ҶАЛБИ ҶАВОНОН БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАНИ МАҲБУБУМОН

Яке аз самтҳои фаъолияти давлатро дар ҳама давру замон ин кор бо ҷавонон, аниқтараш сиёсати давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Зеро ҷавонон қуввае мебошанд, ки ояндаи давлат ва тақдири миллат ба души онҳо вогузор мегардад, таъмини амну субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, иштирок дар раванди идоракунии давлатӣ ва баамалбарории сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдор масъулияти онҳо мегардад. Бо ҳамин мақсад дар қалби ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, миллатдўстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу таърих ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷамъият, ташкил намудани мақомоти гуногуни давлатӣ, ки самти фаъолияти онҳоро кор бо ҷавонон ташкил медиҳад, яке аз вазифаҳои муҳими давлат маҳсуб меёбанд.
Вазъияте, ки имруз дар кишвари азизамон ба амал омада истодааст. мо бетараф набошем ва зиракию ҳушёрии сиёсии хешро аз даст надиҳем. Зеро гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.
Дар замони муосир, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт қадам гузоштааст, роҳи барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, зарурати тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳамзистӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангию миллӣ ва ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон ба миён омадааст.
Дар баробари ин, фаромуш набояд кард, ки суботу оромӣ натанхо дар Тоҷикистон метавонад тахти таъсири раванду руйдодхои ҷахони пуртазоди имрӯза, аз чумла торафт вусъат гирифтани тахдиди хатархои нав, аз кабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар чинояткорихои муташаккили трансмиллӣ, балки дар давлатҳои ҷаҳон низ осебпазир гардад.
Омӯзиши фарҳанги миллӣ, тарғибу ташвиқи он яке аз масъулиятҳои асосии ҷавонон мебошад. Ҷавонон метавонанд бо ҳисси баланди худшиносию ватандӯстӣ дар ин ҷода саҳми намоён гузоранд. Дар вазъияте, ки ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо ба авҷи аъло расидааст, лозим меояд, ки нақш ва мақоми мо – ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд ва дорои нангу номуси ватандорӣ муҳим бошад.
Дар маҷмӯъ ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки ҷавонон ва масъалаи ба онҳо алоқаманд дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Чунки, маҳз ҷавонони эҳсоси ватандўстиашон баланд, метавонанд, пешбаранда ва ҳимоятгари асили кишвар бошанд ва ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои он мусоидат намоянд. Бинобар ин рисолати ҳар як ҷавони ватандӯст аз талоши шабонарӯзӣ намудан барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои даққиқ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, кушиши кашф намудани ихтирооти наву замонавӣ ва ниҳоятан расидан ба қадри неъматҳои истиқлолияти давлатӣ, дастгирии давлатӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад.

Умуров Хушбахт
ассистенти кафедра забонҳои
тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *