ЗАРУРИЯТИ РОҲАНДОЗИИ ОМӮЗИШИ ФАННИ “АСОСҲОИ ОМОДАГӢ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ”

Ҳофизов Ҳофиз Раҷабович
Донишкадаи политехникиии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, тел +992-92-767.98.99

Фанни таълимии “Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ” барои донишҷӯёни МТОК (муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ) бо миқдори  умумии 1,5 кредитҳо, аз он ҷумла: 0,5 (12 соат) машғулиятҳои аудитории лексионӣ–назариявӣ, 0,5 (12 соат) машғулиятҳои аудитории амалӣ, 0,5 (12 соат) корҳои мустақилонаи донишҷӯён таҳия гардидааст.

Мақсад ва ҳадафи фанн ин омӯзонидани донишҷӯён оид ба масъалаҳои ҷории соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва омодагӣ ба мудофиаи гражданӣ мебошад.

Зарурияти мавзӯҳои таълимии фанро 26 декабри соли 2018 аз паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид …“Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст…”, ибтидо медонем.[1]

Дуввуман: бо дар назардошти Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2018 сол, №602 тасдиқ шудаасту Тоҷикистон яке аз кишварҳое, ки ба офатҳои табиӣ ва намудҳои дигари офатҳо гирифтор дар амалисозии Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030, дар ин иқдоми муҳими сиёсати СММ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии, барои Тоҷикистон муайянкардашуда мебошад.

Ва дигаре он, ки асри XXI – асри бархурди манфиатҳои тамаддуни имрӯзаи дунё бо табиат, бо муҳити зист шуморида шудаасту натиҷаи он ба хавфи эҳтимолияти тағйирёбии иқлим (тағйирёбии глобалӣ) дар ҳама муҳитҳо оварда расониданаш аз назар дур нест ва ҳифз ё барқарорсозии он хисоротҳо: ҳаво, об, заминҳои кишт, дунёи наботот ва ҳайвонот қариб, ки ғайриимкон мегардад – агар чораҳои аввалиндараҷа, чорабиниҳои фаврию наҷотиро наандешем ва роҳи наҷотро дар ҳамбастаги пеша нагирем.

Бар замми он бӯҳрони иқтисодии дунё ҷамоаҳоро ба ин ҷараён мубталошавандатар гардонида таҳдидҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва геополитикии навро ба вуҷуд оварда истодааст.

Бо назардошти масоили як “COVID-19”, ки худ як вирусакест аз намудҳои яроқи бактериологӣ ва зиёда аз 1 млн. ҷони инсониро то ба 11.11.2020 рабуда, дар ҳамбастаги бо масъалаҳои тағйирёбии иқлим тавассути баррасии ҳамгироии тадбирҳо оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар раванди “ҳувайдосозии маданияти бехатарӣ”-ро таъҷилан ба роҳ мондан медонем.

Дар ҳамин самт танҳо як мисолеро аз имрӯза хаётамон ба салоҳияти Шумо, хонандаи азиз, доир ба “ниқобҳо (маскаҳои) тибиӣ” меоварем, ки ин амал дар роҳ ва ё усулу тариқи ба ҳолатҳои фавқулода мутобиқ гардонидани мудофиаи гражданӣ, хурдтарин аз масъалаҳоест ва он чунин тариқ ифода гардида буд 2:

Дар мавзӯҳои фарогирифтаи барномаи таълимии фанни “Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ” қариб тамоми масъалаҳои соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ омадаанд, ки онро дар ҷамъулҷамъи чунин баён менамоем:

2 Гражданская оборона. Наглядные пособия. Издание восьмое, переработанное и дополненное. Киев. Головное издательство объеденения “ВЫЩА школа”, 1989 г.

Ягон насли гузаштаи одамият бо чунин муаммоҳо дучор нагардида буд. Бӯҳрони иқлимию, сиёсию иқтисодии глобалии тамаддуни кунунии дунё дар шароити назардошти фалокатҳои экологӣ бори аввал дар таърихи башарият, дар назди инсоният масъала – саволи Гамлет “Будан ё набудан” («Быт или не быт»)-ро қирравӣ ба миён гузоштааст.

Нодирии тараққиёти ҷамъияти имрӯзаи инсоният дар он аст, ки муаммоҳои асосие, ки дар гузашта аз ҳаёти ҳамарӯзави дур буданд, дар охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI ба масъалаи мубрам ва ҳамарӯзаи амалии инсоният ва ҷомеаҳо мубадалл гардидаанд. Ҷиддият ё пурхатарии ҳолат, бо норасоги ва ё кам будани вақт барои андешидани чораҳои бартарафсозӣ вусъат ёфта истодааст. Дар баррасӣ ё сариштакунии ин масъалаҳо бо фикри олимон барои инсоният танҳо 30-50 соли дигар вақт мондаасту халос.

Агар насли одамият масъалаи ҳаллу фасли тағйирёбии иқлим, масъалаи ҳифзи манбаъҳои зиндагидорӣ ва ба роҳ мондани усулҳои наҷот ва ҳифзро (мудофиаи гражданӣ ба ҳолатҳои фавқулодаро) дар мадди аввал нагузорад барои наслҳои ояндаи худ меросеро боқи гузоштан масъалае мегардад хелло ҷиддӣ.

Чи бояд кард, ё чи тавр роҳи наҷотро  аз ин вартаи хавф бояд ҷуст?

Ба фикри мо:

дар аввал, чораҳои омӯзиширо амалан ба роҳ бояд монд. Донистани хавфу хатари таҳдидменамуда, амалисозӣ ва модернизатсияи роҳу усулҳои наҷоти миллату давлатро дар шароити тағйирёбии иқлиму хавфи амалиётҳои ҷанги ҷаҳонӣ пурратар роҳандозӣ сохтан ва тавонистану пурсамарсозии маданият ва малакаи амалигардонии “маҳорати муқобилистӣ” ба хавфу хатар;

дуввуман, адаптатсия – мутобиқсозии системаи истеҳсолии маводи озуқаворию зиндагиноҳдории табиӣ ва сунъии инсон барпонамуда, ҷавобан ба таъсири равандҳои ғайричашмдошти иқлими ва ё воқеан амалишуда. Амалҳое, ки ҳангоми истифодабарии имкониятҳои муносиб осебпазириро кам мегардонанд ва устувории моро ба офатҳо пурқувват месозанд;

сеюм, равонасозии диққат ба хатари биологӣ (ҳаётӣ) – ҷараён ва ё бемислии ҳаётие, ки бо кӯмаки манбаҳои биологӣ (инчунин боназардоти таъсири микроорганизмҳои патогенез, токсин ва организмҳои моддии амалидошта) метавонад ба инсон марг, маъюби, бемори ва ё дигар зарар ба саломати оварад, ба молу мулк зиён, сабабгори талафоти воситахои умргузаронӣ ва хизматрасонии маиши гардад, изтироби фавқулодавии иҷтимоию иктисодӣ ба вуҷуд оварда зарар ба муҳити зист расонад;

чорум, барқарорсозӣ  – барқарор ва беҳтаркунии иншоот, воситаҳои муҳофизатӣ ва умргузаронӣ ва шарту шароити зиндагидории мардуми ба мусибат дучоргардида ва ё дучормегардида, инчунин фаъолияти пурсамар доир ба паст гардонидани сабабҳои хавфи офат.

Ақидаамонро дар ин ҷода бо қатрае аз ашъори шайх Саъдӣ рушан гардониданием, ки фармудааст:

                   Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

                   Ки пур шуд, набитвон гирифтан ба пил!

Ё оне, ки ҳазрати Бедил фармудаанд:

                                             Ҳар, ки нуқсони хешро диду шинохт,

                                             Андар истиқлоли худ дуаспа тохт.

Бо назардошти оне, ки таъғирёбии иқлими сайёра худ як ҳодисаи харобиоварест, ки дар натиҷаи он эҳтимолияти бавуҷудоии ҳолатҳои фавқулодаи гуногун дар назар аст мо метавонем ӯро чун бадбахтӣ, бало, мусибат (бедствие) номид ва ба он ҳамчун ба душмани мардуму марзу бум муносибат намуд.

Ҳамин тавр, ки бошад бо он мубориза бояд бурд ва амалисозии мудофиаи шаҳрвандиро ба муқобили он (хавфу хатари ҳолатҳои фавқулода) пурсамартар барпо гардонид.

Мақом ва мавқеи мудофиаи гражданӣ муайянкунандаи ҳолати геосиёсии мамлакат, ҳолати муносибатҳои сиёсӣ бо давлатҳои ҳамсарҳад ва мамлакатҳои бузурги ҷаҳонӣ, сатҳи тараққиёбии иқтисодиёт, доктринаи ҳарбӣ ва сиёсати давлатро дар соҳаи сохтмони ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ муайян менамояд.

Дар Паёми худ Пешвои миллат дар ҳама самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштаанд, ки яке аз он чунин аст: “… кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳилаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд3.

Ин гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳандозии вазифаи асосии мудофиаи гражданӣ, ки муҳофизати аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиию техногенӣ, инчунин ҳангоми амалиётҳои ҷангию истифодаи воситаҳои ҳозиразамони маҳв мебошад, мебинем ва барномаи фанн низ дар ин самти масъули дифовӣ вазифагузориҳо намудааст.

Омӯзиши фанни “Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ” тибқи барнома донишҷӯёнро бо донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ бобати татбиқи масъалаҳои зерин:

– доир ба системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, мақоми идоракунӣ, қувваю воситаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки ҳалли масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ба салоҳияти онҳо марбутанд, бояд, ки шинос созад,

-донишҷӯён доир ба пешгӯи намудану баҳо додани натиҷаҳои имконпазири ҳолатҳои фавқулода, таъмин намудани устувории иншоотҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ вобаста ба вуқӯъ омадани заминҷунбӣ, тармафароӣ, сел, ярч, обхезӣ, сӯхтор ва дигар намудҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, эпидемияҳо ва таҳдидҳои дигари бехатарии миллӣ мансуб донисташуда бояд, ки соҳиби маълумот гарданд,

3 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 [манбаи электронӣ]. URL: http://www..president.tj/node/ (санаи истифодабарӣ: 23.11.2020с.)

-донишҷуён дар бораи тарзи таҳия ва банақшагирию татбиқи тадбирҳои саривақтии ҳифзи аҳолӣ дар шароитҳои ҳолатҳои фавқулода, расонидани кумаки аввалияи тодухтурии тиббӣ ба зарардидагон, тарзҳои истифода бурдани воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва дастаҷамъӣ оид ба омилҳои зараровари воситаҳои ҳозиразамони зарбазананда ва фалокатҳо ҳангоми бартараф сохтани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бояд, ки мусаллаҳ шаванд.

Нишондодҳои ташкилию методии фанн чунин вазифагузорӣ гардидаанд: 4

  • омода намудан ва омӯзонидани донишҷӯён оид ба ҳолатҳои фавқулода ва бароҳмонии мудофиаи гражданӣ, ки яке аз фанҳои асосии таълимии донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба нақшаи таълимӣ чун фанни махсуси интихобӣ (иҷроишаш ҳатмӣ) дохил карда шудааст,
  • ҷараёни таълимӣ, бо дарназардошти вазифаҳои махсуси системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин системаи мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун иншоотҳои иқтисодӣ ҳал шуда, бо истифодаи заминаи таълимӣ бояд ташкил гардад,
  • дар ҷараёни омӯзиш, дар машғулиятҳо ба донишҷӯён моҳияти чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва соҳаи мудофиаи гражданӣ фаҳмонида шавад.
  • Вазифаҳои асосии тайёрӣ ва омӯзиши донишҷӯён оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чунин ифода ёфтаанд:
  •     -ба донишҷӯён омӯзонидани усулҳои ҳимоя аз хатарҳое, ки дар натиҷаи сар задани амалиётҳои ҷангӣ ё оқибатҳои ин амалиётҳо ба вуқӯъ меоянд, тартиби амал мувофиқи бонгҳои хабардоркунӣ;
  •     -ба донишҷӯён омӯзонидани қоидаҳои рафтор, усулҳои асосии ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иҷтисодиёт дар ҳолатҳои фавқулода, қоидаҳои расонидани ёрии аввалини тодухтурии тиббӣ ба осебдидагон, тарзи истифодабарии воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва дастаҷамъӣ;
  • такмили малака оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода;
  • сайқал додани малакаю маҳорат ҷиҳати гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазири аввалиндараҷа;

Такмили малакаву дониши донишҷӯён дар машғулиятҳо, инчунин дохил кардани масъалаҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба барномаи таҷрибаи истеҳсолии пешаздипломӣ бо пешниҳоди кафедраҳо дар якҷоягӣ бо дигар кафедраҳои касбӣ бояд, ки ба роҳ монда шавад.

Таҳияи корҳои дипломӣ ва корҳои курсӣ аз тарафи донишҷӯён дар ҳама самтҳои тараққиёти саноат ва хоҷагии халқ, аз ҷумла устуворгардонии иншоотҳои иқтисодӣ, технологияи муосир, сохтмони иморатҳои маишию маданӣ, роҳҳо, кӯпрукҳо ва ғайра бо назардошту риояи қоидаю усулҳои ҳифзи аҳолӣ ва муҳити ҷаҳони имрӯза сурат гирад.

4 Барномаи таълимии фанни “Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи гражданӣ” барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ-Душанбе, 2018. 44 саҳ.

Истифодаи усулҳои ҳозиразамони ташкили равандҳои таълим ва ба роҳ мондани назорати афзалиятнок оид ба сатҳи дониши донишҷӯён бо гузаронидани як имтиҳони ҷамъбасти ба роҳ монда шудааст,  ва омӯзиши ин фанни самти масъули дифовӣ бо миқдори танҳо 1,5 (яку ним) кредит ё 36 соат (аз он ҷумла 12 соати КМД-кори мустақилонаи донишҷӯ) ба роҳ монда шудаистодааст, ки нокифоягии он дар масъалаҳои ҳаёттаъминнамоии аҳолӣ баръало намудор гардиданаш имконият дорад.

Дар хулоса иброз менамоем, ки паст намудани хавфу хатар ва пурзӯр гардонидани омодагии аҳолӣ, тайёрии рукнҳои давлатдорӣ ва механизми эътиновии мамлакат ба ҳолатҳои фавқулода дар ҷомеъаи соҳибихтиёр ва демократии имрӯзаи мо вазифаест басо пурмасъулу саривақтӣ, ки дар партави иҷроиши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар ҳувайдосози ё такмилдиҳии “маданияти бехатарӣ” ба амал бароварда мешавад.

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 [манбаи электронӣ]. URL: http://www..president.tj/node/ (санаи истифодабарӣ: 23.11.2020с.)

Ссылка на документ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *