ФАЗОИ МАҶОЗӢ-ТАЪСИРИ ОН БА ОДАМОН!

Масъалаҳои амнияти иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои ҳар як давлат, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои истиқлоли сиёсии хеш аст, муҳим арзёбӣ мегардад. Рушди босуръати интернет ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, зуҳури ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мушкилоте мебошанд, ки соҳибандешаи ватаниро водор менамоянд то атрофи хатару таҳдидҳои онҳо ба амнияти миллӣ ва ояндаи давлату миллати хеш аз нигоҳи илмӣ ва воқеоти амалӣ ибрози назар кунад.Вобаста ба нақши рӯзафзуни падидаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳимме, ки имрӯз дар доираи консепсияи амнияти миллӣ ва консепсияи амнияти иттилоотӣ диққати бештари муҳаққиқони соҳаро ба худ ҷалб намудааст, рушди босураъти фазои маҷозӣ ва чигунагии таъсироти он ба амнияти миллӣ мебошад. Маълум аст, ки ин падида дар оғози асри XXI бештар ташаккул ёфта, тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Имрӯз дар системаи сиёсии ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки шаҳрвандонаш корбари фазои маҷозӣ набошанд. Ҳоло дар ҷаҳон як қатор шабакаҳои иҷтимоие, ба монанди Facebook, Youtube, Instagram, Twitter, Telegram, imo, Google,Viber, Одноклассники, ВКонтакте ва ғайра ба вуҷуд омадаанд, ки ҳамарӯза ба онҳо одамони бисёре ворид гардида, бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд. Мувофиқи омори Internet World Stats (IWS) (то 31-уми декабри соли 2020) беш аз 4,9 миллиард сокини сайёра истифодабарандаи шабакаи интернет мебошанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2019 дар ҳоли афзоиш аст, зеро тибқи омори IWS истифодабарандагони интернет дар соли 2019 4,5 миллиард нафарро дар саросари ҷаҳон ташкил медоданд. Аз ин бармеояд, ки шабакаи интернет тадриҷан ба тамоми соҳаҳои ҳаёти башарият ворид гардида истодааст. Чунин ҳолат сабаб гардидааст, ки давлатҳо дар раванди таъмини амнияти миллии хеш оид ба киберфазо ё худ фазои маҷозӣ масъалагузорӣ намоянд. Дар системаи омӯзиши фазои маҷозӣ ва муайяннамоии таъсири он ба амнияти иттилоотӣ масъалаи ҳимоя намудан аз хатарҳои имконпазири шабакаҳои иҷтимоӣ барои давлат хеле муҳим аст. Стратегияи ҳимоя намудан бояд дар асоси таҳлили имкон, қудрат, таҳдид ва ҳуҷуми фазои маҷозӣ сурат гирад. Он гоҳ чунин муносибат метавонад самаранок гардад. Вазъи олами муосир мураккаб ва пурихтилоф аст. Дар чунин раванд барои давлати миллӣ, махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун давлати миллӣ, соҳибтамаддун ва воҳид рушд намуда истодааст, масъалаи ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ҳадафи усулӣ ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии фазои маҷозӣ ба одамон бештар дар давлатҳои дар ҳоли рушд эҳсос карда мешавад, чунки дар давлатҳои рушдёфта одамон гирифтори мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ нестанд. Давлат ҳолатеро ба вуҷуд овардааст, ки шаҳрвадони он бо касбу ҷойҳои кори мувофиқ ва дастмузди баланд масъалаҳои асосии зиндагиро ҳал намудаанд. Дар давлатҳои дар ҳоли рушд, ки масъалаҳои ҳанӯз ҳал нагардида боқӣ мондаанд, неруҳои гуногун ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори одамон таъсир расонида, барои амалигардонии мақсадҳои ниҳоӣ онҳоро ҳамчун силоҳ истифода менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз, шабакаҳои иҷтимоӣ барои чунин давлатҳои миллӣ бештар чун таҳдид ба ҳисоб меравад. Махсусан, масъалаи имконот, таҳдид, қудрат, ҳуҷум ва ҳимояи фазои маҷозӣ барои давлатҳо рӯзмарра гардида, онҳоро водор намудааст, ки муносибати махсусро дар ин замина ба роҳ монанд.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *