ТТЭ ҲНИ ЯКЕ АЗ ШОХАҲОИ ТЕРРОРИЗИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АСТ!

 

Таҳлилҳо собит менамояд, ки ТТЭ ҲНИ яке аз шохаҳои терроризими байналмилалӣ мебошад, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, то мамнӯъ эълон шуданаш дар Тоҷикистон фаъолияти таҳриботӣ бурда, бо аланга додани ҷанги шаҳрандӣ боиси фавти бештар аз саду панҷоҳ ҳазор одамон шудааст. Дар бораи қатлу куштор ва ваҳшонияту ғоратгариҳои роҳбарону масъулини ТТЭ ҲНИ ҳар қадар гӯем ва нависем, боз ҳам кам аст. Зеро ин гурӯҳи девонасиришт ва ноқисулақл барои миллату давлати Тоҷикистон он қадар бадбахтӣ ва бенизомӣ овардаанд, ки хеҷ гоҳ миллат намебахшад ва фаромӯш ҳам нахоҳад кард.

Воқеан яке аз хусусиятҳои асосии гурӯҳҳои террористӣ даҳшатафканию ваҳшониятофариҳо дар ҷомеа аст, ки наҳзатиёни террорист дар иҷрои ин амали номатлуб ва ғайриинсонӣ фаъоланд. Инчунин, хусусияти ягона доштани ТТЭ ҲНИ бо аксарияти ташкилотҳои террористии маҳзабӣ ба монанди ДИИШ ва амсоли ин, пеш аз ҳама, аз даъвоҳои бунёди онҳо сарчашма мегирад. Аз ин ҷост, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ чандин борҳо аз минбарҳои баланд фаъолияти дигар гурӯҳҳои террористиро дар ин ва ё он минтақа дастгирӣ намуда, бо онҳо пинҳонӣ ҳамкориҳои дуҷониба доштанд. Масалан, М.Кабирӣ – роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ чанд бор  “Ихвон-ул-муслимин“-ро  ҳимоя карда, илова бар ин, аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват карда буд, ки онро ба расмият шиносад.

Имрӯз роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, худро ҳамчун “ҳомии демокаратия ва озодӣ” дар кишвар баён сохта, бо ин роҳ, боз ба муқобили миллату меҳан, барои ба даст оавардани манфиатҳои сиёсии худ кӯшиш намуда истодааст. Бинобар ин, муқовимат бар терроризм, аз ҷумла ба тамоми аъзо, пайравон ва мубаллиғони ТТЭ ҲНИ, яке аз самтҳои асосии тваъмини амнияти миллии кишвар ба шумор меравад. Зеро Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон мебарад.

                               ШАРИПОВ А.,

мудири шуъбаи мониторинг

ва назорати сифати таълим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *