ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ҲНИ БА АМНИЯТИ ҶАҲОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла таъкид намуданд, ки: «терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст».

Имрўз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст.

Ҳар рӯз дар ҷаҳон якчанд ҳазор нафар инсонҳо дар ҷангҳо ва амалҳои террористӣ вафот мекунанд. Терроризм яке аз вабои аср дар замони ҳозира ба шумор меравад.

Хусусиятҳои терроризми ҳозира:

– ҷалби фаъолонаи ҷавонон;

– васеъкунии қатъии таҳкурсии ислом бо алоқамандии терроризм;

– созмонҳои террористӣ дар ҷаҳорчӯбаи амалҳои террористӣ маҳдуд набуда асосан ба стратегияи сиёсати давлатӣ диққати махсус медиҳанд;

– тамоюли гузариш аз мақсадҳои аниқ (забт кардани ҳавопаймоҳо) ба бесарусомониҳо ва куштор;

– баландбадории хатарҳои ҷамъиятӣ, ки бо хатарҳои ҳаёти инсон бевосита алоқаманд аст;

– намудҳои нави яроқ;

Айни замон зиёда аз 100 созмонҳои бузурги террористӣ дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон мавҷуд аст.

Барои мавҷудияти терроризм дар замони ҳозира ҳолатҳои зерин мусоидат менамоянд:

– сармоягузории созмонҳои террористӣ бо шахсиятҳои алоҳида ва ташкилотҳо;

– бесаводии аҳолии мусалмони баъзеи давлатҳо, имконияти ба даст овардани маблағи зиёд;

– номукаммалии санадҳои қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зиддӣ терроризм.

Сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм ин гардиши маводи мухаддир, хариду фурӯши яроқ, қочоқ, бизнеси бозӣ мебошад.

Инак, терроризм дар замони муосир яке аз хатарҳои бурург барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва Тоҷикистон аз ин дар канор нест. Барои мубориза бар зидди терроризм ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки чораҳои мушаххасро нисбати он андешанд.

 

Ассистенти кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ

Ҳошимова Муаттарҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *