Мо бар зидди экстримизму терроризм

 Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати–духӯра, дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пин-ҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».

Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.

Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистӣ мубориза шакли дигар ро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали сӯҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.

Холшехова С.А.

муаллимаи калони кафедраи

                                                                   забонҳои тоҷикӣ ва русӣ   

                          

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *