии ДИС ДДТТ ташкил карда шуда, дар фазои муҳокимаҳои илмӣ, тавсияҳои методӣ ва баррасии як қатор пешниҳодоти судманд ба анҷом расид.

??????
IMG_20211225_115103_113
IMG_20211225_101721_225
IMG_20211225_115051_848
IMG_20211225_101649_860
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *