ИЗҲОРОТИ кормандони китбхонаи ДИС ДДТТ нисбат ба рафтору гуфтори хоинону душманони миллат

Мо кормандони китобхонаи донишкада ба чунин хулоса омадем, ки ҳамин хоинону душманон, бахусус ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ имрӯз ба хасаконе табдил ёфтаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ватан, ватандӯстӣ, ватандорӣ ҳарф мезананду баробари ин дастовардҳои кишварамонро нодида гирифта, нисбати роҳбарияту олии кишвар ва мақомотҳои қудратӣ санги маломат мезананд. Аммо ин гуфторашон ба кирдорашон ҳеҷ мутобиқ накарда, дар ин мавзӯъ сухан кардан бояд барояшон боиси шарму нороҳатӣ бошад. Вале онҳо, ки бешарафу беномус ва пастфитрату тангназаранд, бешармона аз забон ин гуна ҳарфҳо мебароранд. Чунки шахсеро ватандору ватандӯст гуфтан мумкин аст, ки натиҷаи фаъолияташ, натиҷаи ҳар амалаш ба миллату меҳан манфиат орад. Манфиати меҳану миллатро аз манфиатҳои кӯчаки шахсию гурӯҳӣ болою воло донад ва фидоии ватан бошад. Ҳатто, ҳар шахсе, ки дар ҷойи кораш хубу самаранок меҳнат мекунад, дасту дили пок дорад, фарзандони солеҳу меҳнатқарин тарбия менамояд, бешубҳа ватанашро дӯст медорад ва фарзанди асили миллат аст. Миллатдӯстию ватанхоҳӣ амали манфиатовар, меҳнати ҳалолу самаранок баҳри ояндаи ин сарзамини аҷдодист.
Ҳоло мо дида истодаем, ки чи тавр душманони миллат аз имконияту афзалияти шабакаҳои интернетӣ истифода бурда, аз минбару барномаҳои ифротиашон бо навбат баромадҳо намуда истодаанд. Ин ҳолат ҳаргиз барои манфиати миллат нест, балки барои паст кардани обрӯву эътибори миллату кишвар аст. Наҳзатиҳо бо тамоми гурӯҳҳову созмонҳои ифротӣ ҳамкорӣ карда, талош мекунанд, то зиёдтар хиёнат намоянд. Ин аз рафтор, гуфтор ва муносибати онҳо бараъло дида мешавад ва нобуд сохтани ТТЭ ҲНИ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳатмӣ бошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *