Мавқеи бизнеси хурд ва миёна ҳамчун омили рушди иқтисодиёт

Санаи 24.02.2022 дар толори лексионии рақами 1 –ми факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисод мизи мудаввар дар мавзуи “Мавқеи бизнеси хурд ва миёна ҳамчун омили рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф, дотсент Аҳророва Г.У., декани факултет н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М, мутахассиси шуъбаи хавфи ҶСП “Бонки Арванд” Орифӣ С.М, танзимгари экспертҳои қарзӣ Юсупов А.У. д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисод Азимов А.Ҷ., Ғаниев А.М- роҳбари корхонаи ҶДММ “Чӯҷаи Заррин”-и ноҳияи Б. Ғафуров иштирок намуданд.

Сарравал мизи мудавварро н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У. ифтитоҳ намуда, доир ба сиёсати дарҳои кушод, аз давлати воридкунанда ба давлати содироткунанда табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуданд.

Сипас декани факултет Ҳакимзода М.М доир ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ сухан намуда, қайд карданд, ки рушд додани соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Азимов А.Ҷ. д.и.и, профессор доир ба самтҳои асосии ҳамкории илм ва истеҳсолот маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, вазъи имрӯзаи ҳамкории илм ва истеҳсолотро дар иқтисодиёти миллӣ қанеоатбахш арзёбӣ намуданд.

Намояндагони ҶСП “Бонки Арванд” Орифӣ С.М ва Юсупов А.У доир ба таҳлили бахши бонкӣ маърӯза карда, аз ҷумла ҳиссаи Бонки Арвандро дар низоми бонкии кишвар нишон доданд. Ҷоиз ба тазакур аст, ки имрӯз ин институти молиявӣ дар миқёси кишвар яке аз бонкҳои тараққикарда ба ҳисоб рафта ҳиссаи он доир ба сармоя дар ҷои 9-ум, доир ба сандуқи қарзӣ дар ҷои 4-ум ва доир ба дороиҳо бошад дар ҷои 6-ум дар байни 15 бонкҳои тиҷоративу давлатии мамлакат қарор дорад.

Роҳбари корхонаи “Чӯҷаи заррин” соҳибкори муваффақ Ғаниев А.М доир ба масъалаи рушди соҳибкории хурду миёна дар мисоли бизнеси паррандапарварӣ баромад карда, аз бурду бохтҳои ин соҳаи саноат дар Ҷумҳурии ТОҷикистон маълумоти муфассал пешкаш намуд. Аз ҷумла ҷоиз ба қайд аст, ки дар корхонаи паррандапарварии “Чӯҷаи заррин” 80 нафар бо ҷои кории доимӣ таъмин буда, маъоши миёнаи онҳо аз 1200 сомонӣ то 3500 сомониро ташкил менамояд. Бозори асосии фуруӯши маҳсулоти ин корхона асосан Ҷумҳуриҳои Ӯзекистон ва Афғонистон ба ҳисоб рафта, ба ҳисоби миёна дар як моҳ 5000 кг гӯшт ва 3,6 млн дона тухм истеҳсол менамояд.

Мизи мудаввар бо саволу ҷавоби ҳозирин ба кори худ анҷом бахшид.

IMG_4773
IMG_4769
IMG_4777
IMG_4772
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *