Ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ

Санаи 10 марти соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, кафедраи ҷомеашиносӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ» бо иштироки муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. ва омӯзгорону профессорони кафедра баргузор намуд.
Дар мизи мудаввар д.и.т., профессор Алиева Р.Р. оид ба мавзуи «Ташаккули принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ», муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф.Ҷ. дар мавзуи «Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти минтақавӣ дар доираи созмонҳои байналхалқии СААД ва СҲШ», донишҷӯёни курсҳои I ихтисоси 25010407р., Абдурозиқзода Манижа дар мавзуи «Русия –шарики стратегии давлати Тоҷикистон», Шамсиева Маҳина дар мавзуи «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти Байналхалқии ЮНЕСКО» ва Шокиров Ҷовид дар мавзӯи «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Хитой – асоси мустаҳкамшавии боварӣ ва дӯстиву рафоқат» баромад карданд ва дар муҳокимаҳо иштирок намуданд.
Дар охири мизи мудаввар мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дотсент Ҷонназарова Д.Х. қайд намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ омили муҳими сулҳу субот ва рушди боустувори кишвар маҳсуб меёбад.

IMG_5896
IMG_5895
IMG_5890
IMG_5888
IMG_5887
IMG_5886
IMG_5878
IMG_5875
IMG_5874
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *