Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба монанди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби назҳати исломи Точикистон, ҳозира ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин» ба таври махфиёна амал мекард. Мақсади асосии ин созмон барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.
26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расми баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур фаъолияти ошкоро дошт. 21 июли соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили намоиш дар майдони «Шаҳидон», дар моҳҳои март-майи соли 1992, ки ба ҷанги бародаркуш оварда расонид, фаъолияти ҲНИТ манъ карда шуд. Роҳбарони ҳизб ба Афѓонистон фирор намуда, дар он ҷо моҳи июли соли 1993 Иттиҳоди мухолифи тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ низ шомил буданд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 1999 бо мақсади ба амал омадани тафоҳуми миллӣ, бо мақсади истиқрори сулҳ ва ризояти миллии байни тоҷикон, ҳизби хусусияти динӣ доштаро, яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро маротибаи дуюм ба таври расмӣ ба қайд гирифт.
Аммо, бо ҷои оғоз намудани корҳои созандагиву обонӣ баҳри пешрафти кишвар ва нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ дар Тоҷикистони маҳбуб ҲНИТ боз даст ба аъмоли нопоки худ заданд.
Таърих собит намуд, ки мақсади асосии пешвоён ва аъзоёни фаъоли ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Тоҷикистонро тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Ҳизби мазкур дар таблиѓоти худ аз мафҳум ва меъёрҳои динӣ ба таври васъ истифода намуда, аз дин ва аз эътиқоди динии мардум чун сармояи сиёсии худ истифода менамуд. Дар ин фаъолият ба таври дақиқ метавон дид, ки фарқ байни «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсӣ» аз тарафи ҲНИ комилан поймол шуда, аз байн рафтааст.
Бо назардошти ин Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро чун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизби мазкурро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд.
Имрӯз манбаҳои исломӣ ба ҳама дастрасанд. Муқаддастарини он, ки Куръони шариф аст, ба ҳама забонҳо онро метавон мутолиа кард. Чӣ хеле, ки сарчашмаҳои илмӣ исбот намудааст, дини Ислом ба ягон ҳизбу қонун, низомномаву оиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад.
Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки азҳоб, аз ҷумла ҳизбҳои динӣ талоши ба сари қудрат расиданро доранд, фақат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ мефавтанд.
Мо мардуми кишвар, ки аксар мусулмон ҳастем ба хотири эмин доштани якпорчагии марзу ватани хеш ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини мукаддаси Ислом дар пайравй аз мазҳаби ҳанафӣ бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд кадр намоем.
Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно аст. Аз ин рӯ, мубориза бо ин вабо натанҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви ҷомеа мебошад.
Дар ин росто, суханони қотеъ ва хирадмандонаи Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи мубориза бо терроризм ва экстримизм ин фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд ва истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад таъкид месозанд, хело бомаврид мебошад.
Мардуми кишвари озоду ободи мо имрӯз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рӯ, давру замон дар назди мо-ҷавонон аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем. Ҳамеша дар талоши он бошем ки, бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва дастовардҳои бо мушкилии зиёд ба даст омадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандӯстро тарбия намоем.
Мо, ҷавонон медонем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки чун зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, на фақат ба фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ балки ба ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст вобастагии мустақим дорад.
Турсунов Фаррух Акбарович,
мудири кафедраи ҷомеашиносии
ДИС ДДТТ, н.и.ф., дотсент