ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОН

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Дар Афғонистон нерӯҳои ифротии минтақа, ки Афғонистонро ҷойи амали террористӣ қарор додаанд, аз фурӯши маводи мухаддир барои худ яроқу аслиҳа мехаранд. Мусаллам аст, ки чунин ҳамсоягӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори осон нест. Тоҷикистон, ки садди роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, сарфи назар ба ҳисороти молию ҷонии худ нақши кишвари буфериро иҷро менамояд.

Яке аз муаммоҳои ҳалталаб роҷеъ ба масъала мавриди таҳлил, ин шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро мебошад. Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии динӣ ва ҳамчунин дунявӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *