Семинари омӯзишӣ: “Лоиҳаи “Суръатбахшии барқарорсозии иқтисодиёт па аз COVID-19 тавассути беҳгардонии шароити зист, шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона”
Зерлоиҳаи “Пешбурди шарикии давлат ва бахши хусуи дар вилояти Суғд”
Мақсад аз баргузории семенар шиносоӣ бо механизми нав-шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар қаламрави кишвар мебошад.
Санаи 29 декабр бо ташаббуси Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ семинари омӯзишӣ доир гардид.
Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Абдураҳмон Ҳусейнов, сухан ронда, қайд кард, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар тӯли садсолаҳо амалӣ шудааст. Масалан, дар Фаронса лоиҳаи аввалини консепсия дар миёни аввали асри XVI татбиқ карда шуда, Қонун дар бораи консепсия дар соҳаи хизматрасонии ҷамъиятӣ, сохтмон, роҳҳо, энергетика, хоҷагии манзилии комуналӣ ҳанӯз аз давраҳои ҳукмронии Напалеон амал мекунанд. Тибқи гуфтаҳои коршиносон дар аввали асри гузашта роҳҳо, роҳи оҳан, купрукҳо, истгоҳҳо ва дигар объектҳои инфрасохтор аз ҳисоби маблағҳои соҳибкороне, ки омода буданд ҳолати ногувори онро бар ӯҳда гирифта, ба ивази он даромади калони сармоягузорӣ ба даст оранд, сохта шуданд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки як қатор давлатҳо ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҷорӣ намудани усулҳои нави сармоя ва эҳтиёҷоти кишвар, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ҳамчун омили пешбарандаи рушди иқтисодӣ афзун шуда, дар самти ислоҳоти иқтисодӣ корҳои назаррасе амалӣ гардиданд. Ба ин васила барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи нав гузошта шуд. Бо мақсади фароҳам овардани фазои солими сармоягузорӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани механизмҳои ҷалби сармоя барои таъмини инфрасохтори дахлдор 28-уми декабри соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид. Ҷиҳати таъмини механизми иҷрои ин Қонун бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013 таҳти рақами 250 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ муайян карда шуд. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013 таҳти рақами 289 Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарики давлат ва бахши хусусӣ» ва таҳти рақами 290 Шӯро оид ба шарики давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шуд.
Механизми шарики давлат ва бахши хусусӣ ин қисман ё пурра супоридани масъулияти давлат ба соҳибкор барои бунёди инфрасохтор ва хизматрасонӣ бо шарти тақсимоти мутаносиб ва одилонаи даромад ва хавфҳо байни давлат ва шарики хусусӣ, инчунин назорати татбиқи лоиҳа аз ҷониби давлатро дар бар мегирад. Ҳадафҳои асосии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин ҷалби сармояи хусусӣ барои рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ буда, мақсади ҳамкории ду бахш иборат аз тақсимоти одилона ва масъулияти байни ҳамдигар мебошад.
Тӯли 20 соли охир дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кишварҳои мухталифи дунё лоиҳаҳои бузурги зиёд таҳия гардиданд. Аз ин рӯ моро низ зарур аст, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва хусусиятҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон лоиҳаи шарикиро дарёфт, омода ва амалӣ намоем.
Ҳамин тариқ, Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Абдураҳмон Ҳусейнов аҳамият ва усули ҷорӣ намудани раванди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар вилояти Суғдро ба таври пурра муаррифӣ намуда, ба саволу дархостҳои устодони Донишкада посухҳои амиқ гардонданд.
Семинари омӯзишӣ таконе буд, баҳри боз ҳам рушду нумуъ ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ дар шаҳри Хуҷанд.